Баҳру-л-асрор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳру-л-асрор

«Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (ар. بحر الاسرار فی مناقب الاخيار‎) — китоби таърихӣ ва дорои ҷанбаи энсиклопедӣ, ки ба забони форсӣ аз тарафи Маҳмуд ибни Валии Балхӣ соли 1636 таълиф шудааст.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

Китоб аз пешгуфтор, ҳафт боб ва хотима иборат буда, ҳар боб чаҳор фасл дорад. Пешгуфтор дар бораи зот, сифатҳо ва номҳои Худованд, боби якум дар зикри аввалин махлуқот, боби дуюм дар аҳволи паёмбарон, подшоҳони Аҷам ва дигар мамолики тоисломӣ, боби сеюм дар аҳволи ҳазрати Муҳаммад (с), боби чаҳорум дар аҳволи хулафои рошидин, халифаҳои Банӣ Аббос, фармонравоёни ислом, боби панҷум дар бораи ҳукумати исломӣ дар кишварҳои мухталифи олам, боби шашум дар бораи подшоҳони муғул, боби ҳафтум дар бораи аҳволи подшоҳони чағатоӣ то салтанати Шоҳҷаҳони Гургонӣ иншо шудааст. Арзиши аслии ин китоб дар баёни сафарҳои муаллиф ба сарзаминҳои ҷануби Осиё мебошад.

Дастнависҳои «Баҳр-ул-асрор фӣ маърифат-ил-ахёр» дар АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шумораҳои 3272/35361, 1385/35641, 1775 / 35651 ва дар музейи Лондон таҳти шумораи 575 нигаҳдорӣ мешаванд. Бобҳои алоҳидаи китоб дар Санкт-Петербург (1909), Тошканд (1977), Карочӣ (1980, 1996), Кобул тарҷума ва табъу нашр гардидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баҳр-ул-асрор фӣ маърифат-ил-ахёр / Қ. Расулиён // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.