Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Баҳманёр Муродӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳманёр Муродӣ
Баҳманёр Муродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Баҳманёр Муродӣ
Таваллуд деҳаи Сарой
табаият Тоҷикистон
Навъи фаъолият
Солҳои эҷод 2000-то имрӯз
Самт насри муосири тоҷик
Жанр ҳикоя, қисса
Забони осор забони тоҷикӣ
Аввалин қадам: «Мӯсича» (2004)
Ҷоизаҳои адабӣ Ҷоизаи адабии «Падида» (2008)
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ дар соҳаи адабиёт (2015)

Баҳманёр Муродӣ (зодаи 23 марти 1991, деҳаи Сарой, ноҳияи Ашт, вилояти Суғд) — нависанда, ҳикоянавис ва тарҷумони тоҷик, ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2012[1][2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳманёр Муродӣ 23 марти соли 1991 дар деҳаи Сарои ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 2009 мактаби миёнаи зодгоҳашро бо шаҳодатномаи аъло хатм намуда, соли 2014 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло (сурх) ба анҷом расондааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар чанд нашрияи чопии шаҳри Душанбе ба ҳайси хабарнигор фаъолият карда, баъдан дар хабаргузории давлатии «Ховар» ҳамчун тарҷумони забони арабӣ кор кардааст.[3]

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Навиштаҳои Баҳманёр Муродӣ аз синни нӯҳсолагӣ дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасанд. Соли 2004 нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Мӯсича» дар нашриёти «Шарқи Озод» бо пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод ба табъ расид. Соли 2007 китоби дувуми ӯ — маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳо таҳти унвони «Ашки осмон» нашр гардид.[1]

Қиссаҳои ӯ, аз ҷумла «Фасх», «Қадаме ба биҳишт» ва «Борбад», дар маҷаллаҳои адабии «Садои Шарқ» ва «Истиқбол» ба чоп расидаанд. Китоби сеюми ӯ — «Қадаме ба биҳишт» дар нашриёти «Сино»-и Душанбе ба табъ расида ва ҳамзамон муаллиф ба навиштани қиссаи нави худ бо номи «I am from America» пардохтааст.[4][2]

Узвият ва мукофотҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳманёр Муродӣ аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад ва ҷавонтарин узви ин созмон ба шумор меравад. Ӯ соли 2008 барои китобҳои «Мӯсича» ва «Ашки осмон» бо Ҷоизаи адабии «Падида»-и Иттифоқи нависандагон қадрдонӣ шудааст.

Соли 2015 барои қиссаи «Қадаме ба биҳишт» бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт сарфароз гардидааст.[5]

Дар матбуот ва муҳити адабии кишвар Баҳманёр Муродӣ ҳамчун намояндаи «насли истиқлол» дар адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ шуда, бархе муҳаққиқон ва рӯзноманигорон аз ҷумал Абдуқодири Рустам ӯро яке падидаҳои барҷастаи насри ҷавони тоҷик мешуморанд.[2]

  1. 1 2 Муродӣ Баҳманёр(тоҷ.). navisandagan.tj. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
  2. 1 2 3 Гуфтугӯе бо нобиғаи ҷавони тоҷик Баҳманёр Муродӣ(тоҷ.). ozodi.org. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
  3. Гуфтугӯ бо нобиғаи ҷавони тоҷик Баҳманёр Муродӣ(тоҷ.). ozodi.org. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
  4. Нависандагони ҷавон дар Тоҷикистон ангуштшуморанд. Сабаб чист?(рус.). asiaplustj.info. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
  5. Баҳманёр Муродӣ барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар соҳаи адабиёт гардид(тоҷ.). khovar.tj. 2 феврали 2026 санҷида шуд.