Осиёи Миёнаи империяи Русия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ба Русия ҳамроҳ гардидани Осиёи Миёна, ё Тобеъшавии Осиёи Миёна ба Русия (русӣ: Присоединение к России Средней Азии) — раванди таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳаводиси таҳаввуловари таърихӣ, ки солҳои 60-80 асри 19 ба вуқӯъ пайваста буд. Таърихи муносибатҳои тиҷоратии байни Русияву Осиёи Миёна хеле тӯлонӣ буда, аз замони пайдоиши иттиҳодияҳои қабилавии славянҳои шарқӣ, хеле пештар аз ташкилёбии нахустин давлати онҳо — Руси Киевӣ ибтидо гирифта, дар масири давраҳои таърихии минбаъда мунтазам идома доштааст. Вуҷуд доштани муносибатҳои тиҷоратӣ-бозаргонӣ байни мамолики Осиёи Миёна ва Русия аз ибтидои садаи X маълум буд. Масалан, дар муомилоти пулии ин давра дирҳами навъи «исмоилӣ», ки аз нуқраи холис (2,7-3,12) зарб мешуд, дар мамолики Аврупо ва Руси қадим мавриди истифода қарор дошт.

Аввалин сафарҳои расмии намояндагони давлати Рус ба Осиёи Миёна[вироиш]

Намояндагони давлати Рус шояд хеле пештар ба Осиёи Миёна сафарҳои расмӣ доштаанд, вале аз сабаби набудани далелҳои муътамад, иддае аз шарқшиносон ғолибан бар он ақидаанд, ки аввалин намояндаи русҳо ба хониҳои Хева ва Бухоро соли 1558 сафари расмӣ кардаанд. Ба намояндагӣ аз давлати Рус табааи Англия Антонио Ҷенкинсон, бо супориши давлати Рус барои муайян намудани роҳи мувофиқу муносиби тиҷоратӣ бо мамолики Ҳинду Чин, ки бояд аз ҳудуди давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна мегузашт, соли 1557 ба Маскав ташрифи расмӣ овард. Шоҳ Ивани IV (Грозний) маълумоти мукаммали Ҷенкинсонро доир ба вазъи минтақа омӯхта, ҳамзамон ба ӯ чун сафири расмии давлати Рус дар ин хониҳо ваколатнома дод. Ҷенкинсон дар муддати бештар аз якуним сол дар Осиёи Миёна буд (апр. 1558 — сент. 1559), вале масъалаи асосии сафари худро (роҳ кушодан ба Чин аз тариқи ҳудуди Осиёи Миёна) иҷро накард. Бо вуҷуди ин доир ба хониҳои Хеваву Бухоро маълумоти бисёре гирд оварда, вазъи минтақаро барои Русу Аврупо то андозае воқеъбинона муаррифӣ намуд. Аз ҳама муҳим сафари ӯ ба минтақа, ба муносибатҳои сафоратии (дипломатӣ) Рус ва хониҳои Осиёи Миёна заминаи қавӣ гузошт. Аз рӯйи маълумоти мавҷуда, дар нимаи дуюми садаи XVI ба Маскав 13 сафорати Бухоро ва 5 сафорати Хева сурат гирифтаанд. Фақат дар давраи салтанати Иван Грозний (1547—1584) 5 сафорат аз Бухоро ба Маскав анҷом дода шудааст. Аз чоряки охири садаи XVI то ибтидои солҳои 80 садаи XVIII, ё дар ҳудуди қариб як садсола ба Маскав 8 намояндаи расмии сафорати Бухоро ва дар Бухоро 7 маротиба сафирони рус ташриф овардаанд. Аз рӯйи маълумоти расмӣ дар ҳудуди қариб 150 сол (аз нимаи дуюми садаи XVI то ибтидои садаи XVIII) намояндагони расмӣ (сафирони расмӣ ва баъзан қосидон) аз хониҳои Осиёи Миёна сафари Русия кардаанд, ки ба ҳисоби миёна як сафорат ба 2,5 сол рост меояд. Аз Русия дар ҳамин муддат, сарфи назар аз Ҷенкинсон, 11 маротиба сафирон расман ба Осиёи Миёна сафар кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 1 сафорат ба 13 сол рост меояд. Ҳавасмандии тиҷорати тарафайн ба беш будани чунин сафарҳо далолат мекунад. Баъди тасарруфи хониҳои Қазон (соли 1552) ва Астрахан (соли 1556) аз тарафи Рус алоқаи тиҷоратии байни давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна тавсиа ёфт. Муносибатҳои тиҷоратию сафоратии Русия баъди ба сари ҳокимият омадани намояндагони сулолаи Романовҳо (соли 1613) боз фаъолтар гардиданд. Дар ин раванд сафоратҳои Иван Хохлов ба Бухоро (соли 1620), Иван Федотов ва Матвей Муромес ба Хева (соли 1669), бародарон Борис ва Семён Пазухин (соли 1675) назаррас аст.

Асри 18[вироиш]

Императори рус Пётри I нисбат ба пешгузаштагони худ ба Осиёи Миёна бештар мароқ зоҳир намуд. Дар чоряки аввали садаи XVIII, ки ба авҷи сиёсати фаъоли хориҷии замони ҳукмронии ӯ рост меояд, ба ғайр аз муносибатҳои доимии тиҷоратӣ, ки муттасил идома доштанд, 7 маротиба намояндагони расмии (сафирон) ӯ ба Осиёи Миёна ташриф овардаанд ва ӯ низ дучанд аз ин бештар намояндагии расмии хонҳои ин минтақаро қабул намудааст. Ба ташаббуси аз ҷиҳати стратегӣ дар Осиёи Миёна мустаҳкам шудани мавқеи Русия Пётри I ибтидо гузоштааст. Хонҳои Хева — Шоҳниёз (1687—1702), Арабмуҳаммад (1702—1714) ва Шерғозихон (1715—1728) барои эмин доштани ҳукмронии худ аз низоъҳои қабилавӣ ва фишори ҳокимиятхоҳони дохилӣ, солҳои 1700, 1703 ва 1714 аз Пётри I хоҳиш намуда буданд, ки онҳоро зери ҳимояи худ гирад. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар хабари дар гузашта ба Баҳри Каспий пайвастани д. Ому ва дар маҷрои хушкшудаи он мавҷуд будани захираи фаровони тило сабаби ҷиддан ба Осиёи Миёна рӯй овардани Пётри I гардид. Бо мақсади ба маҷрои пешин гардондани д. Ому соли 1717 отряди калони ҳарбию тиҷоратӣ (дар ҳайати қариб ҳафт ҳазор нафар, ки беш аз 5 ҳазори онро ҳарбиён ташкил медоданд) зери роҳбарии Александр Бекович-Черкасский ба Хева фиристода шуд. Отряд мақсад дошт, ки на танҳо дарёро ба маҷрои пешин баргардонад, инчунин чанд истеҳкоми ҳарбӣ сохта, бо хони Бухоро низ гуфтушунид доир намуда, роҳи нисбатан муносиби барқарор намудани алоқаи тиҷоратиро бо Ҳиндустону Чин муайян намояд. Вале Шерғозихон аз «сафорат»-и бештар ба юриши ҳарбӣ монанд дар ҳарос афтода, ҳангоми гуфтушунид бо баҳонаи лашкари сершуморро дар як ҷо нигоҳ доштану аз маводди ғизоӣ таъмин карда натавонистан, онро ба 5 гурӯҳ ҷудо карда, пинҳонӣ фармон дод, ки дар алоҳидагӣ ба онҳо ҳуҷум кунанд. Дар натиҷа қисми онҳоро куштанд, қисми дигарро ба асирӣ гирифтанд. Худи Бекович-Черкасский ҳангоми гуфтушунид бераҳмона ба қатл расонда шуд. Ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтани аввалин кӯшиши мутлақияти Русия дар роҳи мустаҳкам кардани мавқеи стратегии худ дар минтақа сабаби ҷиддан вайрон шудани муносибатҳои байни Русияву Хева гардиданд. Пётри I мақсад гузошт, ки хони Хеваро барои ин амал беҷазо намонад, вале марги нобаҳангоми ӯ (соли 1725) Хеваро аз хавфи юриши ҳарбӣ раҳо намуд. Бар хилофи Хева муносибатҳои сафоратию тиҷоратии Русияву Бухоро ҳамоно равнақ доштанд. Тирамоҳи соли 1839 бо ташаббусу сарварии губернатори ҳарбии Оренбург В. А. Перовский отряди калони ҳарбӣ дар ҳайати 2750 нафар афсару сарбоз ба Хева ҳуҷум карданд, вале ин юриши ҳарбӣ низ бебарор анҷом ёфт. Бар асари сармои қаҳратун ҳанӯз ба Хева нарасида, қисми зиёди он талаф ёфт. В. А. Перовский ба хулосае омад, ки бо боқимондаи (бар асари сармову беморӣ 1054 нафар бидуни амалиёти ҳарбӣ ба ҳалокат расиданд) лашкар моҳи янв. 1840 ба Оренбург баргардад.

