Баҳор, Лоло Тикчанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Underlinked

Баҳор, Лоло Тикчанд
БАҲÁР Лоло Тикчанд
Санаи таваллуд:

1687(1687)

Зодгоҳ:

Деҳлӣ

Санаи марг:

88–1766

Навъи фаъолият:

луғатнавису луғатшиноси форсизабони ҳиндустон

БАҲÁР Лоло Тикчанд (1687/88–1766, Деҳлӣ), луғатнавису луғатшиноси форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш]

Баҳор аз қавми кҳатрии ҳиндуҳо мебошад. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ майлу рағбат дошт. Баҳор худро шогирд ва мухлиси фарҳангнависи маъруф ва шоири шинохтаи асри хеш Сироҷиддини Алихони Орзу (тасдиқи инро дар фарҳанги тафсирии Орзу «Чароғи ҳидоят» дар шарҳу эзоҳи маънои калимаи «задан» дидан мумкин аст) ва олиму фозили давр Шайх Абулхайр Хайруллоҳи Вафоӣ муаррифӣ мекунад.

Осор[вироиш]

Шӯҳрати ҷаҳониро ба Баҳор таълифи яке аз фарҳангҳои тафсирии муътабар ва бузургҳаҷм «Баҳори Аҷам» овардааст. Ғайр аз «Баҳори Аҷам» осори зерин низ ба қалами Баҳор тааллуқ доранд: «Ҷавоҳиру-л-ҳуруф» – рисола доир ба ҳуруфи таҳаҷҷӣ (ҳарфҳои алифбо; чопи Конпур, 1850), «Наводиру-л-масодир» – рисола доир ба таҳқиқи масдарҳои забони форсии тоҷикӣ (чопи Деҳлӣ, 1955) ва «Баҳори «Бӯстон» – шарҳи «Бӯстон»-и Саъдӣ. Баҳор дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ хидмат карда, ба гирифтани унвони фахрии рой (роҷа) ноил гаштааст.

Сарчашма[вироиш]