Бауэр, Бруно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бауэр, Бруно
БÁУЭР (Bauez) Бруно
Сурат
Навъи фаъолият:

файласуф, илоҳиётшинос, муаррих

Таърихи таваллуд:

13 апрел 1882(1882-04-13)

Зодгоҳ:

Айзенберг

Кишвар:
Таърихи даргузашт:

13 апрел 1882(1882-04-13)

Маҳалли марг:
Commons-logo.svg Бауэр, Бруно дар Викианбор

БÁУЭР (Bauez) Бруно (6.9.1809, Айзенберг – 13.4.1882, Риксдорф), файласуфи олмонӣ, аз ҷавонгегелиён.

Зиндагинома[вироиш]

Идеяи мутлақи Гегелро напазируфта, худшиносиро ба дараҷаи мутлақ бардошт; фаъолияти фикрии «ашхоси нақдбин»-ро қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих мепиндошт. Дар баъзе ҳаҷвияҳояш Гегелро атеист ва инқилобгар қаламдод кард. Нисбат ба Штраус Инҷилро сахттар танқид намуд. Шахси таърихӣ будани Исои Масеҳро рад кард. К. Маркс ва Ф. Энгелс дар «Хонадони валиён» ва «Идеологияи олмонӣ» идеализми субъективӣ ва миллатпарастии Бауэрро танқид кардаанд. Баъди с. 1848 Бауэр ба майлони рост гузашт ва дар охири умраш тарафдори рейхканслери Олмон О. Бисмарк шуд.

Сарчашма[вироиш]