Асри 19[вироиш]

Солҳои 40-50 садаи XIX бо вуҷуди нисбатан равнақ доштани алоқаи дипломатию (сафоратӣ) тиҷоратӣ нақшаи забт намудани минтақа дар сиёсати кории империяи Русия ҳар чӣ қавитар ҷой мегирифт. Аз байни ангезаҳои зиёди Русияро ба ин самт равонакунанда чунин омилҳои ҳалкунанда бештар ба назар мерасиданд: а) равнақи муносибатҳои сармоядорӣ, ки зарурати васеъ намудани пойгоҳи ашёи хоми бозори савдои молҳои саноатӣ ва қувваи арзони кориро пеш оварда буд; б) пурзӯр шудани рақобати давлатҳои соҳибмустамликаи абарқудрат барои ба империяи худ ҳамроҳ намудани ҳудудҳои ҷуғрофии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим; г) намоиши иқтидору нуфузи ҳарбӣ дар талошварзиҳои ҷиддии байни дигар абарқудратон, бо доир намудани амалиёти нисбатан бехавфу сабуки ҳарбӣ ба муқобили давлату мулкҳои дар дараҷаи нисбатан пасти иқтидори иқтисодию ҳарбӣ қарорёфта; д) бо вазифаҳои маъмурӣ таъмин намудани амалдорони манфиати давлатиро дифоъкунанда; е) дур кардани диққати аҳли заҳмат аз масоили ҳалталаби сиёсию истисмори иқтисодӣ ва торафт бештар афзудани нобаробарии иҷтимоӣ. Ба Русия ҳамроҳ кардани ҳудуди Қазоқистон (Дашти Қипчоқ) солҳои 30 оғоз ёфта буд. Соли 1832 губернатори ҳарбии Оренбург дар соҳили шим. шарқии Баҳри Каспий истеҳкоми пурқуввати Ново-Александровскийро бино кард. Соли 1835 аз қабилаҳои қазоқ 40 ҳазор км2 беҳтарин майдонҳои чарогоҳро гирифта, ба сохтмони хатти мудофиавии байни Орск ва Троиск оғоз намуд. Акнун Русия мақсад гузошта буд, ки дар оянда бештар ба ҳудуди Осиёи Миёна наздиктар шавад. Бо баҳонаи барои манфиати Русия бенатиҷа сурат гирифтани гуфтушунид бо Хева доираҳои дипломатию ҳарбии Русия ҳаракатро ба самти Осиёи Миёна фаъолтар намуданд. Соли 1847 дар резишгоҳи Сирдарё истеҳкоми ҳарбии Раим сохта шуд. Соли 1853 қалъаи Оқмачити соҳили Сирдарё аз тарафи губернатори ҳарбии Оренбург В. А. Перовский ба зӯр ишғол гардида, дар он ҷо истеҳкоми ниҳоят мустаҳками ҳарбӣ — форти Перовский (ҳоло Қизилӯрда) сохта шуда, баъди чанде ба форти № 1 (ҳоло шаҳри Казалинск) асос гузошта шуд. Ҳамзамон аз самти Сибири Ғарбӣ (аз Семипалатинск) ба Осиёи Миёна ҳаракати ҳарбиёни рус оғоз ёфт. Соли 1847 дар Улутауи Ҳафтрӯд истеҳкоми Копал қомат афрохт. Солҳои 1850-54 сипоҳиёни рус Кишвари Заилийскро ишғол намуданд. Соли 1854 дар ҷойи деҳаи Алмаато қароргоҳи ҳарбии Верное сохта шуд. Ҳамин тариқ, аз Семипалатинск то Верное самти хатти нави мустаҳками ҳарбӣ қарор гирифт. Баъди анҷоми сохтмони он губернатори Сибири Ғарбӣ Гасфорд масъалаи ба ҳам пайвастани хатҳои Сибиру Сирдарёро пешниҳод намуд. Албатта, ҳамаи ин бе муқобилати шадиди хонҳои Хеваву Қӯқанд сурат намегирифт.

Шикаст дар Ҷанги Қрим[вироиш]

