Баёнот (санади ҳуқуқӣ)
Баёнот — санадест, ки мазмуни нуктаҳои алоҳидаи санади асосӣ (нақша, ҳисобот, лоиҳа)-ро маънидод мекунад ва ё сабабҳои ягон ҳодиса, рӯйдод ё амалро бо далелу бурҳони шайъӣ мефаҳмонад.
Баёноти ҳуқуқӣ, ки аз тарафи шахсони масъули мақомоти ҳуқуқӣ талаб карда мешавад, чанд навъ буда, вобаста ба ҳолатҳои марбута шаклҳои гуногуни он барои ошкор кардани баъзе нуктаҳои амалиёти тафтишотӣ тартиб дода мешаванд. Дар навбати аввал баёнот (нишондод)-и айбдоршаванда, судшаванда, тарафҳо ва шахси сеюм – айбдоршаванда дар мурофиаи ҷиноятӣ аз шахсе талаб карда мешавад, ки мақомоти таҳқиқ, тафтиш, прокуратура дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ҳамчун айбдоршаванда қарор баровардаанд. Айбдоршаванда ҳақ дорад оид ба айби эълоншуда баёнот диҳад. Додани баёнот барои айбдоршаванда кафолати ҳуқуқии ҳимояи манфиатҳои ӯ мебошад. Баёнот додан ҳуқуқи ӯ аст. Айбдоршаванда метавонад баёнот надиҳад. Дар ин бора муфаттиш, шахси таҳқиқкунанда наметавонанд ба ӯ фишор оварад ва ё воситаҳои ғайриқонуниро истифода барад. Айбдоршаванда ҳақ дорад дар хусуси айби ба ӯ эълонкардашуда, инчунин дар хусуси ҳолатҳои дигар кор, ки ба ӯ маълуманд, баёнот диҳад, арз намояд ва хоҳишҳо кунаду далелҳо пешкаш намояд. Баёноти ӯ дар тафтишоти судӣ низ шунида мешавад. Дар маҷлиси судӣ айбдоршаванда на танҳо оид ба айби эълоншуда баёнот медиҳад, балки ҳамчун ширкаткунандаи мурофиа дар тадқиқи далелҳо фаъолона иштирок мекунад. Баёноти тарафҳо ва шахси сеюм дар бораи ҳолатҳои барояш маълум, ки барои парванда аҳаммият доранд, бояд баробари далелҳои дигар аз рӯйи парвандаи ҷамъгардида маълумот диҳанд ва мувофиқи он ба рафти санҷиш баҳо дода мешавад. Иқроршавии як тараф ба далелҳое, ки онҳоро тарафи дигар ҳамчун асоси талабҳо ё норозигиҳои худ нишон медиҳад, барои суд ҳатмӣ намебошад. Суд далели эътирофшударо ба шарте далели муқарраршуда ҳисоб мекунад, ки вай шубҳа надошта бошад, ки иқроршавӣ ба ҳолатҳои кор мувофиқ аст ва он ба воситаи фишор, таҳдид, гумроҳӣ ё бо мақсади рӯпӯш кардани ҳақиқат ё ба тариқи фиребдиҳӣ ба даст наомадааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.