Басират

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Underlinked


БАСИРÁТ (аз ар. بصیرة – дидан), маърифати ирфоние, ки биниши фаротар аз ақлро қоил буда, объекти бинишро ҳақиқати азалӣ медонад. Маърифати ақлӣ дарки дурусти ашёро бо далелу истидлол тақозо мекунад ва аз ин рӯ, он маърифати илмӣ (улуми табиӣ, риёзӣ, сарфу наҳв ва ғ.) арзёбӣ мешавад, ки тобеи илми мантиқ аст. Вале дар маърифати тасаввуфӣ ё худ Басират танҳо бо ишораву киноя ва суханҳои шабеҳи онҳо, ба мисли фаҳмондани ранг барои шахси нобино, истифода мешаванд. Дониши ақлӣ дар замону макон, дар ҳудуди таҷриду интизои суратҳои зеҳнӣ бо истифода аз ҳисҳои зоҳирию ботинӣ сурат мегирад ва дар он «идрок» матраҳ аст. Дар Басират ҷараёни маърифат фарозамонист ва ҳадафи он «вусул» ба ҳақиқат аст. Аз нукоти боло чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки ду восита ва ду чашм барои маърифати инсон вуҷуд доранд бо ин тафовут, ки чашми Басират аз чашми ақл нуронитар аст, нисбати чашми ақл ба Басират монанди нисбати партави Офтоб ба зоти худи Хуршед аст.

Басират берун аз ақл ба таҷрибаҳои ирфонӣ машғул мешавад ва бо илми мантиқ аслан иртиботе надорад, зеро мантиқ танҳо дар соҳаи фикр инсонро аз хатову иштибоҳ ва инҳирофҳо пешгирӣ мекунад ва барои дарёфти маърифати ирфонӣ ё худ мовароуттабиӣ бесамар аст. Вале бояд қайд кард, ки оё мантиқу ирфон, донишу биниш ва ақлу кашф бо ҳам иртиботе доранд ё не? Посухи ин савол мусбат аст. Аввалан, баъзе орифони варзида чунин ақида доранд, ки инсон бо улуми назарӣ ва камолоти ботинии хеш метавонад ҳақиқати азалиро бевосита дарк кунад. Аз ин ҷиҳат, мас., Шаҳобуддини Суҳравардӣ толибони улуми табиӣ ва илоҳиро ба ҳашт табақа ҷудо намуда, барои ҳар табақа тарзи маърифати хоссеро ихтисос додааст. Табақае, ки худи Суҳравардӣ ба он дохил мешавад, ҳам аз маърифати баҳсӣ ва ҳам аз маърифати кашфию завқӣ ё худ Басират бархурдоранд. Саид Ҷалолуддини Оштиёнӣ вобаста ба ҳамин масъала таъкид мекунад, ки дар маслаки таҳқиқ ва сайри маориф барои касоне, ки бо муаллими башарӣ инояти илоҳӣ эҳтиёҷ доранд, қувваи назарӣ ва илму истидлол метавонад ҳамчун асоси кашфу шуҳуд истифода шавад, яъне олим ба аҳкоми шаръ ва ориф ба мавозини ҳикмати назарӣ шуда, ба илмуляқин ноил гардад ва аз он тавассути аъмоли ақли амалӣ ва тасфияи қалб то ба ҳаққуляқин бирасад. Сониян, агар маърифати ирфонии ҳосила аз Басират ва кашфу шуҳуди ботинӣ фаротар аз амалу андеша бошад, ақл онро метавонад ба тавре ба қаламрави худ ворид кунад, яъне дар дарки куллиёт Басиратро ба худ итлоқ диҳад. Ба қавли Ибни Туркӣ, баъзе аз ҳақиқатҳои пинҳону биззот, ки бевосита барои ақл қобили «вусул» нестанд, ақл онҳоро бо ёрии қувваи дигаре, ки аз худи ақл шарифтар аст, дармеёбад ва баъд аз вусул ба воситаи ин қувва дар дасти ақлу андеша қа¬рор медиҳад.

Нигигар. низ Ваҳдати вуҷуд, Ваҳдати шуҳуд, Кашф.

Адабиёт[вироиш]

نصر سید حسین. معرفت امر قدسی. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش؛ همو. دین و نظام طبیعت. تهران، ۱۳۸۴ هـ. ش؛ بثربی سید یحیی. فلسفۀ عرفان. قم، ۱۳۷۷ هـ. ش М. Ҳазратқулов.

Манбаъ[вироиш]