Баёния (фирқаи шиа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баёния (форсӣ: بیانیه‎), баннония — яке аз фирқаҳои ғулоти шиа, ки муассисаш Баён ибни Самъони Тамимӣ (вафот 727) мебошад.

Ӯ дар ибтидо пайраву ҷонишини Абуҳошим Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Ҳанафия буд, вале баъдтар раъйашро тағйир дода, тарафдори пайравони Алӣ шуд. Баён ибни Самъон барои асоснок намудани таълимоташ ва инкишофи он кӯшиши бисёре ба харҷ дод ва тарафдорон пайдо кард. Волии Ироқ Холид ибни Абдуллоҳи Қасрӣ, Баён ва як гурӯҳ пайравони ӯро дастгир намуда, дар масҷиди Куфа ба муҳокима кашид ва онҳоро ба куфр айбдор карда, сӯзонд. Мувофиқи таълимоти пайравони баёния имомат аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ба писараш Абуҳошим ва бо васияти Абуҳошим ба Баён ибни Самъон гузаштааст. Баён муътақид буд, ки ба Алӣ нури илоҳӣ русух карда ва ба ҷисмаш пайвастааст. Аз ин рӯ, ӯ на фақат аз асрори олам бохабар буд, балки маҳз ба туфайли ҳамин отифаи шарифи илоҳӣ дар колбадаш дар муҳориба бо кофирон нусрату зафар ёфтааст.

Баён иддао дошт, ки ҷузъи илоҳӣ дар шакли таносухи нафс дар ӯ мансух аст ва ӯ ҳуқуқи имом ва халифа шуданро дорад. Ҳатто таъкид мекард, ки номаш ҳам дар Қуръон дар ибораи «ҳаза баён линнос»… (Сураи Оли Имрон, ояти 138) омадааст. Ба фикри ӯ маҳз ба туфайли русухи нури илоҳӣ ба ҳазрати Одам малоика ба ӯ таъзим мекарданд. Баён Худоро шабеҳи инсон шумурда, ҳамаи узвҳои ӯро ба ҷуз ваҷҳ фонӣ меҳисобид. Пайравонаш минбаъд ӯро пайғамбар медонистанд ва гурӯҳи дигар ба ҳулули рӯҳи илоҳӣ дар ӯ бовар доштанд.

Дар «Ал-милал ва-н-ниҳал» Муҳаммади Шаҳристонӣ баёнияро фирқаи ғайриисломӣ пиндошта, дар он мавҷудияти тасаввуроти қадима ва унсурҳои динии тоисломӣ, махсусан монавияро зикр кардааст. Баёния ҳоло ҳамчун фирқаи мустақили динӣ фаъолият надорад, вале баъзе нуктаҳои таълимоташ (таносух, раҷъат) дар шиа (имомияи исноашария) ба назар мерасад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳазратӣ М., Саидиён И. Ислом. Равия, мазҳаб ва фирқаҳои он. Д., 1992;
  • علی اسغر حلبی. تاریخ علوم کلام در ایران و جهان اسلام. تهران، ۱۳۷۶

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]