Бауман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бауман
Сурат
Санаи таваллуд:

17 май 1873(1873-05-17)

Мамлакат:
Санаи марг:

31 октябр 1905(1905-10-31) (32 сол)

Commons-logo.svg Бауман дар Викианбор

БÁУМАН Николай Эрнестович (тахаллуси ҳизбиаш Грач, Полетаев, Сарафский, Сорокин) (29.5.1873, Қазон – 31.10.1905, Маскав), инқилобгар ва арбоби ҳизби болшевикӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи дуредгар. Соли 1895 Институти ветеренарияи Қазонро хатм кард. Фаъолияти инқилобии ӯ солҳои 90 а. 19 дар Қазон оғоз ёфт. Солҳои 1896–97 узви «Институти ¬фоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар»-и Петербург буд. Аз марти 1897, 22 моҳ дар қалъаи Петропавловск маҳбус буд ва с. 1899 ба губ. Вятка ба муддати 4 сол бадарға гардид. Окт. 1899 аз бадарға гурехта, ба Швейтсария рафт ва узви гурӯҳи «Иттифоқи сотсиал-демократҳои рус дар хориҷа» гардид. Соли 1900 Бауман дар ташкил кардани г. «Искра» яке аз наздиктарин ва фаъолтарин ёварони В. И. Ленин буд. Декабри 1901 Бауманро ҳамчун муҳаррири «Искра» ба Маскав фиристоданд ва ӯ узви Комитети маскавии РСДРП шуд. Дар Съезди 2-юми РСДРП (1903) вакили ташкилоти ҳизбии Маскав буд ва роҳи лениниро устуворона ҳимоя кард. Декабри 1903 роҳбари ташкилоти ҳизбии болшевикони Маскав, Бюрои Шим. КМ РСДРП буд. Дар хонааш пинҳонӣ матбаа кушод. Октябри 1905 Бауман ҳангоми намоиши ташкилкардаи Комитети маскавии РСДРП аз тарафи сиёҳгурӯҳе, ки агенти шуъбаи хуфя (охранка)-и мутлақият буд, ваҳшиёна кушта шуд.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2