Ҷанги Қрим (1853-56) ва шикасти мутлақият дар он сабаби муваққатан қатъ шудани фаъолияти доираҳои маъмурию ҳарбии Русия дар самти Осиёи Миёна гардид. Баъди ба имзо расидани сулҳномаи Париж, Русия аз тарафи давлатҳои абарқудрати Аврупо дар ҳолати инзиво (изолятсия) нигоҳ дошта мешуд. Вазъи дохилии мамлакат низ дар ҳолати ноустувории шадиди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор гирифта буд. Бо ибораи дигар солҳои 1859-61 дар Русия тамоми аломатҳои вазъи инқилобӣ ба назар мерасиданд, ки ахиран ба барҳам додани ҳуқуқи крепостнойӣ (февр. 1861) анҷом ёфт. Баъди нисбатан муътадил гардидани вазъи сиёсии дохилӣ дар Русия ва шиддат гирифтани зиддиятҳои байниҳамдигарии давлатҳои абарқудрати соҳибмустамлика, мутлақият имкон пайдо кард, ки аз нав ба сиёсати осиёимиёнагии худ ҷиддан машғул шавад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА солҳои 1861-65 ва вобаста ба он қатъ гардидани пахтаи аз он ҷо интиқолёбанда, хавфи аз кор мондани саноати бофандагии Русияро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, ягона роҳи халосӣ аз буҳрони саноати бофандагӣ ҳар чӣ бештар интиқол додани пахтаи Осиёи Миёна буд. Вобаста ба зиёд шудани талабот, нархи ин ашёи хом низ торафт боло мерафт. То соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сӯм арзиш дошт. Соли 1862 он ба 7,5 ва соли 1864 ба 23-24 сӯм расид. Ҳамин тариқ, торафт бештар афзудани талабот ба ин ашёи хом дар баробари дигар самтҳои ҳавасмандии империализми рус дар минтақа, забти Осиёи Миёна ба масъалаи марказии сиёсати хориҷии Русия табдил меёфт. Дар рафти муҳокимарониҳо генерал-губернатори Оренбург Катенин нақшае пешниҳод намуд, ки мувофиқи он бояд самти ҳуҷум ба Туркистону Тошканд, сипас аз он ҷо ба ҳудуди Бухоро равона карда мешуд. Генерал-губернатори Сибири Ғарбӣ барои ишғол намудани Қалъаи Пишпеки Хӯқанд иҷозат пурсид. Фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ дар Кафқоз княз Барятинский кӯшиш мекард, ки барои дар соҳилҳои шарқии Баҳри Каспий мустаҳкам шудан фармон гирад. Аз рӯйи нақшаи пешакӣ бояд аз ҳамин се самт амалиёти ҳарбӣ барои забт намудани Осиёи Миёна сурат мегирифт. Дар навбати аввал мебоист Хуҷандро ишғол намуда, барои ба дарунтари минтақа ҳуҷум кардан пойгоҳи қавӣ сохта мешуд. Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 60 садаи XIX тайёрии сиёсию дипломатӣ ва ҳарбӣ барои ишғол намудани Осиёи Миёна торафт бештар сурат мегирифт. Акнун ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани он ба мадди аввал баромад. Барои иҷрои ин амал вазъи дохилӣ ва хориҷии Русия то андозае мусоидат мекард. Ҷунбишҳои деҳқонӣ дар губ.-ҳои марказии Русия солҳои 1860 — 63, шӯришҳои деҳқононон соли 1863 дар Полша, Литва, Белоруссия ва Украинаи соҳили рост пахш шуда буданд. Ҳукумати подшоҳӣ соли 1863 бо Пруссия наз-дик шуда, аз ҳолати инзиво (изолятсия)-и байналмилалӣ, ки баъди Ҷанги Қрим ба вуҷуд омада буд, баромад. Моҳи майи 1864 муқобилати кӯҳистониёни Қафқоз, ки таҳти роҳбарии Имом Шомил муддати тӯлонӣ идома дошт, комилан пахш карда шуд. Акнун, ки имкони бевосита барои забти Осиёи Миёна муҳайё мегашт, ба сифати тадбири аввалин, бо ҳам пайвастани хатҳои ҳарбии Сибир ва Оренбург, ки ҳанӯз соли 1861 генерал-губернатори Оренбург Безак пешниҳод карда буд, боз аз тарафи ӯ соли 1863 ба миён гузошта шуд. Ҳарчанд ин лоиҳа аз тарафи доираҳои расмии ҳукумати марказӣ тасдиқ нашуда бошад ҳам (ин худ аз бозии дипломатӣ барои пешгирии рақобати давлатҳои мустамликахоҳи Аврупо, хоссатан Англия беш набуд), фармондеҳи ҳарбии Оренбург генерал Черняев бо дастгирии ғайрирасмии Безак тобистони соли 1863 қалъаи Сузакро дар Сирдарё ишғол намуда, аҳолии атрофи онро раияти Русия эълон намуд. Ин амали Черняевро доираҳои ҳукуматии Русия маъқул шумурда, ба қароре омаданд, ки барои бо ҳам пайвастани хатҳои ҳарбии Оренбург ва Сибир соли 1864 тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. ибтидои соли 1864 полковник Черняев аз қалъаи Верное (ҳоло Алмаато) бо 2,5 ҳазор афсару сарбоз ба амалиёти ҳарбӣ оғоз намуда, 4 июн шаҳри Авлиёотаро ишғол намуд. Дар ин ҳангом отряди полковник Верёвкин аз форти (ҳисор, қалъача) Перовский (Қизилӯрда) ба ҳаракат даромада, 12 июн шаҳри Туркистон ва 22 сент. ш. Чимкентро, ки он вақт дар итоати Хуҷанд қарор дошт, ишғол намуд. Черняев аз ин амали бобарори хеш илҳом гирифта, бе розигии генерал-губернатори навтаъйини Оренбург Кржижановский баъди ғасби Чимкент ба тарафи шаҳри Тошканд, ки он низ дар итоати хони Хуҷанд буд, ҳаракат кард. Вале кӯшиши тирамоҳи соли 1864 ба даст даровардани ин шаҳр бебарор анҷом ёфт.

Ишғоли Тошканд[вироиш]

Баҳори соли 1865 Черняев аз нав ба Тошканд ҳуҷум карда, қалъаи Ниёзбекро, ки мавзеи асосии иншоотҳои аз об таъминкунандаи шаҳр ҳисоб меёфт, ишғол намуд. Бо фармони ӯ сипоҳиёни рус оби наҳри Анҳорро баста, шаҳрро аз ду манбаи ҳаётан муҳим — обу маводди ғизоӣ маҳрум намуданд. Черняев бо ин амал умед дошт, ки шаҳрро бе амалиёти ҷиддии ҳарбӣ ба даст дарорад. Дар ин амал ӯ ба қувваҳои тарафдори сулҳ бо Русия, ки дар шаҳр нуфузи назаррас доштанд ва ихтилофоти дигар қувваҳои сиёсӣ умед баста буд. Ба таври нисбатан «осуда» ба даст овардани шаҳр ба Черняев ҳамчунин барои он лозим буд, ки ин амали «худсарона»-и ӯ аз тарафи доираҳои расмии ҳукуматӣ дастгирӣ ёбад, вале ҳангоми ба шаҳр наздик шудан тайёр будани сокинони шаҳрро ба муқобилати ҷиддӣ эҳсос намуд. Хон Олимқул бо шунидани амалиёти ҳарбии Черняев бо сарбозони худ ба ёрии Тошканд шитофт. Бо омадани Олимқул шумораи муҳофизони шаҳр ба 30 ҳазор расид. Аз тарафи Черняев барои забти Тошканд 1950 нафар ҳарбӣ фиристода шуд. Табиист, ки дар муқоиса бо муҳофизони шаҳр аслиҳаи сипоҳиёни рус бамаротиб мукаммал ва ба талаботи ҷангии замон мувофиқтар буд. Ҳуҷуми Черняев аз ҷануби шаҳр, аз тарафи дарвозаи Камолон 9 майи 1865 оғоз ёфт. Сипоҳиёни рус бо ёрии артиллерия аз наҳри Солор гузашта, ба шаҳр наздик шуданд. Дар ҳуҷуми аввал Черняев муқобилати муҳофизони шаҳрро шикастан натавонист. Ӯ ба теппаи назди шаҳр ақибнишинӣ намуда, дубора ба ҳуҷум гузашт. Дар рафти муҳорибаи аввал Олимқул ҷароҳати сахт бардошта, ба ҳалокат расид. Ин яке аз сабабҳои суст шудани муқобилати муҳофизон гардид. Қисме аз муҳофизон аз амири Бухоро Музаффар ёрӣ хостанд.

