Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Басомади вохӯрии ҳарфҳои тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ дар осори шоирону нависандагони форсу тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар рафти тадқиқотҳо дар достонҳои назмию насрии шоиру нависандагони тоҷику форс басомади такроршавии алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд, ки бояд дар байни асарҳои муаллифон фарқият ёфта шавад, аммо натиҷаи дигар ба даст омад. Яъне дар назар дошта шуда буд, ки агар такроршавии алифбои тоҷикӣ дар матнҳои гуногуни адибон ҳисоб карда шавад, қиматҳои гуногун мебароянд, вале дар натиҷа қиматҳои баровардашуда, бо ҳам хеле наздик ва монанд буданд. Баъди чунин натиҷа барорӣ, барои муайян кардани ҳаққонияти ин нишондиҳандаҳои басомади такроршавӣ ҳам асарҳои насрӣ ва ҳам асарҳои назмӣ дида шуд. На танҳо асарҳои адибони классик, балки асарҳои шоирону нависандагони муосир низ ҳисоб карда шуд, ки боз монандии наздик ва вобастагии зич байни коэффитсиентҳо маълум гардид.

Барои тадқиқот, чунин асарҳои шоирону нависандагон гирифта шуд, ки бо воҳиди ченакашон дар кило байтҳо (Кб) ва дар шеърҳо бошад бо миқдори байтҳо (2 — мисраъҳо) оварда шудааст:

Муаллиф Асар Андоза
Абулқосим Фирдавсӣ (достонҳо) «Таҳмурас» 5.58 Кб, 50 байт
«Ҷамшед» 24.1 Кб, 216 байт
«Заҳҳок» 60.3 Кб, 541 байт
«Фаридун» 127 Кб, 1151 байт
«Манучеҳр» 226 Кб, 2028 байт
«Нӯзар» 68.2Кб, 611 байт
«Кайковус» 110 Кб, 992 байт
«Суҳроб» 164 Кб, 1459 байт
«Сиёвуш» 313 Кб, 2764 байт
«Достони ҷанги Рустам бо Аквондев» 26.1 Кб, 232 байт
«Достони Бежан бо Манижа» 149 Кб, 1335 байт
Носири Хусрав (асарҳо) «Саодатнома» 33.4 Кб, 300 байт
«Маснавиҳо» 17.1 Кб, 151 байт
Мирзо Турсунзода «Садои Осиё» 9.89 Кб, 67 байт
Муъмин Қаноат «Масъуднома» 11.3 Кб, 89 байт
«Сурӯши якум» 36 Кб, 323 байт
Лоиқ Шералӣ «Куллиёт» 129.8 Кб, 1131 байт
Садриддин Айнӣ (асари мансур) «Аҳмади Девбанд» 86.2 Кб
«Ғуломон» 383 Кб
Ҷалол Икромӣ (асари мансур) «Ман гунаҳкорам» 666 Кб

Коркарди омории маълумотҳо аз се марҳала иборат аст, ки якум ҳисобкунии басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ (бо ва бе ҳисобгирии фосила), ки дар алоҳидагӣ ин маълумотҳо дар боло оварда шудааст. Дуюм ҳисоб кардани коэффитсиенти муносибати басомади алифбои тоҷикии ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳо ва сеюм тафтиши фарзияҳо барои коэффитсиентҳои муносибати ба даст омада. Ҳамчунин басомади такроршавии алифбои тоҷикӣ ҳам аз рӯи садонокҳо ва ҳам аз рӯи ҳамсадоҳо дар алоҳидагӣ, ҳамчунин дар якҷоягӣ ҳисоб карда шудаанд.

Натиҷаҳои коркардҳои омории маълумотҳо дараҷаи баланди муносибати басомади алифбои тоҷикии ҳамаи мувофиқатии ҷуфтии асарҳоро нишон доданд. Дар байни онҳо қимати минималии коэффитсиенти муносибат, баробари 0,900 ва 0,967, дар байни «Маснавиҳо» — и Носири Хусрав ва «Масъуднома» — и Муъмин Қаноат (бо фосила) ва байни «Масъуднома» — и Муъмин Қаноат ва «Манучеҳр» — и Абулқосим Фирдавсӣ (бе ҳисобгирии фосила) аст. Ҳамчунин ҷоизи қайд аст, ки тафтиши фарзияҳо барои коэффитсиентҳои муносибати низ муҳимиятеро нишон доданд.

Исбот: Басомади аломатҳои алифбои тоҷикӣ (ҳарфҳо бо фосила ва бе фосила) дар асарҳои шоирони классикии адабиёти тоҷику форс, инчунин адибони гуногуни назму насри тоҷик аз мушоҳидаи оморӣ фарқ накунандааст. Аз ҳамин ҷо дарк кардан мумкин аст, ки шоиру нависандагон дар асарҳои худ, аз замони пеш то ҳозир хеле кам калимаҳои навро дохил кардаанд, яъне калимаҳои куҳна бисёртар истифода шудаанд.

Басомади такроршавии ҳарф дар матн намуди калимаҳоро муайян кард, ки калимаҳо дар ҳама давраҳо якхелаанд. Яъне аз рӯи садонок ва ҳамсадоҳое, ки дар калимаҳо меоянд, калимаҳоро аз ҷиҳати оморӣ — математикӣ муайян мекунад, ки дар ҳама давраҳо муносибати зич доранд.

