Баҳринисо Қобилова
Баҳринисо Тӯйчиевна Қобилова | |
| |
Таърихи таваллуд | 25 ноябр 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода |
Баҳринисо Тӯйчиевна Қобилова – олим, муаррих, мусиқишинос, доктори илмҳои таърих (2017). узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (2003)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳринисо Тӯйчиевна Қобилова маълумоти миёнаи мусиқиро дар мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ (ҳоло ба номи З. Шаҳидӣ) гирифтааст. Соли 1978 ба факултаи назариявӣ-композитории Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский дохил мешавад. Консерваторияро дар синфи профессор Т.Ф. Мюллер бомуваффақият хатм намуда, соли 1983 барои фаъолияти омӯзгорӣ ба кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода меояд. Солҳои 1986-1991 таҳсил дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи таърих, археологияи ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон. Аз соли 1991 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, археологияи ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекунад. Айни замон – ходими калони илмии шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2003 – узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон. Ҷанбаи рағбати илмии Б.Қобилова асосан ба эҷодиёти оҳангсозони Тоҷикистон алоқаманд аст. Вале ӯ инчунин шумораи зиёди тафсири нотавии мусиқии мардумии тоҷикиро, аз ҷумла дар маҷмӯаи «Гулчине аз гулзори Фалак» (2004), «Мавригӣ» (2008), «Санъати мусиқии Помир» (ҷилди 3, 2010) ба анҷом расондааст. Б. Қобилова яке аз муаллифони маҷмӯаи мақолаҳо «Мусиқии тоҷик» (2003) мебошад, ки дар он кӯшиш карда шудааст, ки оид ба мусиқии тоҷик, жанрҳои он, намудҳо, самтҳои он маълумот ҷамъ оварда шавад. Б. Қобилова чандин маротиба бо маърӯзаҳои илмӣ дар конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Тошканд (1991, 2003), Душанбе (1999, 2004), Бишкек (2009) ва диг. баромад кардааст. Б.Қобилова соли 2005 таҳти роҳбарии ва профессор Ф.М. Кароматов ва академик Р. Масов дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва рушди санъати композиторӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Баъдтар дар заминаи таҳқиқоти мазкур монографияи «Таърихи эҷодиёти композиторӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расид. Дар эҷодиёти Б.Қобилова мақолаҳо дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо мавқеи калонро ишғол мекунанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- История композиторского творчества в Таджикистане. Монография. – Душанбе, 2008.
- Мавриги. Сборник нотных расшифровок./В соавторстве. – Душанбе, 2008.
- Музыкальное искусство Памира. Сборник нотных расшифровок. Книга 3-я. / В соавторстве. – Бишкек, 2010.
- Традиционная музыка в симфонических произведениях композиторов Таджикистана. // Таджикская музыкальная культура начала 21 века: приоритеты развития. – Душанбе, 1999. - С.76-82.
- Таджикская народная музыка в произведениях композиторов. // Очерки по истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе, 1999.– С.228-244.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 ноябр
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мусиқишиносони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Занон - олимони асри XX
- Занон - олимони асри XXI