Набудани раҳбари ботадбир боиси шиддат гирифтани ихтилофоти қувваҳои сиёсӣ дар байни муҳофизон гардид. Аз ин истифода бурда, Черняев боз ба забти осону бемуқобилати шаҳр умед баст, вале аз ёрии амири Бухоро огоҳ гашта, ба муҳорибаи ҷиддӣ тайёр шуд. Сараввал роҳи эҳтимолии ба Тошканд ворид шудани лашкари амир Музаффарро баста, Черняев шаби 14 ба 15 май ба ҳуҷуми қатъии шаҳр оғоз намуд. Сипоҳиёни рус аз девори шаҳр гузашта, дар маҳаллаҳои он ба муқобилати сахти муҳофизон дучор гаштанд. Мутобиқи маълумоти Черняев «муқобилат ниҳоят шадид буд». Тамоми кӯчаву тангкӯча ва ҳатто ҳар як ҳавлии сокинони шаҳр бе муқобилат таслим намешуд. Муҳофизони қалъа то оташ гирифтан ва таркидани борутхона, ки сарбозони русро ба таҳлука андохта буд, онро ҳифз кардан тавонистанд. Ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 ва 16 май идома доштанд. Аз ин вазъи ногувор савдогарон, сарватмандону амалдорон дар ҳарос афтода, бо молу амволи зарурӣ ва хидматгорони худ шаҳрро тарк намуданд. 17 май «ашхоси бонуфуз»-и шаҳр идомаи муқобилатро бенатиҷа шумурда, барои гуфтушунид ба назди Черняев намояндагони худро бо сардории қозикалон, муфтӣ ва оқсақолҳои чор қисми шаҳр фиристоданд. Ҳамчунин ба ҳайати он намояндагон аз тамоми маҳаллаҳои Тошканд дохил буданд. Черняев ҳангоми қабули ҳайати намояндагон талабҳои худро пешниҳод намуд. Ӯ бо намояндагони ҳамаи чор қисми шаҳр дар алоҳидагӣ шартномаи сулҳ ба имзо расонда, уҳдадор шуд, ки ба анъанаҳои динии мардум мудохила нахоҳад кард ва қоидаи андозситонӣ дар доираи закоту хироҷ маҳдуд ва аз рӯйи ҳаҷми маҳсулот гирифта мешавад. Шартномаҳо бо имзову муҳр тасдиқ гардиданд. Бо фармони Черняев ба ҳайати намояндагон ҷоизаҳо супурда шуданд. Ин амали «эҳтиромдорӣ»-и Черняев бо намояндагони расмии маъмурӣ ва динии Тошканд барои дар назди давлатҳои бо Русия рақобатдори аврупоӣ намоиш додани «тобеияти ихтиёрӣ»-и калонтарин шаҳри Осиёи Миёна лозим буд. Забт кардани Тошканд, дар зоҳир бе розигии ҳокимияти марказӣ анҷом ёфта бошад ҳам, вале дар муқоиса бо он нокомиҳое, ки мутлақият дар Ҷанги Қрим рӯ ба рӯ шудаву баъди он аз тарафи давлатҳои абарқудрати замон дар ҳолати барканорагию ҷудоӣ афтида буд, дар сиёсати бузурги байналмилалӣ чун дастоварди назарраси дипломатию ҳарбӣ аз тарафи мақомоти идории Империяи Русия пазируфта шуд. Черняев соҳиби ҷоизаҳои баланди давлатӣ гардид. Сабаби музаффарияти русҳо, ки баъди муҳосираи якҳафтаина комилан Тошкандро ишғол намуданд, дар зуҳуроти чунин омилҳо ба назар мерасид: а) бартарии ҳарбии техникии русҳо, дар муқобили ба талаботи амалиёти ҳарбии замон ҷавобгӯ набудани аслиҳаи муҳофизони Тошканд; б) мавҷуд набудани маркази ягонаи фармондиҳии муҳофизони шаҳр; в) муқовимати шадиди байни амири Бухоро ва хони Хӯқанд барои Тошканд, ки аз қонунияти талошварзиҳои муттасили замони парокандагии феодализм бар меомад. Дар ҳоле, ки қисме аз муҳофизон ба ёрии амир умед баста буданд, на танҳо ба таъқиби сипаҳсолори хони Хӯқанд — Олимқул дучор шуданд, балки амир Музаффар аз вазъи ногувор истифода бурда, бо сипоҳии зиёд бевосита ба сӯи Хуҷанд ҳуҷум кард; г) барои бедодгариҳои зиёд ба худи Олимқул нафрат доштани аҳолии муқимии Тошканд; д) зиддияти байниҳамдигари намояндагони қабилаҳои муҳофизи шаҳр; е) аз ибтидои муҳосира дар шаҳр мавҷуд будани хайрхоҳони русҳо, ки ба онҳо баъзе намояндагони дин, иддае аз маъмурони шаҳр ва савдогарони бо ҳайати фармондиҳии лашкариёни рус дорои алоқаи тиҷоратӣ дохил буданд. Баъди ба дасти лашкариёни рус гузаштани Тошканд, генерал-губернатори Оренбург Кржижановский моҳи сент. 1865 ба ин шаҳр омада, бо мақсади тамоман аз тобеияти Хӯқанд баровардан ва хавфи ба дасти амири Бухоро наафтоданаш онро мулки мустақил эълон намуд. Ин сафар дар ҳолате ҷараён ёфт, ки аскарони амир Музаффар як қисми ҳудуди Хӯқандро ишғол намуда, амир талаби аз Тошканд баровардани аскарони русро пеш гузошт. Дар фосилаҳои музокироти дипломатӣ амалиёти ҳарбии тарафайн сурат мегирифт. Черняев, ки аз амалҳои бобарори мустақилонаи худ рӯҳбаланд шуда буд, бе маслиҳату дастури генерал-губернатори Оренбург ва бе огоҳномаи вазири ҳарбӣ, тирамоҳи соли 1865 худсарона сипоҳи дар ихтиёраш қарордоштаро ба Ҷиззах, ба самти роҳи Самарқанд равон намуд. Бо вуҷуди «ғалабаи осон»-и оянда ва ҳавасмандӣ зоҳир намудани афсарони рус Кржижановский тавонист, ки Черняевро аз фармондиҳӣ барканор намояд. ибтидои моҳи марти 1866 генерал Романовский ба ҷойи Черняев таъйин гардид, ки он бевосита дар итоати Кржижановский қарор дошта, бо дастури он амал мекард.

Ишғоли Хуҷанд[вироиш]

Кӯшиши амир Музаффар барои ба итоати худ даровардани Тошканд барои русҳо баҳонаи хубе шуд, то алайҳи ӯ биҷанганд. Дар ҳоле, ки амалиёти ҳарбӣ соли 1866 сурат гирифта буд, 8 май дар муҳорибаи Эрҷар (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) сипоҳи аморати Бухоро ба шикаст дучор шуд, вале Романовский бевосита барои ҳуҷуми қатъӣ ва забти пурраи аморати Бухоро кӯшиш накарда, сараввал қарор дод, ки дар саргаҳи роҳи водии Фарғона мавқеи худро мустаҳкам кунад. Барои ин хост, ки Хуҷанд, Ӯротеппа ва Новро ишғол намояд. Шаҳри Хуҷанд дар сарҳадди навоҳии Хӯқанду Бухоро ҷой гирифта, ба ғайр аз мавқеи хуби ҳарбӣ-стратегӣ доштан, дар алоқаи тиҷоратии байни Бухорову Хӯқанд низ мақоми махсусро соҳиб буд. Молҳои тиҷоратии Бухорову Самарқанд ба Хуҷанд ё баръакс аз Хуҷанд ба Бухорову Тошканд ба восиати д. Сир ворид гаш-та аз он ҷо ба пойгоҳҳои тиҷоратии ин шаҳрҳо интиқол дода мешуданд. Аҳаммияти стратегию тиҷоратии ин шаҳрро ба назар гирифта Д. И. Романовский изҳор дошт, ки «маҳз бо ишғол намудани Хуҷанд мо соҳиби воқеии кишвари он тарафи Чирчиқ гардида, дар ҷойҳои ба ихтиёри мо гузашта оромию суботро барқарор менамоем».

