Бақо, Мирзобобо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бақо, Мирзобобо
Навъи фаъолият: шоир

Бақо Мирзобобо (тав. 1831, Ҳисор — с. ваф. номаълум) — шоир ва насрнависи тоҷик.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шеърҳояш «Бақо» тахаллус кардааст. Пас аз касби камол, тақр. дар 20-солагӣ, барои таҳсили улуми мутадовилаи давр аз зодгоҳаш ба Бухоро рафт. Даҳ сол таҳсил карда, ба сабаби нодорию камбизоатӣ таҳсилро тарк карда, ба Ғиждувон рафт, аз мирзоӣ дар даргоҳи ҳокимон касби маош мекард. Аз ҳамин сабаб, баъди хатми мадраса ҳам ба корею мансабе таъйин намегардад ва охири умрашро дар зодгоҳаш ба сар бурд. Аз Б. асари мансуре боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати сабку тарзи нигориш ба «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ шабоҳат дорад. Нусхае аз ин асар дар китобхонаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, андаруни ҷилди баёзмонанде мавҷуд аст, ки шартан «Ёддошт»-аш метавон гуфт (муаллиф ба он ном нагузоштааст). Дар ин асар бо забони пуртакаллуф, бо истифода аз калимаву ибораҳои арабӣ, саргузашти худро ҳикоя кардааст, дар бораи ҳокимону амалдорони давр, воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, аҳволи зиёиён ва ғ. маълумоти ҷолибе дарҷ намудааст. Дар асар пораҳое аз ашъори Бақо — қасоиду ғазалиёт, маснавиҳои хурд, қитъаҳояш ҷой гирифтаанд. Абёти зерин намунае аз ашъори Бақо мебошанд:

 
Агар бинӣ касеро соҳиби ҳилм,
Зи афъоли салимаш гир таълим!
В-агар ёбӣ ту марде дар ҷаҳолат,
Макаш аз суҳбаташ ранҷи хиҷолат...
                           ***
Биё, соқӣ, май андар соғарам рез,
Ба дунони замон беҳуда мастез,
Ки дунон ошиқи ду нон бошанд,
Чу хар масрури коҳу дон бошанд.
Ба май теғи забонамро бипардоз,
Занам дурри сухан дар силки оғоз...

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абибов А. Аз ганҷинаи адабии Ҳисор. Д., 1995.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]