Баҳман (достон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


БАҲМÁН (порсӣ: بهمن) персонажи достонҳои ҳамосӣ, афсонаву ривоятҳо ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Бо номи Ардашери Дароздаст низ ёд шудааст. Дар ин бора Манучеҳрии Домғонӣ мегӯяд:

Шунидам ман, ки бар пой истода,

Расидӣ то ба зону дасти Баҳман.

Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Баҳман писари Исфандиёр аст. Рустам пас аз куштани Исфандёр вайро барои тарбия ва парвариш бо худ гирифт. Баҳман дар даргоҳи Рустам ба камол расид. Сипас, Рустам номае ба Гуштосп навишта, ӯро аз Баҳман огоҳ кард. Баҳман пас аз Гуштосп ба тахти шоҳӣ расид. Ӯ баъди марги Рустам барои хунхоҳии падар ба Систон ҳуҷум карда, ганҷҳои хонадони Рустамро ғорат кард ва Золро асир гирифт. Фаромарз – писари Рустам ба дасти вай кушта шуд. Пас аз шунидани панду андарзҳои дастур Башутан аз куштору ғоратгарии худ пушаймон шуд ва Золро озод кард. Дар ин боб Фирдавсӣ чунин меорад:

Чу бишнид шоҳ аз Башутан сухан,

Пушаймон шуд аз кардаҳои куҳан.

Хурӯше баромад зи пардасарой,

Ки «Эй паҳлавонони бододурой,

Басичидани бозгаштан кунед,

Мабодо, ки тороҷу куштан кунед».

Бифармуд, то пойи Дастон зи банд

Кушоданду доданд бисёр панд.

Тани куштаро дахма карданду ҷой

Ба гуфтори дастури покизарой.

Саргузашту корномаҳои Баҳман мавзӯи баҳси достони ҳамосии «Баҳманнома» мебошад.

Манбаъ[вироиш]

  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 6. Д., 2008.