Дар рафти тадқиқотҳо маълумотҳои ҳаҷмашон хурд низ ҳисоб карда шуд, ки аз ҳама маълумоти камтар низ ҳамин хел натиҷаро нишон медиҳад. Басомади алифбои тоҷикӣ байни худ мувофиқ меоянд, инчунин коэффитсиенти муносибати зич аст ва фарзияҳо барои натиҷаҳои оморӣ муҳимиятеро нишон доданд, ки ин асарҳои: Абулқосим Фирдавсӣ «Озармдухт» (1.13 Кб, 10 байт), Умари Хайём «Рубоиҳо» (26 Кб, 202 байт) ва Садриддин Айнӣ: Шеърҳо (11.5 Кб, 102 байт) мебошанд. Дар ҳамин ҷо маълум аст, ки барои мо асари зиёдро коркард кардан лозим нест, 10 байт кифоя аст, барои басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикиро ба даст орем. Яъне мо метавонем аз рӯи ҳаҷми хурди маълумот басомади такроршавии алифбои тоҷикиро ҳисоб карда, хоси калимаҳои наву куҳнаашро муайян кунем.

Тадқиқотҳо барои басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дигар ба даст омаданд. Дар матнҳои маҷаллаву рӯзномаҳо миқдори такрорёбии алифбои тоҷикӣ дигар натиҷаро нишон доданд. Фоизнокии нишондиҳандаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, аз асарҳои адибони классику муосир фарқкунанда баромад.

Ин натиҷаҳо онро мефаҳмонад, ки калимаҳои нави бегона, калимаҳо тарҷумашудаи хоси забони тоҷикӣ набуда, калимаҳои нави пайдо шуда ва ё ин ки калимаҳои замонавӣ бисёртар ба газетаҳо ва маҷаллаҳо дохил шудаанд, онҳо калимаҳои хоси забони тоҷикиро ба як миқдори муайян аз даст додаанд, зеро истифодаи дигар калимаҳо миқдори муайяни фоизнокии фарқкунандаро дар калимаҳо каме бисёртар нишон дод.

Хулоса: Тадқиқотҳои аввалин барои ҳисоби басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ дар кори зерин[1] оварда шудааст, лекин боз дар тадқиқоти дигар муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ дар асарҳои классикон ва асарҳои адибони муосир аз мушоҳидаи оморӣ фарқ накунандааст[2],[3]. Ҳисоби миёнаи маълумот ба як ҳарфи алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд. Аз рӯи ин ҳисобҳо дар оянда тағйирёбии зуҳуроти калимаҳои нави забони тоҷикиро муайян кардан осон хоҳад гашт.

Ин комёбӣ ва дастовардҳо бо роҳбарии Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Хуршед Худойбердиев, номзади илмҳои физика ва математика ба даст омадааст.

Омории басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омории басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ бе ҳисобгирии фосила (пробел):

рутбаҳарфистифодабарӣбасомадмаводи иттилоотӣ
1А 1958360,1650,429
2О 1000380,0840,301
3Р 870840,0740,277
4И 869910,0730,277
5Н 810610,0680,265
6Д 801820,0680,263
7У 552820,0470,206
8Б 527170,0450,200
9М 496750,0420,192
10Т 423250,0360,172
11С 323920,0270,142
12К 321050,0270,141
13Ш 308610,0260,137
14Ҳ 301750,0250,135
15З 288350,0240,131
16Е 252840,0210,118
17Г 221900,0190,108
18В 187550,0160,095
19Х 182480,0150,093
20Л 146940,0120,079
21Ӯ 139670,0120,076
22Ф 129760,0110,071
23П 124250,0100,069
24Ч 100000,0080,058
25Ҷ 87480,0070,052
26Й 84470,0070,051
27Ӣ 78740,0070,048
28Я 68700,0060,043
29Ё 64540,0050,041
30Қ 46500,0040,031
31Ғ 27340,0020,020
32Э 15030,0010,012
33Ъ 14880,0010,012
34Ж 8670,0010,008
35Ю 5740,0000,005
Сумма 118430714,36

Омории басомади вохӯрии алифбои тоҷикӣ бо ҳисобгирии фосила (пробел):

рутбаҳарфистифодабарӣбасомадмаводи иттилоотӣ
1Пробел 2659830,1830,449
2А 1958360,1350,390
3О 1000380,0690,266
4Р 870840,0600,244
5И 869910,0600,243
6Н 810610,0560,233
7Д 801820,0550,231
8У 552820,0380,180
9Б 527170,0360,174
10М 496750,0340,167
11Т 423250,0290,149
12С 323920,0220,122
13К 321050,0220,122
14Ш 308610,0210,118
15Ҳ 301750,0210,116
16З 288350,0200,112
17Е 252840,0170,102
18Г 221900,0150,092
19В 187550,0130,081
20Х 182480,0130,079
21Л 146940,0100,067
22Ӯ 139670,0100,065
23Ф 129760,0090,061
24П 124250,0090,059
25Ч 100000,0070,050
26Ҷ 87480,0060,044
27Й 84470,0060,043
28Ӣ 78740,0050,041
29Я 68700,0050,037
30Ё 64540,0040,035
31Қ 46500,0030,027
32Ғ 27340,0020,017
33Э 15030,0010,010
34Ъ 14880,0010,010
35Ж 8670,0010,006
36Ю 5740,0000,004
Сумма 145029014,25
  1. ↑ Усманов З. Д., Солиев О. М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре — Душанбе: Ирфон, 2010, — 104 с.
  2. ↑ Усманов З. Д., Косимов А. А. Частотность букв таджикской литературы — Доклады Академии наук Республики Таджикистан, 2015, т.58, № 2, соли 112—115
  3. ↑ Қосимов А. А. Басомади такроршавии ҳарфҳои адабиёти тоҷик — Маҷаллаи «Шафақ», Нашрияи Кумиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 24.11.2015, № 21, соли 2.