Бахотиргирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАХОТИРГИРӢ, мустаҳкам намудани образ, таассурот ва мафҳумҳое, ки дар натиҷаи таъсири ашё ва ҳодисаҳои рухдода дар ҷараёни эҳсос, идрок ва тафаккур пайдо мешаванд. Вобаста ба хусусият ва воситаҳо Бахотиргирӣ ихтиёрӣ ва беихтиёр мешавад. Бахотиргириӣ ихтиёрӣ мақсаднок аст, чунки шахс, одатан, пешакӣ дар назди худ барои ба хотир гирифтани ин ё он образ вазифа мегузорад, роҳу воситаҳои ба хотир гирифтани ашё ва воқеаҳои идрокшавандаро истифода мебарад.
Бахотиргириӣ ихтиёрӣ фаъолияти фикрии махсус ва мураккабро талаб мекунад. Барои тамоми фаъолияти Бахотиргириӣ ихтиёрӣ гузоштани мақсаду вазифаи муайян дар назди худ аҳаммияти зиёд дорад. Бахотиргириӣ беихтиёр равандест, ки бе ҳеч мақсади пешакӣ, бе интихоби қаблӣ, бидуни корбасти ин ё он усулу воситаҳои Бахотиргирӣ рӯй медиҳад. Вобаста ба хусусияти алоқаҳое, ки байни қисмҳои мавод ва донишҳои пеш андӯхта ба вуҷуд меояд, ду усули Бахотиргириро фарқ мекунанд: механикӣ ва маъноӣ. Бахотиргириӣ механикӣ дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки одам байни қисмҳои алоҳидаи мавод алоқаҳои мантиқиро пайдо карда натавонад. Бахотиргириӣ механикӣ асосан ба алоқаҳои муваққатии ҷудогонаву алоҳидае такя мекунад, ки бештар пайдарпайии зоҳирии ҳодисаҳоро инъикос менамоянд. Бахотиргириӣ маъноӣ фаҳмидани маъноро авло мешуморад. Он ба ассотсиатсияҳои (алоқа) умумии ҷамъбаст ва ба тартиб даровардашудае такя мекунад, ки ҷиҳатҳои муҳимми алоқаи ашёву ҳодисаҳоро инъикос менамоянд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

/ М. Давлатов.
  • Блонский П. П. Память и мышление. Москва, 1979;
  • Қодиров Б., Давлатов М., Расулов С. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Душанбе, 2009;
  • Психология, Душанбе., 2010.