Бачаҳои ноқис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бачаҳои ноқис, бачаҳои аномалӣ — бачаҳои аз ҷиҳати инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ нуқсондор, ки тарбия ва таълими махсус талаб мекунанд. Навъҳои нуқсонҳо кӯрӣ, карӣ, кару гунгӣ, қафомонӣ аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ ва ғ. мебошанд. Дар Тоҷикистон бачаҳои ноқиси синни мактабӣ дар мактабҳои махсус таҳсил мекунанд (ба истиснои бачаҳои ба касалии рӯҳӣ гирифтор, ки дар касалхонаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд). Бачаҳои ноқиси дар ин мактабҳо маълумот ва тарбияи меҳнатӣ гирифта, ба фаъолияти мустақили фоиданок тайёр мешаванд. Сабаби ноқисии бачаҳо ирсият ва касалиҳои гуногуни сирояткунанда аз қабили махмалак (скарлатин), варами майна (энсифалит), илтиҳоби пардаҳои майна (менингит), варами ҳароммағз (полиомиелит) ва ғ. мебошанд, ки кӯдак аз сар гузарондааст. Инкишоф ва тарбияи бачаҳои ноқисро дефектология меомӯзад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988.