Батиский, Павел Фёдорович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Батиский, Павел Фёдорович
БАТЍСКИЙ Павел Фёдорович
Сурат
Таърихи таваллуд 27 июн 1910(1910-06-27)[1][2]
Зодгоҳ Харков
Таърихи даргузашт 17 феврал 1984(1984-02-17)[1][2] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, ходими низомӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр Order of the Red Banner Ордени Кутузов дараҷаи I Order of Suvorov, 2nd class Order of Kutuzov, 2nd class Order "For Service to the Homeland in the Armed Forces of the USSR", 3rd class Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Victory over Japan" Medal "For the Capture of Berlin" Medal "For the Liberation of Warsaw" Medal "For the Liberation of Prague" Medal "Veteran of the Armed Forces of the USSR" Medal "For Strengthening of Brotherhood in Arms" Patriotic Order of Merit in gold Order of Klement Gottwald
Commons-logo.svg Батиский, Павел Фёдорович дар Викианбор

БАТЍСКИЙ Павел Фёдорович (27.6.1910–17.2.1984), ходими ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1968). Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).

Зиндагинома[вироиш]

Аз с. 1929 дар хидмати ҳарбӣ. Хатмкардаи мактаби аскарони савора (1929), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1938), Академияи олии ҳарбӣ (1948). То ҶБВ фармондеҳи эскадрон, коргари Ситоди генералӣ ва сардори ситоди бригада ва дивизия буд. Дар солҳои ҶБВ (1941–45) сардори ситоди дивизияи моторикунонида, фармондеҳи собиқ дивизияи тирандозии Ҷабҳаи Шимолу Ғарбӣ (1941–43), аз с. 1943 фармондеҳи корпусҳои тирандозии 73-юм ва 128-уми Воронеж, Степной, 1-ум ва 2-юми Украина, 1-ум ва 3-юми Белоруссия буд ва дар озод кардани Украина, Молдавия, Белоруссия ширкат намуд. Марти 1944 корпуси 128-ум, ки фармондеҳаш Батиский буд, яке аз аввалинҳо шуда сарҳадди Руминияро убур кард. Дар марҳалаи хотимавӣ корпуси Батиский дар торумор кардани лашкари фашистони олмонӣ дар Полша, гирифтани Берлин ва озод намудани Прага фаъолона иштирок намуд. Солҳои 1948–50 сардори ситоди минтақавии мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ (МҲҲ), баъд сардори Сарситоди ҚҲҲ ва ҷонишини 1-уми сарфармондеҳи ҚҲҲ (1950–53), ҷонишини 1-уми фармондеҳи Округи ҳарбии Маскав (1953–54).

Солҳои 1954–65 фармондеҳи қувваҳои МҲҲ-и Округи ҳарбии Маскав, 1965–66 ҷонишини 1-уми сардори Сарситоди ҚМ ИҶШС, 1966–78 сарфармондеҳи қувваҳои МҲҲ, ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС, ҳамзамон фармондеҳи қувваҳои МҲҲ-и Қувваҳои ҳарбии муттаҳида, ҷонишини сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбии муттаҳидаи давлатҳои ширкаткунандаи Шартномаи Варшава. Дар баланд бардоштани тайёрии ҳарбии қувваҳои МҲҲ, бо системаҳои навтарини зенитию ракетӣ ва авиатсияи қиркунанда таҷҳизонидани он саҳми арзанда гузошт. Депутати Шӯроии Олии ИҶШС (даъватҳои 6–9). Бо 3 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 5 ордени Байрақи Сурх, ордени Суворов (дараҷаи 2), ордени Кутузов (дара¬ҷаи 1 ва 2) ва диг. ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт[вироиш]

Батя. К 90-летию с дня рождения Маршала Советского Союза П. Батицкого//Армейский сборник. М., 2000, № 6; Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Find a Grave — 1995.
  2. 2.0 2.1 https://www.tracesofwar.com/persons/39993