Баро ибни Озиб
Намуди зоҳир
| Баро ибни Озиб | |
|---|---|
| | |
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | муҳаддис |
| Таърихи таваллуд: | 600 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 690 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Кишвар: | |
| Эътиқод: | ислом |
| Ҷанг: | |
Абу Умар Баро ибни Озиби Ансорӣ (ар. البراء بن عازب; ?, Мадина — 690-1, Куфа) — яке аз саҳобагони Пайғамбар (с) ва фотеҳони ислом.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз қабилаи Авс буда, қабл аз ҳиҷрати Муҳаммад (с) ба Мадина ба дини ислом гаравида буд. Дар замони ғазваи Хандак 15 сол дошт. Минбаъд ӯ ҳамчун лашкаркаш ба воя расид ва дар ҷангҳои Сиффин, Ҷамал ва муҳорибаи Наҳравон ширкат дошт. Баро ибни Озиб фотеҳи шаҳри Рай ва амири он таъйин шуда буд. Ҳамчунин ӯ дар фатҳи шаҳрҳои Қазвину Занҷон ва Шуштар ширкат доштааст.
Баро ибни Озиб ба муҳаддисӣ низ машғул будааст ва Имом Бухориву Муслим аз ӯ беш аз 300 ҳадис ривоят кардаанд. Баро ибни Озиб охири умри худро дар Куфа гузаронидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- الموسوعة العربية العالمية. النسخة الالکترونية. الریاض، ۲۰۰۴
- Bahramian, Ali; Negahban, Farzin. Al-Barāʾ b. ʿĀzib // Encyclopaedia Islamica / Editors-in-Chief: Wilferd Madelung and, Farhad Daftary. — Brill.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баро ибни Озиб // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.