Бахтиёрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАХТИЁРӢ, навъи ангури маҳаллии қадимӣ; селексияи халқист. Токаш зудсабз, 24–27 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ, баъди 2–3 соли шинондани ниҳолаш самар меорад. Баргаш мудаввар (дарозиаш 18–21 см, бараш 19,5–23 см), 3–5-парраи серчок, чоки байни парраҳояш амиқ, рӯяш суфтаи тӯр-тӯр, канорҳояш новашакл. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон (дарозиаш 27–34 см, бараш 14–18 см, вазнаш 470–572 г), махрутшакл; шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш (вазни 100-тоаш 38–366 г) миёнаҳаҷм (андозааш 21×17 мм), лӯнда, сабзи зардча ё сафеди сабзтоб, 2–3 дона тухми калон дорад; ғужмаш тунук ва мустаҳкам. Ҳангоми пурра пухтан дар таркибаш 18–20% қанд ва 4,6–6,5 г/л туршӣ мавҷуд аст. Давраи нашваш 145–155 рӯз; нимаи авв. май гул карда, авв. сент. мепазад. Дар шароити обу ҳавои Тоҷикистон аз ҳар га то 140–180 сентнер ҳосил мегиранд. Ҳосилашро тару тоза истеъ¬мол мекунанд, барои тайёр кардани афшура ва шароб кор мефармоянд. Ангури Бахтиёриро то зимистон (январ–феврал) нигоҳ доштан мумкин аст. Бахтиёрӣ дар заминҳои лалмӣ, заҳзамин ва шӯрхок низ месабзад. Он солҳои 1940–60 ба гурӯҳи навъҳои стандартии Тоҷикистон дохил буд. Бештар дар ноҳияи Панҷакент, Истаравшан, водии Ҳисор ва вил. Самарқанди Ӯзбекистон парвариш меёбад. Аз касалии гарда ва баргпечаки хӯшаи ток зарар мебинад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҷабов Қ. Маълумотномаи токпарвар. Д., 1986; Кирил¬лов И. Ф. (ва диг.) Виноградарство Таджикстана. Д., 1969;

Ам¬пелография Узбекистана, Ташкент, 1984; Маҳмадқулов Х. М., Гулов С. М., Урунов Ф. У., Навъшиносии ангур, Д., 2003.

  • Ҳ. Маҳмадқулов.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]