Баёнии Астарободӣ
Намуди зоҳирӣ
Баёнии Астарободӣ |
|---|
Баёнии Астарободӣ (ар. بیانئ استرآبادی; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Астаробод касби камол намуд. Мувофиқи маълумоти «Туҳфаи Сомӣ» «ба раммолӣ иштиғол дошт ва дар шеър табъаш хуб воқеъ шуда». Намунаи ками ашъораш боқист. Ин байт аз ӯст:
Рафт дар хиргаҳ маҳи ман, мурғи дил ҳайрон бимонд,
Шамъ дар фонус шуд, парвона саргардон бимонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баёнии Астарободӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Каримов У. Литературно-исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века. Д., 2000.