Баҳромова, Дилором Орифовна
Jump to navigation
Jump to search
Баҳромова Дилором Орифовна | |
---|---|
Санаи таваллуд: | 1 апрел 1946 (74 сол) |
Зодгоҳ: | Конибодом |
Касб: | актрисаи театр |
Мукофотҳо: | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002) |
Баҳромова Дилором Орифовна (тав. 1 апрели 1946, Конибодом) — актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002).
Аз 10–12-солагӣ ба театр ҷалб гардид. Аз с. 1966 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Конибодом ба номи Т. Фозилова. Тӯли фаъолияти чилсолааш дар саҳнаи ҳамин театр қариб 90 нақш офаридааст. Хусусан дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати баланд дорад. Нақшҳои модар («Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ), Соима («Ҳукми модар»-и Н. Ҳикмат), Холча («Нурхон»-и К. Яшин), Афирахола («Тошболтаи ошиқ»-и Ҳ. Ғулом), Сурмахон («Сирри дилҳо»-и Раҳмонов), Салтанат («Тӯй»-и С. Ғанӣ), Фармонбибӣ («Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С. Аҳмад) аз дастовардҳои беҳтарини ӯст. Баҳромова Дилором овози форам дошта, ҳофизи писандидаи мардуми тоҷик мебошад.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Баҳромова Дилором Орифовна // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.