Баҳмангон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Баҳмангон ё баҳманҷа — яке аз ҷашнҳои бостонии қадими мардуми эронитабор мебошад.

Баҳмангон[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳмангон — яке аз ҷашнҳои эронӣ дар баҳманрӯз, баҳманмоҳ баробар ба рӯзи дувуми баҳман аст. Эрониён ёздаҳумин моҳи сол ва дуюмин рӯзи ҳар моҳро ба номи ваҳман номгузорӣ карда, онро ҷашн мегиранд. Вожаи баҳман аз авастоии Vohumana (ваҳуман) гирифта шуда маъноҳои “андешаи нек” , “хиради муқаддас”-ро дорост.

Дар бораи Ваҳман[вироиш | вироиши манбаъ]

Ваҳман яке аз ампшоспмандони наздик ба даргоҳи Аҳурамаздо мебошад. Зардушт барои дарёфти паёмҳои аҳуроӣ аз Ваҳуман ёрӣ мегирад. Посбони чаҳорпоён судманд дар олами ҷисмонӣ ба ин ампшоспзода вогузор мешавад. Аз ин ру зардуштиён дар ҷашни баҳмангон ё баҳманҷа, ки дар рӯзи баҳман аз моҳи баҳман воқеъ мешавад. Аз куштори ҳайвоноти судманд ва хурдани гӯшти онҳо худдорӣ мекунанд. Бархе зардуштиён парҳез аз хурдан ва куштанро дар тамоми рӯзҳои Баҳман идома медиҳанд.

Баҳман дар навиштаҳои куҳан[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи “Луғати фурс” А. Тусӣ дар бораи баҳмангон онро баҳманҷана номида чунин эзоҳ додааст:

“ Ҷашне аст, ки дуввумин рӯзи аз баҳманмоҳ кунанд ва таъомҳо созанд ва баҳмансурх ва зард

— “Луғати фурс”

. Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” дар мавриди ҷашни баҳманҷа чунин менависад:

“Рӯзи дувуми он рӯз баҳманид аст, ки барои тавофуқи ду ном онро баҳманҷаҳ номидаанд: Баҳман номи фариштаи муваккил ба баҳоим аст, ки башар барои онҳо замин ва рафъи хавоиҷ ниёзманд аст. Ва мардуми Форс дар дегҳо аз ҷамъи донаҳо маъкул бо гушт ғизое мепазанд ва онро бо шири холис мехуранд ва мегӯянд, ки "Ҳофизаро ин ғизо зиёд мекунад ва ин рӯзро дар чидани гиёҳ ва канори рудхонаҳо ва ҷуйҳо мегузаронданд". Гуфтаҳое вуҷуд доранд, ки Ҷомосп вазири Гуштосп ин корҳоро дар ин рӯз анҷом медод

— “Осор-ул-боқия”

.

Пайнавишт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Рустам Ш. Баҳмангон ҷашни хирадварзист // Ҳафтаномаи Имрдод 24 дай 1391 соли сездаҳум шумораи 289 –С. 5
  • Яштҳо. Баргардони Иброҳими Пурдовуд Ҷ.1 С. 90.
  • Тусӣ. А. Луғати фурс. Таҳияи Аббос Иқбол. Теҳрон. Мухлис ,1319.- 472. С
  • Беруни А. Осор-ул-боқия. Баргардон А. Донасиришт.