Облоқул Бақоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бақоев Облоқул)
Облоқул Бақоев
Облоқул Бақоев
Таърихи таваллуд 1 январ 1957(1957-01-01)
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 28 ноябр 2013(2013-11-28) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ветеринария (тибби байторӣ)
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Облоқул Бақоев (01.01.1957, Душанбе — 28.11.2013, дар ҳамон ҷо) — байтор, номзади илмҳои илмҳои байторӣ (ветеринарӣ) (1983).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Облоқул Бақоев дар факултаи байтории Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) таҳсил кардааст (1974–1979). Ходими хурди илмии Ин.-ути тадқ. илмии байтории Тоҷикистон, духтури ветеринарии с/зи ба номи С.М. Кирови ноҳияи Рӯдакӣ, референти калони шуъбаи кадрҳои Совети Вазирони Тоҷикистон, директори генералии отряди ветеринарии санитарӣ ва «Тоҷикветснаб», раиси Совети ҳифзи ҳайвонот, мушовир доир ба чорводории ташкилоти ҷамъиятии Маркази машваратӣ ва иттилоотӣ (1979–2010). Аспиранти Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон (1980–1983). Муаллифи 8 мақолаи илмӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6