Гулчеҳра Бақоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бақоева Гулчеҳра)
Гулчеҳра Бақоева
Таърихи таваллуд: 15 декабр 1908(1908-12-15)
Зодгоҳ: Қӯқанд
Таърихи даргузашт 17 март 1975(1975-03-17) (66 сол)
Маҳалли марг: Душанбе
Касб: ҳунарпеша

Гулчеҳра Бақоева (15 декабри 1908, Қӯқанд — 17 марти 1975, Душанбе) — ҳунарпешаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияташ соли 1927 дар театри сайёри Бухоро оғоз ёфта, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ давом мекунад. Бақоева дар саҳнаи театр садҳо образи занони ҷассури мубориз ва софдилро офаридааст. Ролҳояш : Марина Мнищек («Борис Годунов»-и А. Пушкин,1937), Леди Мильфорд («Мак рва муҳаббат»-и Ф.Шиллер, 1937), Ҷаннатхон («Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938), Қумрӣ («Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода,1941), Таҳмина («Рустам ва Суҳроб»-и Пирмуҳаммадзода ва В.Волькенштейн,1941), Эмилия, доя «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта»-и У. Шекспир, 1941, 1947), Огудалова («Духтари бебисот»-и А. Островский, 1948), Белина («Бемори қалбакӣ»-и Ж. Мольер,1944), Ховархола ва Мӯҳтола («Дили модар» ва «Шаби бисту ҳаштум» Ҷ. Икромӣ, 1943. 1946), Ганна Лихта («Сӯиқасди маҳкумон»-и Н. Вирта, 1949), кампири мутаассиб Иқлимбону («Саодат»-и С. Саидмуродов ва М. Рабиев, 1948), Ҷаҳонхола («Оршин-мололон»-и У. Ҳоҷибеков, 1948), Дунька («Любовь Яровая»-и К. Тренёв 1955), Модари Ҷамила («Бой ва хидматгор»-и Ҳ.Ҳамза,1957),Модар («Тӯй»-и С.Ғанӣ,1958) ва ғ. Бақоева ролҳои занонро дар радиопьесаҳо ва сенарияҳои телевизионӣ низ иҷро кардааст. Дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ширкат дошт[1].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», ме­далҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 391

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]