Барӯйхатгирии аҳолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барӯйхатгирии аҳолӣ, саршуморӣ (форсӣ: سرشماری‎) — равиши ҷамъ намудани маълумоти омории якдафъаина ва ё ҳар сари чанд вақт махсус ташкилкардашуда, ки дар замони муайян аз рӯйи барнома ва усули ягона дар тамоми ҳудуди мамлакат сурат мегирад. Барӯйхатгирии аҳолӣ мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморист, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ (дар давраи муайян) ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбаст мешавад.

Тарзҳои барӯйхатгирӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тарзҳои барӯйхатгирии аҳолии умумӣ, ба тариқи мунтахаб ё ба ҳам омадани принсипҳои ҳар ду шакл будан метавонад. Ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ зимни маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, маълумот оид ба сокинони мамлакат (ё ноҳияҳои алоҳида), инчунин соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Маълумот мувофиқи саволҳои дар бораи аҳолӣ пешакӣ тайёркардашуда ҷамъ карда мешавад. Барӯйхатгирии аҳолиро гурӯҳи шаҳрвандон, ки омӯзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, баргузор ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд. Дар равиши барӯйхатгирии аҳолӣ маҷмӯи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни барӯйхатгирии аҳолӣ истифода бурда мешаванд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ — қисми муҳимми таркибии ҷараёни банақшагирии барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки имкони санҷидани ҳама ҷабҳаҳои барномаи ин маъракаро то баргузории барӯйхатгирии асосӣ таъмин намуда, ба ин васила кори беист ва муваффақияти баргузории барӯйхатгирии аҳолиро муҳайё менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.7.2010, № 635). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ба КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Мақсади барӯйхатгирии аҳолии дастрас намудани маълумот (ғайри маълумот дар бораи аҳолӣ) барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, доир кардани таҳқиқоти илмӣ мебошад. Барӯйхатгирии аҳолии бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ба роҳ монда мешавад. Барӯйхатгирии аҳолиро дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

  • асоси илмӣ;
  • даврият;
  • умумият ва якмуддатӣ;
  • махфӣ будани мушаххасоти шахсӣ;
  • дастрас ва ошкоро будани ҷамъбасти он.

Аҳолии Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Барӯйхатгирии аҳолиро на камтар аз як бор дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон доир карда мешавад. Қарор дар бораи баргузории барӯйхатгирии аҳолиро ва муҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол ду дафъа барӯйхатгирии аҳолиро баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20-27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 (тибқи барӯйхатгирии аҳолии пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989—2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст. Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба с. 2000-ум 1438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали с. 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд. Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар с. 2010 нисбат ба с. 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст. Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то с. 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили с. 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]