Бахотироварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАХОТИРОВАРӢ, раванди хотир, ки дар натиҷаи он тақвиятбахшии мазмуни пеш мустаҳкамгардидаи психика бо роҳи ҷудо кардани он аз хотири дарозмуддат ва гузарондан ба хотири фаврӣ рӯй медиҳад. Бахотироварӣ аз шинохтан фарқ мекунад, зеро шинохтан бештар ба аз нав дарк кардани чизи дар гузашта идрокшуда такя мекунад. Бахотироварӣ дар шахс бе такроран дарк кардани ашё ё ҳодиса ба амал меояд. Асосҳои физиологии Бахотировариро алоқаи муваққатии пешакии дар қишри майнаи сар бавуҷудомада ташкил медиҳад.

Бахотироварӣ беихтиёр ва ихтиёрӣ мешавад. Бахотироварии беихтиёр бе мақсади муайяни дар пеш гузошташуда рӯй медиҳад. Шахс дар ин маврид дар назди шуури худ вазифаи аз нав ба хотир овардани ашёи муайянро намегузорад. Дар бисёр ҳолатҳо Бахотироварии беихтиёр дар натиҷаи пайдо шудани ассотсиатсияҳо (алоқа) ё дарки беихтиёри ашё сурат мегирад. Аммо Бахотироварии ихтиёрӣ ба вазифа ва мақсади муайяни бошуурона гузошташуда вобаста аст. Бахотироварӣ вобаста ба мақсади гузошташуда табиати интихобӣ пайдо мекунад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Блонский П. П. Память и мышление. М., 1979; Қодиров Б., Давлатов М., Расулов С. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти пси¬хологӣ ва педагогӣ. Д., 2009;

Психология. Д., 2010.

  • М. Давлатов.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]