Баҳор (шаҳрак)
Шаҳрак | |
---|---|
Носири Хусрав | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Носири Хусрав |
Ҷамоат | Деҳоти Фирӯза |
Координатаҳо | 37°18′ с. ш. 67°59′ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 4363 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3258 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Баҳор — шаҳрак дар ҷамоати деҳоти Фирӯза ва маркази маъмурии ноҳияи Носири Хусрав. Аз Баҳор то маркази ҷамоат аз 1 км камтар; роҳ асфалтпӯш.
Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Аҳолиаш 5550 нафар (2009) ва 4363 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, боғчаи кӯдакон, 4 ошхона, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, дармонгоҳ, беморхона дорад.
Дар Баҳор пойгоҳи нақлиётӣ, шуъбаи маориф, идораи кишоварзӣ, идораи байторӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулода, комиссариати ҳарбӣ, идораи суди ноҳиявӣ, прокуратура, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Баҳор // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.