Бахтиёриҳа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

БАХТИЁРИҲÁ (порсӣ:بختیاریها) мардуме аз гурӯҳҳои кӯчии лурзабони ҷануби ғарбии Эрон, ки акнун қисми бештарини онҳо дар нуқтаҳои айлоқӣ ва қишлоқӣ муқимӣ шудаанд. Шумораи умумии аҳолӣ дар ибтидои а. 21 бештар аз 1 млн нафар аст. Бахтиёриҳо дар майдони 7500 км2 байни Исфаҳону Хузистон маскун шудаанд, ки ҷойи сукунаташон аз Шим. ба Луристон, аз Ш. бо Исфаҳон, аз Ғ. ба дашти Хузистон ҳаммарз аст. Иттиҳоди ақвому қабоили Бахтиёриҳо тақр. дар асрҳои 12–13 сурат гирифтааст. Аз а. 18 комилан ба ҳайати Форс дохил шуданд. Тартиби иҷтимоӣ ва муқаррароти табақавии Бахтиёриҳо бар асоси силсилаи маротиб ва низоми муайяни хонаводагӣ сурат гирифтааст. Эли Бахтиёриҳоро элхон раҳбарӣ менамуд, вале баъдҳо давлат чунин унвонро бекор кард.

Кӯчиёни ҳар тоифаи Бахтиёриҳо чарогоҳҳои тобистонию зимистонӣ доранд. Қабл аз инқилоби исломӣ сарварии ҳар як тоифаро 14 нафар аз обрӯмандони қабила (ба номи «калонтар») ба уҳда доштанд. Минбаъд тадриҷан қудрати калонтарҳо ҳам аз байн рафт. Аввалҳо номи ниёии гурӯҳҳои Бахтиёриҳо ба унвони авлод маъруф буд, вале баъдҳо аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ авлод ба чандин хонавор тақсим шуд, ки онро баъдтар пас аз ҷорӣ шудани шиноснома «фомил» мегуфтанд. Сарпарасти ҳар хонавода «раис» ном дошт. Тақсимоти хонаворӣ аз замони сафавиён роиҷ шуд.

Хонҳои бахтёрӣ ҳама аз як насланд ва дорои қудрату сарвати фаровон буданд ва муҳимтар аз ҳама дастгоҳи муқтадири идорие доштанд, ки гурӯҳи муҳофизон, саворони мусаллаҳ, муншиён, муставфиён ва диг. коргузорон дошт. Гурӯҳбандии дигари Бахтиёриҳо бар асоси машғулияти онҳост. Гурӯҳҳои кӯчӣ қисме чорводорону зироаткоронанд ва бархе созандагону навозандагон, кулоҳбофҳо ва намадмолон.

Бахтиёриҳо, азбаски аксаран мардуми кӯчӣ ҳастанд, ба манзили будубоши сабук ва мутаҳаррик ниёз доштанд. Маъмулан масканашон баҳун – чодари сиёҳи аз мӯинаи буз бофташуда буд. Мардуме, ки дар навоҳии гармсер зиндагӣ доранд, хонаҳои собит сохтаанд; инҳо «капр»-ҳо – заминканҳо бо сақфи чӯбӣ ё найӣ, «лир»-ҳо – хонаҳои сангини хушкадевор ва «ту»-ҳо – хонаҳои киштиву гилӣ мебошанд.

Хӯрданиҳои Бахтиёриҳо хӯрокҳои суннатӣ – анъанавистанд. Дар давоми кӯч хӯрокашон нон, пиёз, нону обкашк, нону обтуршӣ, нону мост аст. Бахтиёриҳо хӯрокиҳои гӯштдорро хеле кам мехӯранд, танҳо дар маросимҳову муносибатҳои мушаххас гӯштро истифода мебаранд.

Пӯшоки мардон иборат аст аз кулоҳи сиёҳи намадӣ, тамбуни (шалвор) сиёҳранги почакушод ва пироҳану «чавқо» (болопӯши беостин). Баъзеҳо шолеро ҳам ба камар мебанданд ва геваи маликӣ (пойафзор) ба пой мекунанд. Либоси занон аз тӯри сар, кулут (дастмояи тираранг барои пешонӣ), пироҳан, шулор (доманҳои васеи чиндор) ва гева иборат аст.

Адабиёт[вироиш]

اسکندربیک منشی.عالم آرای عباسی. تهران، ۱۳۵۰ هـ. ش.؛ معین الدین نتنبی. منتخب التواریخ. تهران، ۱۳۳۶ هـ. ش.؛ دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۲. تهران، ۲۰۰۳ 

Манбаъ[вироиш]

  • Б. Раҳматов.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2