Jump to content

Баян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баян

Баян (аз номи ҳофизи қадими рус баян ё боян) — сози мусиқии бодии клавишдор барои оҳангҳои басӣ-аккордӣ.

Тимсол ва шакли ибтидоии баян гармоникаи чорқатораи петербургӣ буд. Номи баян нахуст соли 1903 пайдо шуд. Баъдтар соли 1907 аз тарафи усто П. Е. Стерлингов бо дархости машшоқ Я. Ф. Оланский-Титаренко баяни 4-қатора сохта шуд. Ин баян бо номи баяни петербургӣ маъмул гардид, вале баъдтар Баяни навъи москвагӣ шуҳрати умум пайдо кард. Баян аз 2 қуттии бо дам ба якдигар пайвастшуда иборат буда, ҳар кадоми онҳо дорои регистри овозии тугмачадоранд.

Тугмачаҳои (клавиатураи) дасти чоп дар 5 қатор ҷойгир шудаанд: ду қатори аввал дорои садои басӣ, қатори сеюм — сеовозагиҳои мажорӣ, чорум — сеовозагиҳои минорӣ ва панҷум дорои доминантсептаккордҳо мебошанд. Дар баъзе баянҳо қатори 6-ум низ вуҷуд дорад, ки дар он аккордҳои косташуда (хурдшуда) ҷойгиранд. Баъди якчанд маротиба такмил ёфтан, ду навъи баян писанди навозандагон гардидааст: «готовый» — бо аккорду аккомпонемент ва «выборный» (соли 1951 дар Русия ихтироъ шудааст) — бе аккордҳо бо ғаммаҳои пурраи хроматикӣ дар басҳо. Баян бо ду даст навохта мешавад ва нотаҳояш низ дар 2 хати нотагоҳ бо ду калид (скрипка ва бас) сабт карда мешаванд. Диапазони дасти рости Баян аз «ля»-и октаваи калон то «сол»-и октаваи чорумро дар бар мегирад. Дар партияи дасти чап аломатҳои шартӣ бо ҳарф ва раам ишора карда шудаанд:

  • Б — сеовозаи калон (мажорӣ);
  • М — сеовозаи хурд (минорӣ);
  • 7 — доминантсептаккордҳо.

Баян инчунин дорои як қатор калидҳои регистрии овозӣ мебошад, ки бо зер кардани ҳар яки онҳо лаҳни садо дигар мешавад. Баян сози мусиқии маъмулу машҳуртарини мардуми рус буда, на танҳо чун сози мусиқии якканавозист, балки дар консерт ва оркестрҳо низ истифода мешавад.

Баян дар Тоҷикистон низ маъмул буда, тахминан с-ҳои 40 — 50 садаи XX дар сар то сари ҷумҳурӣ паҳн гардидааст. Баян дар мактабу коллеҷҳои мусиқӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода омӯзонда мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Должанский А.. Краткий музыкальный словарь. Л, 1964;
  • Музыкальный энциклопедический словарь. М., 1990.