Баҳор Мулук Асадуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Баҳор Мулук Асадуллозода
БАҲÓР Мулук Асадуллозода
Таърихи таваллуд 15 октябри соли 1976
Зодгоҳ Бухоро

БАҲÓР Мулук Асадуллозода (31.12.1917, Бухоро – 26.12.1986, Душанбе), яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1978). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошканд (1938) ва Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийи Маскав (1949). Дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии ҶШС Ӯзбекистон (1936–39) ва Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ (1940–45, 1949–70) кор кардааст. Аз соли 1970 нафақагири шахсӣ (дар як вақт методисти шуъбаи театрии Хонаи эҷодиёти халқи Тоҷикистон; 1979–82). Баҳор овози баланди форам дошт. Партияҳои офаридааш самимӣ ва ҷаззобу дилнишинанд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳор дар операи тоҷикӣ беш аз 80 нақш офаридааст, ки беҳтаринҳояш инҳоянд: Гулъизор («Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян), Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов), Ойхон («Найрангҳои Майсара»-и С. Юдаков), Комде («Комде ва Мадан»-и З. Ша¬ҳидӣ), Маҳин («Тоҳир ва Зуҳро»-и А. Ленский), хонум Баттерфляй («Чио-Чио-Сан»-и Ҷ. Пуччини), Гулчеҳра («Оршинмололон»-и У. Ҳоҷибеков) ва ғ. Дар иҷрои романсҳо низ маҳорати хубе дошт. Баҳор ширкаткунандаи 4 даҳаи санъати тоҷик дар Маскав (1941, 1949, 1957 ва 1968) мебошад. Ба Эрон сафари ҳунарӣ кардааст (1941). Бо медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]