Баҳор (шаҳри қадима)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАҲÓР, шаҳри қадимие дар қисми ғарбии даромадгоҳи Ҳамадон.

Дар даврони Салҷуқиён Баҳор шаҳри ободу сернуфус будааст.

Соли 1275 сипоҳиёни Ҳулокуи муғул Баҳор ва қалъаҳои онро батамом валангор карданд.

Вайронаҳои қариб сӣ қалъаи Баҳор ҳанӯз ҳам дар яке аз маҳаллаҳои он боқӣ мондаанд.

Мутобиқи баъзе маълумоти дигар Баҳор шаҳре дар байни Балху Тахористон, дар 6-фарсахии Хулм (вилояти Самангони Афғонистон) ҷойгир будааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]