Баҳодури Ягона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Баҳодури Ягона
Санаи таваллуд:

1922

Зодгоҳ:
Санаи марг:

1984

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, таронасаро

Баҳодури Ягона (форсӣ: بهادر یگانه‎, мутахаллис ба Ягона; 1922, Қазвин, Эрон1984, Теҳрон, Эрон) — шоир, таронасаро ва ҳуқуқдони эронӣ аст[1].

Ӯ аз чеҳраҳои мусиқи Эрон аст, ки бо халқи таронаҳое бебадал саҳм басазое дар шукуфоии мусиқии суннатии эронӣ дорад. Таснифҳои хотираангез ва зебои «Расвои замона» ва «Рози дил» аз ҷумла шоҳкорҳои таронасароии ӯст, ки хонандагони бисёре токунун аз он илҳом гирифтаанд.

Зиндагинома[вироиш]

Баҳодури Ягона пас аз поён расондани таҳсилот миёна дар вазорати кишвар истихдом шуд ва бо идомаи таҳсил аз Донишкадаи ҳуқуқ фориғуттаҳсил гардид. Вай пас аз чанде ба адабиёт алоқаманд шуд ва то мадраки доктор пеш рафт.

Ягона дар устондории устони Форс солиёне машғул ба хидмат шуд то ин, ки дар соли 1343 аз Шероз ба Теҳрон раҳсипор шуд ва бо таронасароиӣ ба ҳамкории Шӯрои мусиқии радио ва барнома радиоии гулҳо пардохт, ин фаъолият то поёни давраи паҳлавӣ дар соли 1357 идома ёфт.

Филми Духтари фолгир ба коргардони Сирус Ҷарроҳзода ва бо бозиии Сирус Шондирмунӣ, бо филмноманависии Баҳодури Ягона буд, ки дар соли 1351 нотамом монд ва ҳаргиз пахш нашуд[2].

Ӯ муқаддимае низ бар девони Алӣ Уштурӣ мутахаллис ба «Фарҳод» нигоштааст.

Устод Баҳодури Ягона соли 1984 дар 62 солагӣ дар Теҳрон дида аз ҷаҳон фурӯ баст.

Осор[вироиш]

Аксар таронаҳои Баҳодури Ягона машҳур ва хосс ҳастанд ва ҷузви осори мондагор ва бартари мусиқии классики Эрон ба шумор меоянд, ки тавассути хонандагони саршиноси он даврон бо бастакории Ҳумоюни Хуррам, Анушервон Рӯҳонӣ, Атовуллои Хуррам, Асадуллоҳи Малик, Ҷавод Лашкарӣ ва дигарон иҷро шуданд.

Расвои замона[вироиш]

Таснифи «Расвои замона» яке аз маъруфтарин таронаҳои вай мебошад, ки Илоҳа бо иҷрои он ба радио роҳ ёфт ва боиси машҳур шудани ин хонанда ва таронасароии он гардид. Ин тарона токунун тавассути хонандгони дигар чун Марзия, Ҳоида, Маҳастӣ, Шакило, Ҷаҳон, Муҳаммадризо Шаҷариён, Бобаки Родманиш ва дигарон бозхонӣ шудааст. Дар соли 1392 Алиризо Қурбонӣ дар албоми бо номи Расвои замона иҷрое ба ёдмондании дигар аз ин таснифи зебо мунташир кард.

Рози дил[вироиш]

Матни таснифи «Рози дил», ки дар дастгоҳи Ҳумоюн, бо мояи овоз ё биёти Исфаҳон ва бастакори Ҳумоюни Хуррам навохта шуд ва аввалин бор тавассути Илоҳа иҷро гардид ва сипас бо садои Ҳоида ва ҳамчунин Алиризо Қурбонӣ бозхонӣ шудааст:

«Эрони ман», «Ҷаҳони гузарон», «Лолаву гул», «Мавҷи оташ», «Ҷудоӣ», «Сароб», ва ғайра аз дигар осори мондагори Баҳодури Ягона ҳастанд, ки тавассути Илоҳа, Маҳастӣ, Шаҳлои Саршор, Парвин, Ннасрин, Эраҷ ва дигарон иҷро шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. راسخون. بهادر یگانه(форсӣ). راسخون. 4 июли 2018 санҷида шуд.
  2. filcin.com. بیوگرافی کامل بهادر یگانه | فیلسین(форсӣ). filcin.com. 4 июли 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]