Баҳҷат-ут-таворих

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Баҳҷат-ут-таворих» (ар. بهجت التواریخ‎) — асари таърихии Шукруллоҳ ибни аш-Шиҳоб Аҳмади Румӣ (ваф. 1489).

«Баҳҷат-ут-таворих» забони тоҷикӣ с. 1456 таълиф шуда, аз 13 боб иборат аст. Боби якуми он дар баёни оғози офариниш; боби дуюм дар баёни анбиё (а), боби сеюм дар баёни насаби пайғамбарон (с), боби чаҳорум дар баёни валодат ва воқеаҳои ба он вобаста, боби панҷум дар бораи фарзандону занони ӯ, боби шашум дар баёни 10 ёри ба ҷаннат башоратёфта, боби ҳафтум дар бораи саҳобагони кибор ва бобҳои минбаъда дар баёни имомон, машоих, шоҳони Аҷам, дар баёни Банӣ Умавия ва Оли Аббос ва боби охирон дар бораи Оли Усмон баҳс мекунад. Шоири форсизабон Мухлис «Баҳҷат-ут-таворих»-ро ба туркӣ тарҷума карда, ба Султон Сулаймонхон тақдим намудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • . حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱. بیروت، ۲۰۰۷