Баҳси гурӯҳ:Композиторон аз рӯи кишвар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Зобони модариро пос бояд дошт![вироиш]

Ин Википедияи Русӣ нест, охир! Мо тоҷикон аз қадим ОҲАНГСОЗ мегуфтем, на композитор! Лутфан, устод гурӯҳҳои марбут ба оҳангсозонро ба "композитор" ҳавола надиҳед! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 14:22, 21 феврали 2020 (UTC)

Дӯстмурод Саид Бародари ҳамадони Википедия. Шумо дар ЭМТ кор карда ҳоло ҳам намедонед, ки ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН бетғйир гузошта шудааст, ислоҳ нашудааст ва вуҷуд дорад. Баҳси иваз намудан ба вожаи "оҳангсоз" бо иштироки мутахассисони санъат, дар сатҳи Вазорати фарҳанг ҶТ мавриди баҳс буд ва вожаи нав қабул нашудааст. Бинобар ин ман нисбати Композиторони хориҷи кишвар вожаи "композитор"-ро раво дидам. Лутфан вожаро ҳазф накунед.--Шухрат Саъдиев (баҳс) 14:35, 21 феврали 2020 (UTC)
Мо дар инро хуб медонем, ки "баъзеҳо" намехоҳанд, энсиклопедияро ДОНИШНОМА гӯянду композиторро ОҲАНГСОЗ! Ва ин ҳаргиз меъёр барои як донандаи забон, ки рисолаташ дурустнависӣ аст, шуда наметавонад!
Раисҷумҳури Тоҷикистон маҳз ана ҳамин нуктаро, ки баъзе донишмандон намехостанд забони тоҷикӣ забони давлатӣ бошад ва коргузорӣ тавассути он сурат гирад, дар Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2019 зикр карданд ва таъкид ҳам карданд, ки "Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем." ва боз гуфтанд, "...ки дар равону шево гардидани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳу завқи забондонии мардум ва пешгирӣ кардани ғалатгӯиву ғалатнависӣ нақши воситаҳои ахбори умум бисёр муҳим аст." Хулас, имрӯз ки ДОНИШНОМАИ ин миллат дар дасти мову шумост, пас бояд забони ин МИЛЛАТро арҷ гузорему бад-он нависем! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:02, 21 феврали 2020 (UTC)

Пеш аз "луқмаи забондонӣ" партофтан ба навиштаҷоти хеш бингаред[вироиш]

Донишномаи миллат дар дасти Шумост (кормандони ЭМТ) ва ба он такя карда чаро наменависед?

Амали гузоштани вожаҳои гуйиши форсӣ (аз ВП Эрон) ин тақлидкории навбатӣ аст, монанди дар даврони шӯрави ба лӯғати тоҷикӣ ворид намудани вожаҳои забонҳои аврупоӣ.

Чаро чанд муддат ба навиштаҷоти ман дар ВП эрод гирифта истодаед???

Ҳаргуна "навовариву" таклифҳоятонро оид ба вожаҳои забони тоҷикӣ, дар Шӯрои илмии ЭМТ асоснок намуда ба навиштаҷоти ЭМТ дохил намоед. Ману корбарони дигар онро ҳамчун сарчашма истифода мебарем.

Оянда бо баҳсу мунозираи забондонӣ (бе овардани иқтибос аз сарчашмаи боэътимод доир ба вожаи забонӣ тоҷикӣ) хотима диҳед. Бо кори хеш машғул шавед.--Шухрат Саъдиев (баҳс) 17:10, 21 феврали 2020 (UTC)

Рӯзҳои охир ман не, шумо устод шояд барқасди ман гуруҳҳое ки пештар тоҷикӣ буданд, дубора ба номҳои нимрусӣ ҳаволаашон дода истодаед, як мисолаш ҳамин Оҳангсоз ба Композитор аст. Ва агар боиси малоли хотиратон шуда бошам, маъзарат мехоҳам. Шояд аз ин пас беҳтар аст, на ман навиштаҳои шуморо ислоҳ кунаму на шумо аз маро... --Дӯстмурод Саид (баҳс) 17:55, 21 феврали 2020 (UTC)
Ҳар ду истилоҳро (ба намоиши таърихи номи гурӯҳҳо бодиққат нигаред...) ман ворид кардаам на Шумо, навиштаҷоти VASHGIRD осебе надидааст. Сабабашро дар боло шарҳ дода будам. --Шухрат Саъдиев (баҳс) 18:54, 21 феврали 2020 (UTC)