14 май Романовский ба самти Нов ҳаракат кард. Ҳайати муҳофизон аз ин мақсади русҳо хабар ёфта, қалъаро тарк намуданд. Ин имкон дод, ки сипоҳиёни рус 15 ва 16 май Новро бе муқобилат ба даст дароранд. Аз ин ҷо Романовский ба аҳолии Хуҷанд эъломияи «сулҳхоҳона» пешниҳод намуд. Вале мақсади ниҳоии изҳороти ӯро аҳолии маҳаллӣ пай бурда, муқобилати худро пинҳон доштан наметавонист. Баъди тайёрии пешакӣ (18-19 май), 21 май соати 3 пагоҳӣ сарбозони рус барои ҳуҷуми қатъӣ ба шаҳр ба харакат омаданд, вале аз тарафи муқобил пайдо шудани намояндагони бонуфузи шаҳр бо сардории қозикалон Ҳоҷӣ Азамат ва изҳороти муқобилат накардани аҳолии шаҳр ҳаракати сипоҳи русро барои ҳуҷум ба шаҳр муваққатан боз дошт. Романовский сарбозонашро ба мавқеи аввалӣ — дарвозаи Хуҷанд баргардонда, бо изҳороти нав мақсади «бо роҳи осуда барқарор кардани сулҳ ва таъмини ҳифзи раияти Русия аз таҳдиди Аморати Бухоро»-ро дар ин кишвар пешниҳод намуд. Дар он гуфта мешуд, ки маҳз ба тарафи русҳо гузаштани Хуҷанд ин осоишро пурра таъмин кардан метавонад. Романовский ваколатдорони худро ба шаҳр фиристод, вале гурӯҳи муқобил бо сардории Ҳоҷӣ Амин ба муборизаи зидди русҳо даъват мекард, пас ин гурӯҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ин баҳона шуд ва артиши рус ба ҳуҷум гузашт. Муқобилати шадиди хуҷандиён охири рӯзи 24 майи 1866 бераҳмона пахш гардид. Аз рӯйи маълумоти мавҷуда дар ин муҳориба аз муҳофизони Хуҷанд 2,5 ҳазор нафар қурбон шуд. Аз сипоҳиёни рус 71 нафар кушта, 63 нафар захмӣ ва 6 нафар бедарак шуданд. Ин рақамҳо на аз сустии шаҳриён, балки аз бартарии чандинкаратаи силоҳи низомии русҳо гувоҳӣ медиҳанд. Амир Музаффар маҷбур шуд, ки роҳи сулҳро интихоб намояд. Барои ин намояндагони сафорати Русияро, ки пештар ба ҳабс гирифта буд, озод намуда, ба воситаи беки Ҷиззах аз Романовский хоҳиш намуд, ки ҳаракати сипоҳиёнашро ба ҳудуди аморат боз дорад. Ишғол намудани Хуҷанд хони Хӯқанду Худоёрро низ ба таҳлука андохта буд. Дар мактуби худ ӯ Романовскийро барои ишғол намудани Хуҷанд табрик карда, ваъда дод, ки «аҳди дӯстона»-и худро бо русҳо бечунучаро риоя хоҳад намуд. 2 июни 1866 Романовский ба Тошканд баргашт. То тирамоҳи ҳамин сол амалиёти ҳарбие сурат нагирифта, бештар гуфтушунидҳои дипломатӣ байни генерал-губернатори Оренбург Кржижановский ва Романовский доир гардиданд. Дар гуфтушунидҳо бештар талабҳои барои Русия мувофиқ пешниҳод ва қабул мешуданд. 18 авг. 1866 Кржижановский бо дастурҳои расмии аз марказ гирифтааш ба Тошканд омада, барои тайёр намудани шартномаи сулҳ бо Бухоро ва ба имзо расондани он ба амир мактуб фиристод. Ҳамзамон ӯ ба генерал Романовский аз хусуси дар Хуҷанд омода кардани лашкар барои ишғол намудани Намангон ё Хуҷанд ва ё дар ҳолати мусоид ишғол намудани ҳар ду шаҳр, фармон содир намуд. Авв. моҳи сент. Кржижановский ба Хуҷанд омада, аз номи император ба ҳайати Русия гузарондани шаҳрро эълом дошт. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳайати намояндагии Аморати Бухороро барои баррасии шартномаи сулҳ ба ҳузур пазируфт. Ҳамзамон ин ҷо лашкар дар ҳолати омодабош қарор гирифта буд. Вобаста ба чунин сурат гирифтани вазъи ба манфиати Русия мувофиқ, Крижановский метавонист самти ҳуҷумро ба Хуҷанд ё Бухоро равона намояд. Ҳанӯз ҳангоми гуфтушуниди сулҳ бо Бухоро ӯ қарор дод, ки бо ҳар баҳона шартномаи сулҳро ба таъхир андохта, барои ҳақ баровардани ҳуҷуми дарпешистодаи худ амири Бухороро гунаҳкор намояд. Бо ин мақсад дар бандҳои шартнома талабҳоеро пешниҳод мекард, ки маъмулан иҷронашаванда буданд. Мас., дар радифи дигар талабҳо Кржижановский 13 сент. 1866 бандеро пешниҳод кард, ки мувофиқи он амир бояд дар муддати 10 рӯз 100 ҳазор тангаи тилои нақд чун товони ҷанг ба намояндагони расмии Русия супорад. Ҳол он ки дар ин муҳлати муқарраршуда иҷрои талаби ӯ ғайриимкон буд. 20 сент. отряди амалкунанда ба ҳаракат дароварда шуд. Отряд мебоист рӯзи охири муҳлати муайяншуда ба ҳудуди бекиҳои Бухоро, Ӯротеппаву Ҷиззах, ки дар ҳудуди Аморати Бухоро қарор доштанд, мавқеъ гирифта, омодаи фармон гардад. 23 сент. дар рӯзи ба охир расидани даҳрӯзаи муҳлати шартнома, Кржижановский барои муҳосираи Ӯротеппа фармон дод. Лашкари рус дар ҳайати 19 ротаи пиёдагард, 500 казаки бо мушак мусаллаҳ, 16 тӯпи тираш дурпарвози пиёданизом, 8 тӯпи тираш дурпарвозу аспкаш ва 4 тӯпи нимпудӣ (мортир) ба ҳаракат дароварда шуд. Баъди тайёрии қаблӣ (28-28 сент.) Романовский 2 окт. ба ҳуҷум гузашт. Дар натиҷаи муҳорибаи 8-рӯза ба сарбозони рус муяссар гардид, ки шаҳрро ишғол намоянд. Муҳофизони шаҳр барои ҳар кӯча, ҳифзи ҳар хона муқобилати шадид нишон медоданд. Дар ин муҳориба аз тарафи муҳофизони шаҳр 2000 нафар кушта шуданд. Хисороти ҷонии артиши подшоҳӣ аз 17 нафар кушта ва 230 нафар захмӣ иборат буд. Баъди ишғол намудани Ӯротеппа Кржижановский 10 окт. 1866 қалъаи Зомин ва 18 окт. бо вуҷуди муқобилати шадиди аҳолии маҳаллӣ Ҷиззахро ишғол намуд. Дар муҳорибаи Ҷиззах ноуҳдабароии амир Музаффар, ки сарварии лашкари бисёрҳазораро ба уҳда дошт, маълум гардид. Бо вуҷуди ҳуҷуми лашкари даҳҳо баробар камшумори русҳо дар майдони ҳарб ҳазорон нафар сарбози худро аз даст дода, бо боқимондаи лашкар гурехта, ҷон ба саломат бурд. Баъди анҷоми ин амалиёти барои Русия муфиди ҳарбӣ 1 ноябри 1866 Крижановский ба Оренбург баргашт. Ҳукумати подшоҳии Русия барои идора кардани ин қисмати ишғолшудаи Осиёи Миёна, ки ҳамчун мустамликаи ӯ маҳсуб мешуд, соли 1867 дар ҳайати вил-ҳои Сирдарё ва Ҳафтруд генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд. Император сардорию фармонфармоии ин губернияи навтаъсисро ба зиммаи яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсию дипломатӣ ва ҳарбии Русия генерал-адютант К. П. Кауфман гузошта, ваколатдории ӯро дар доираи ниҳоят васеъ муайян намуд. Генерал-губернатори кишвар метавонист ба таври мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ дошта бошад. Масоили марбут ба ҷангу сулҳро бо салоҳдиди худ ҳал карда, расман имзо гузорад.

