Баҳром ибни Мардоншоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳром ибни Мардоншоҳ
Навъи фаъолият: тарҷумон

Баҳром ибни Мардоншоҳ (форсӣ: بهرام بن مردانشاه‎) — нависанда ва мутарҷими форс-тоҷик (нимаи дуюми садаи 8).

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз ашхосе мебошад, ки «Худойномак»-ро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кардааст. Дар осори таърихии арабию форсӣ, китобҳои Ибни Надим «ал-Феҳрист», Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ», «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас», «Осору-л-боқия»-и Берунӣ ва ғ. дар бораи Б. ва кори анҷомдодаи ӯ маълумоти гуногун дода шудааст. Ҳамзаи Исфаҳонӣ номи китоби Баҳром ибни Мардоншоҳро «Таърихи мулуки банӣ Сосон» – ислоҳи Баҳром ибни Мардоншоҳ – мӯбади шаҳри Шопур аз билоди Форс номидааст. Дар кулли осори дигари арабию форсӣ асари Б. «Таърихи подшоҳон» номида шудааст ва он таърихи подшоҳони Эронро аз Каюмарс то намояндаи охирини давлати Сосониён – Яздгурди III дар бар мегирифтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2008.