Баҳс:Шамс Ғуломов

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шамс Гуломов — соли 1926 дар деҳаи Чуваи совети рустои Дубеда дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аз соли 1937 дар зодгохаш гирифтааст. Баъдтар идомаи таҳсили ибтидоиро дар деҳаҳои Доров ва Дашти Марзо мегирад. Синфи 4-ро дар деҳаи Сари Сафедхок хатм мекунад. Соли 1944 барои хидмат ба сафи Кувваҳои Мусаллахи шурави даъват мешавад. Дар Чанги Дуюми Чахони ширкат мекунад. Хамон солхо ба давлатҳои Польша, Венгрия, Руминия, Чехославакия, Булгория, Австрия ва Олмон меравад ва барои расидан ба галаба мечангад. Соли 1959 ба Донишкадаи хочагии русто дохил шуда, соли 1964 он муассисаро бо ихтисоси агроном хатм мекунад. Аз соли 1965 то соли 1967 ба корҳои илми машгул мешавад. Аз мохи сентябри соли 1967 то соли 1980 дар вазифаи Директори совхози сабзавоткории ноҳияи Оржоникидзеобод (имруз Вахдат) кор карда,баъд дар ноҳияи Файзобод ба хайси агроном фаъолияти худро давом медихад. Голиби чандин мусобикаҳои сотсиалисти гаштааст. Помидори машҳури Файзобод махсули кору захмати хамин дехкони асил аст.