Кауфман дар баробари расман ба тартиб даровардани сохтори идоракунии генерал-губернаторӣ, аз ҳисоби ғасб ва ба ҳайати он ворид намудани ноҳияҳои нави хониҳои Осиёи Миёна, ҳудуди расмии ҷуғрофӣ ва маъмурии онро васеъ карда, бо ин амал пойгоҳи мустамликавии империяи Русияро дар минтақа густардаву устувор гардонд. Бо мақсади бехавф гардондани ақибгоҳи худ дар давраи амалиёти ҳарбӣ ба муқобили Бухоро, Кауфман аввали соли 1868 бо хони Хӯқанду Худоёр шартномаи сулҳ ба имзо расонд. Аз мундариҷаи он бармеомад, ки хон тобеияти пурраи худро ба Русия эътироф карда, ба тоҷирони рус имкон фароҳам овард, ки озодона дар тамоми ҳудуди хонигарӣ бе андози гумрук амалиёти тиҷоратӣ доир намоянд. Хони Хӯқанд уҳдадор шуд, ки тоҷирони русро дар тамоми шаҳрҳои хонӣ бо корвонсаройҳои махсус таъмин намояд. Акнун Кауфман метавонист бе ҳеч ҳарос боз аз нав ба амалиёти ҳарбии зидди Бухоро шурӯъ намояд. Аз тарафи дигар амалиёти дар худи Бухоро суратгирифтаи зидди Русия барои иҷрои ин мақсад мусоидат мекард. Баъди шикасту рӯ ба гурез ниҳодани амир дар муҳорибаи Ҷиззах, намояндагони бонуфузи динию маъмурӣ, муҳассилини мадрасаҳои сершумори Бухоро, тоҷирони дар рафти амалиёти ҳарбӣ зарардида ва ашхоси дигар аз муқобилати ғайрифаъоли амир ба муқобили Русия норозӣ (аз ҷумла писари худи амир Абдулмалик) бо имзои қозиёни шаҳрҳо фатвое содир намуданд, ки мувофиқи он бояд тамоми аҳолии Бухоро ба ҷанги муқаддас — «ҷиҳод» ташвиқ карда мешуданд.

Шикасти Самарқанд[вироиш]

Шӯриши зидди амир Музаффар дар Шаҳрисабз ва Шерободу Ҳисор, аз идоракунӣ дур кардани гумоштагони амир ӯро маҷбур сохтанд, ки ба ин фишор сари итоат фуроварда, зидди Русия ҷиҳод эълон намояд. Аз ин истифода бурда, Кауфман барои оғози амалиёти ҳарбӣ ҷиҳати ишғол намудани Самарқанд фармон дод. Дар Самарқанд қувваҳои мухолифи амир кам набуданд. Ин имкон дод, ки лашкари рус бе муқобилати ҷиддӣ 2 майи 1868 ба Самарқанд ворид гардад. Ба дасти русҳо гузаштани Самарқанд иштиёқи Кауфманро барои ба музофотҳои марказии қаламрави Бухоро ҳуҷум кардан тезонд. Кауфман охирин шаҳри муҳимми дар роҳи пойтахти аморат қарордошта — Каттақӯрғонро низ ишғол намуд.

Шикасти Самарқанд қувваҳои зиддиамирро, махсусан дар аморати Бухоро , хеле фаъол намуд. Ба ин амалиёт писараш Абдулмалик (Каттатӯра), ки ливои шӯришро дар Ҳисор бардошта буд, сардорӣ мекард. Ба ӯ бекҳои мулки ниммустақили Шаҳрисабз бо сардории Ҷӯрабий ҳамроҳ шуда, «ғазовот» эълон карданд. Сафи «муборизони роҳи дин» ба муқобили «кофирон» дар як муддати кӯтоҳ Шеробод, Ҳисор, Кӯлоб ва дигар мулкҳоро фаро гирифта, наз-дикону гумоштагони амир аз вазифа дур карда мешуданд. Шаҳрисабз тамоман аз итоати амир баромада буд. Дар ин ҷо тадбирҳои фаврӣ барои озод кардани Самарқанд тарҳрезӣ мешуд.

Кауфман июни 1868 дар мавзеи Зирабулоқ лашкари сершумори амирро, ки зери дирафши ҷиҳод ба ҳарб кашида шуда буд, пурра мағлуб кард. Як рӯз пеш аз муҳорибаи Зирабулоқ шӯришгарони Шаҳрисабз ба Самарқанд наздик шуданд. Ин амал ба қувваҳои зиддирусии Самарқанд илҳом бахшида, сабаби сар задани шӯриш гардид. Ба он эшон Умархоҷа сардорӣ мекард. Рӯзи 2 июн, дар ҳолате ки муҳорибаи Зирабулоқ оғоз ёфта буд, шӯришгарони Самарқанд дар якҷоягӣ бо қувваҳои аз Шаҳрисабз омада ба муқобили гарнизони рус дар шаҳр, ки аз 650 нафар иборат буд, ҳуҷум карданд. Сарбозону савдогарони рус, ки дар Самарқанд буданд, ба арк ворид шуда, ба мудофиа гузаштанд. Ҳуҷуми қатъӣ ба қалъа, ки 2 рӯз идома ёфт, шӯришгаронро ба пирӯзӣ нарасонд. Гарнизони рус муқобилати шадид нишон дод. Қалъа як ҳафта дар муҳосира монда буд. Пурра торумор шудани амир дар Зирабулоқ шӯришгарони Самарқандро ноумед гардонд. 3 июн бекҳои Шаҳрисабз бо шунидани ин хабар бо дастаҳои худ шаҳрро тарк намуданд. Кауфман, ки аз вазъи гарнизони Самарқанд огоҳӣ ёфта буд, ба ёрии сарбозони дармуҳосирамондаи рус шитофт. Вазъи баамаломада Умархоҷаро маҷбур сохт, ки пеш аз ба шаҳр ворид шудани қувваҳои Кауфман, 7 июн онро тарк карда, ба Бухоро гурезад. 8 июн сипоҳиёни Кауфман ба шаҳр ворид гардиданд. Сарбозони рус шӯришро бераҳмона пахш карданд. Пурра шикаст хӯрдани лашкари Бухоро дар Зирабулоқ ва анҷоми фоҷиавии шӯриши Самарқанд амир Музаффарро тамоман аз давлатдории оянда ноумед гардонд. Дар ин ҳолати рӯҳафтодагӣ ӯ роҳҳои барояш бехавфтари аз тахт даст кашиданро меҷуст. Вале баъди чанде бо маслиҳати наздиконаш ба худ омада, фавран ба назди Кауфман қосид фиристод. Амир тайёр будани худро барои бастани шартномаи сулҳи ба хоҳишҳову талаботи Русия ҷавобгӯ маълум намуд ва ба Бухоро баргашта, интизори ҷавоб шуд.

