Баттони Помпео

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

{{Orphan|date=ноябр 2018

Баттони Помпео
Pompeo Girolamo Battoni
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд соли 1708
Зодгоҳ Лукка
Таърихи даргузашт соли 1787
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) сарояндаи эстрада ва операи рус
Сабк такчеҳра
 Парвандаҳо дар Викианбор

БАТТÓНИ (Bat(t)oni), Батони, Помпео Ҷироламо (1708, Лукка – 1787, Рим), наққоши давраи рококо ва неокласситсизми Итолиё.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Рум дар назди Агостино Мазуччи ва Себястано Конка таълим гирифтааст. Дар баробари наққошии биноҳои классикӣ бештар тасвири ашхоси ғайрибумӣ ва мусофиронро мекашид. Аз ӯ наққошиҳои мазҳабӣ, асотирӣ ва таърихӣ низ ба ҷой мондаанд. Соли 1741 ба узвияти Академияи Лукаи Муқаддас қабул карда шуд. Баттони дар асарҳои худ ба услуби класситсизми муътадили устодони гузашта рӯй овард. Услуби Баттони дар Рум мавқеи пешсафиро касб кард. Ҳунари ӯ бо завқи ҷомеа созгор буд ва аз ҷониби ҳамзамононаш эътироф карда шуд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асарҳои нахустини Баттони («Ҷунуни Екатерина Сиенскаяи муқаддас», 1743; «Мағлубияти Симон Мага», 1755) тамоюл ба услуби барокко эҳсос мешавад. Бо мурури солҳо услуби нигорандагии ӯ тағйир ёфт. Баттони дар асоси Навиштаҷоти муқаддас, таърихи қадим манзараҳои тамсилӣ офарида, дар деворнигорӣ қувваозмоӣ кардааст («Ахилл дар назди духтарони Ликомеда» 1745; «Диана ва Купидон»; «Хонадони муқаддас», 1777; «Геркулес дар дуроҳаи байни Добродетел ва Порок», 1765; «Парҳезгории Сипиони Африқоӣ», 1772 ва ғайра). Дар сужетҳои дорои зерматнҳои тамсилӣ ғояи далерӣ, ғалабаи қарз бар дилбастагии шахсӣ талқин шудааст. «Тарбияи Ахилл», «Фирори Энея ва оилаи ӯ аз Троя», «Мария Магдолина», «Сулҳ ва ҷанг» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои Баттони мебошанд. Баттони чеҳранигори машҳур низ буд. Бештар тасвири шахсиятҳои маъруфро мекашид. («Тасвири император Иосифи II ва бародари ӯ Леополд Тосканский», «Тасвири маркиз Ҷон Монтермер», «Тасвири ҷавонмард», «Тасвири Папа Пияи VI» ва ғайра). Эҷодиёти Баттони оғози ҷараёни нави услуби наққошии аврупоӣ – класситсизми охири садаи 18 буд. Ба туфайли ҳунари ӯ зоҳирпарастии аз ҳад зиёд, ки ба садаи 17 хос буд, аз байн рафт.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://www.kulturarv.dk/kid/VisKunstner.do?kunstnerId=1344