Баҳорӣ (деҳа дар н. Ҷ.Румӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАҲÓРӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Тӯғалони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Аз Баҳорӣ. то маркази ноҳия 40 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 380 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашмаи Бӯстон обёрӣ мешаванд.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]