Албатта, Кауфман метавонист амалиёти ҳарбии худро барои пурра тобеъ намудани тамоми ҳудуди аморати Бухоро идома диҳад, вале аз суръат гирифтани норозигии давлатҳои абарқудрат, алалхусус Англия ва дигар омилҳои ихтилофангези дохилию байналмилалӣ хавф бурда, барои гуфтушуниди сулҳ бо амир розигӣ дод. Тибқи шартномаи 23 июни 1868 байни Русияву аморати Бухоро баимзорасида он қисми ҳудуди аморат, ки аз тарафи Русия ишғол шуда буд (вил-ҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон), ба Русия гузашта, амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Ҳамчунин амир Музаффар уҳдадор карда шуд, ки ба маблағи 500 ҳазор сӯм товони ҷанг ба хазинаи Русия супорад. Ҳамин тариқ, дар як лаҳзаи кӯтоҳи таърихӣ (1864-68) ду давлати Осиёи Миёна — хонии Хӯқанд ва Аморати Бухоро аз тарафи Русия ба мағлубияти бебозгашти ҳарбию сиёсӣ дучор гардиданд. Кауфман ҳарчанд дар зоҳир мустақилияи нисбии онҳоро нигоҳ дошт, вале амалан онҳо ба тобеияти бечуну чарои империяи Русия кашида шуданд. Баъди чунин сурат гирифтани муносибати амир бо генерал-губернатор Кауфман, қувваҳои мухолиф бо сардории Абдулмалик дар Шаҳрисабзу Китоб муқобилатро боз ҳам бештар карда, ба ҳуҷум гузаштанд. Бо фармони Кауфман лашкари рус ин ду бекиро пурра аз мухолифин озод намуда, ба аморат ҳамроҳ карданд. Абдулмалик ба Хуҷанд ва сипас ба Кошғар гурехта, ҷон ба саломат бурд. Баъди чанде барои иқомати доимӣ ба Бомбайи Ҳиндустон муҳоҷират намуда, соли 1869 дар Пешовар вафот кардааст. Ноҳияҳои саргаҳи Зарафшон аз амалиёти забткоронаи генерал-губернатори Туркистон дар канор мондан наметавонистанд. Баъди забт намудани Янгиқӯрғон, Каттақӯрғон ва Самарқанд авг. 1868 шаҳри Панҷакент ҳам ба онҳо ҳамроҳ карда шуд. Баъди дар заминаи онҳо таъсис ёфтани округи Зарафшон дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон, диққати ҳарбиёни русро мавзеи дар болооби Зарафшон ҷойгирифта, ки бо фаҳмиши умумии ҷуғрофии Кӯҳистон маъмул буд, ҷалб намуд. Дар ҳудуди Кӯҳистон бекиҳои Масчо, Фалғар, Фон, Яғноб, Киштуд ва Моғиён ҷойгир буданд. Ба ақидаи Кауфман бе иғшол намудани Кӯҳистон ҳокимияти русҳо дар ин водии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим — Зарафшон пурраву қавӣ будан наметавонист. Баҳори 1870 сардори округи Зарафшон генерал Абрамов бо унвони «Эъзомияи Искандаркӯл» (гӯё ҳадафаш аз таҳқиқи сарватҳои табиии ин мавзеъ иборат буд), ба Кӯҳистон ҳамла карда, бекиҳои номбурдаро ба округи Зарафшон ҳамроҳ намуд.

Сиёсати «дӯстона»-и Кауфман бо аморати Бухоро[вироиш]

Кауфман бо аморати Бухоро сиёсати «дӯстона»-и худро идома дода, соли 1873 бо амир шартномаи нав баст, ки мувофиқи он ба шартномаи қаблан (соли 1868) басташуда, боз чанд банди дигар, аз қабили тамоман аз байн бурдани муносибатҳои ғуломдорӣ, дар Бухоро таъсис додани муассисаи намояндагии доимии Русия ва боз чанд банди сиёсати мустамликавии дар аморат пурра таъминкунандаи мутлақиятро илова намуд.

Дигар ҳадафи муҳимми забткории Русия дар Осиёи Миёна хонии Хева ҳисоб меёфт, ки нақшаи ишғол кардани он соли 1869 тарҳрезӣ шуда буд. Барои ишғол кардани он отрядҳои ҳарбии Туркистон, Оренбург ва Қафқоз фиристода шуданд, ки нимаи дуюми моҳи майи 1873 бе муқобилати ҷиддӣ ба маркази ин хонӣ наздик гаштанд. Аз ин амал дар ҳарос афтода, хони Хева Муҳаммадраҳим ба назди Кауфман бо мақсади эътирофи ғалабаи он қосид фиристод. Вале то расидани ин хабар дар Хева табаддулот сурат гирифт. Қисме аз ашрофи мухолиф ба ҷойи он амакашро ба тахт нишонданд. Аз ҳамин фурсати то андозае номуайян истифода бурда (дар ҳолате, ки сокинони шаҳр тамоман муқобилат нишон доданӣ набуданд), сардори отряди Оренбург генерал Верёвкин бо як худнамоии «қаҳрамонона» дарвозаи шаҳрро тарконда, ба ҳуҷум гузашт. Дар ҳамин лаҳза аз дарвозаи муқобили шаҳр бо овози марши ҳарбӣ Кауфман дар ҳолате, ки сокинони шаҳр ба пешвозаш мебаромаданд, ворид гардид. Бо ин «корнамоӣ» Верёвкин чун «фотеҳ» хева ба ҷоизаҳои баланди ҳарбӣ ноил шуд. 1 июни 1873 Муҳаммадраҳимхон дар ҳолати ногувору узрхоҳона ба назди Кауфман ҳозир шуд. Баъди чанд рӯзи нигоҳ доштанаш дар ҳолати қариб асирӣ, ниҳоят генерал-губернатор ӯро аз нав дар мансаби хонӣ тасдиқ намуда, барои ба Хева баргаштан иҷозат дод. Хон дар мактуби ба унвони Александри II аз 1 авг. ирсолнамудааш тайёр будани худро барои бастани шартномаи ба хоҳиши император мувофиқ баён намуд. Шартномаи сулҳи 12 авг. 1873 хони Хеваро мисли амири Бухоро аз мустақил доштани сиёсати хориҷӣ маҳрум гардонд. Тибқи бандҳои шартнома, ҳудуди соҳили рости амударёии Хева ба Русия ҳамроҳ карда шуда, хон уҳдадор гардид, ки ғуломфурӯширо барҳам дода, савдои бебоҷи содирот ва озоди тоҷирони Русияро дар тамоми қаламрави хонӣ пурра таъмин намояд, Хева дар муҳлати 20 сол (то авг. 1893) бояд 2200 ҳазор сӯм ба Русия товони ҷанг мепардохт. Барои дар ҳолати итоати доимӣ нигоҳ доштани Хева дар соҳили рости д. Ому (наздикии пойтахт) истеҳкоми Петро-Александровский сохта шуд. Шартномаи соли 1873 сохтори маъмурии анъанавиро тағйир надода, итоати бечунучарои хониро аз Русия таъмин намуд. Дар ин раванди аввалии тобеъгардонии Аморати Бухоро ва хонигарии Хева муваққатан хонии Хуқандро эмин нигоҳ дошта тавонист. Ба ин сиёсати то андозае барои Русия мувофиқи Худоёрхон мусоидат мекард. Хон ҳатто ба Русия ҳамроҳ кардани Тошканд ва Хуҷандро таҳаммул карда, барои озодии амалиёти тиҷоратии Русия дар ҳудуди хонӣ шароити зарурӣ муҳайё намуд.

Нисбат ба шикасти хонии Хӯқанд аз мудохилаи Русия вазъи номусоиди дохилӣ бештар мусоидат мекард. Бо баҳонаи аз даст рафтани қисми каламрави худ (Тошканд ва Хуҷанд) ва кам шудани даромади хазина, Худоёрхон ҳаҷми андозу маҷбуриятҳои феодалиро зиёд намуд. Ин амали ӯ сабаби авҷ гирифтани норозигӣ ва билохира ба шӯриши мардумӣ табдил ёфтани он гардид. 1871 дар ноҳияҳои қирғизнишин ҷунбишҳо сар заданд, вале пахш кардани онҳо ҳолатро ором кардан натавонист. Авҷи баланди шӯришҳои мардумӣ ба солҳои 1874-76 рост омад. Аз ин нооромӣ ашрофи бонуфуз истифода бурда, барои тахт талош меварзиданд. Дар ин миён Абдурраҳмони Офтобачӣ (писари Мусулмонқули кипчоқ, собиқ ҳокими Хуҷанд, ки аз тарафи Худоёр ба қатл расонда шуда буд) ба сафи аввал баромад. Дар ин лаҳза барои Худоёрхон аз итоати ӯ баромадану мавқеи душманиро пеша кардани писари калониаш Насруддин (ҳокими Андиҷон) ва бародараш Муродбек хеле ногувор буд. Худоёрхон аз Кауфман ёрӣ пурсид, вале то ба хулосае омадани он шӯриш қариб тамоми Хуҷандро фаро гирифт. Шӯришгарон Худоёрхонро ба хиёнат ва дастнишондаи русҳо будан гунаҳкор дониста, ғазовот эълон намуданд. Худоёрхони батаҳлукаафтода ба расидани ёрӣ аз тарафи русҳо интизор нашуда, 22 июли 1875 бо аҳли хонаводааш ба Тошканд фирор намуд ва аз Кауфман имдод хост. Шӯришгарон ба ҷойи ӯ писараш Насруддинбекро ба тахти хонӣ нишонданд. Кауфман чун сиёсатмадори ботаҷриба ин амали шӯришгаронро пазируфта, барои гуфтушунид бо Насруддин розигӣ дод. 4 авг. ҳангоми гуфтушунид Кауфман бо қабули чанде аз пешниҳодҳои барои худ мувофиқ ҳокимияти хони навро шинохт, вале вазъият то андозае шиддат гирифта, аз доираи таъсиру итоати хони нав баромада буд. Мураккабии пешгирии шиддати ғазовотро ба назар гирифта, аз Тошканд отряди калони ҳарбӣ барои пахш кардани шӯриш фиристода шуд. Дар назди қалъаи Маҳрам муқобилати сахти шӯришгарон ба шикасти онҳо анҷом ёфт. 29 авг. Кауфман ба Хуҷанд ворид гардид. Дар шӯриш дахл надоштани Насруддинро ба назар гирифта, Кауфман барои идомаи гуфтушунид розигӣ дод. 22 сент. 1875 Кауфман шартномаи сулҳро қабул намуд, ки мувофиқи он хони Хӯқанд тобеияти худро ба Русия расман шинохт. Заминҳои соҳили чапи болооби Сирдарё бо Намангон ба Русия ҳамроҳ карда шуданд. Ин тобеиятро пазируфтани хон сабаби дар Андиҷон аланга гирифтани муқобилати қувваҳои мухолиф гардид. Шӯришгарон Мулло Исҳоқро бо номи Пӯлодхон (Пӯлодбек) хон эълон намуданд. Отряди русҳо, ки барои пахш кардани шӯриш фиристода шуда буд, шикаст хӯрд. Марғелон аз тарафи шӯришгарон ишғол гардид. Қипчоқиҳо ба Намангон ҳуҷум карданд. Дар Андиҷон зери роҳбарии Абдурраҳмони Офтобачӣ қувваи калони ҳарбӣ ҷамъ шуда буд, вале баъди аз тарафи русҳо бо сардории Скобелев ишғол намудани Андиҷон баъзе сарварони шӯриш, аз ҷумла Абдурраҳмон, ба тарафи русҳо гузаштанд. Шаби 27-28 янв. 1876 отряди аз тарафи Скобелев фиристодашуда Учқӯрғонро ишғол намуд. Пӯлодхони гурезаро дар Марғелон дастгир намуда, ба қатл расонданд. Ҳамин тариқ, шӯриши мардумиро ба таври фоҷиабор пахш намуда, Кауфман ба қароре омад, ки хонии Хӯқандро расман барҳам диҳад. 19 февр. 1876 Хӯқанд чун мулки хонӣ барҳам ва ба ҷойи он вил. Фарғона таъсис дода шуд. Генерал Скобелев губернатор таъйин гардид. Бо ин амал давраи аввали аз тарафи Русия забт намудани Осиёи Миёна анҷом ёфт, вале ҳалли ниҳоии он бе тобеияти Закаспий — Моварои Каспий (паҳнои қароргоҳи қабилаҳои Туркман) пурра будан наметавонист. Ҳанӯз дар давраи юриш ба Хева, соли 1873 бо баҳонаи аз тарафи туркманҳои қабилаи иомуд вайрон кардани сарҳадди ҷан. ғарбии Русия, генерал Головачёв ба Хоразм юриш намуда, тавонист муқобилати фаъоли онҳоро шикаста, баъзе қабилаҳоро ба итоати Русия дарорад. Моҳи марти 1874 ҳукумати марказии Русия «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспий»-ро тасдиқ намуд. Мувофиқи он шуъбаи Моварои Каспий бо марказаш Красноводск дар ҳайати маъмурии Қафқоз таъсис ёфт. Ҳудуди он аз соҳилҳои шарқии Баҳри Каспий то д. Атрек дар Ҷ. ва хатти сарҳаддии хонии Хева дар Ш. муайян карда шуд. Ин амали Русия боиси беш аз пеш фаъол шудани мудохилаи дипломатияи англис дар ин қисми минтақа гардид.

Баъди муҳокимарониҳои тӯлонӣ ҳукумати подшоҳӣ соли 1877 Қизиларватро ишғол кард, вале аз маркази маъмурӣ дур будани он имкон надод, ки русҳо дар ин ҷо пурра мустаҳкам шаванд. Бо ин мақсад тирамоҳи соли 1878 дар Атрек истеҳкоми зарурӣ сохта, моҳи авг. 1879 генерал Ломакин дубора Қизиларватро забт намуд. Аз ин ҷо ӯ бо мақсади шикастани муқобилияти қабилаҳои тегин ба самти Кӯктеппа ҳаракат намуда, деҳаҳои Бомӣ, Биюрма ва Арчманро ба даст даровард, вале дар қарибиҳои Кӯктеппа 28-29 авг. 1879 ба муқобилати сахти туркманҳо дучор шуда, шикаст хӯрд. Ин мағлубияти калонтарини артиши рус дар тамоми маъракаи забт кардани Осиёи Миёна ҳисоб меёбад. Барои ислоҳи вазъи баамаломада ҳукумати Русия ба хулосае омад, ки сарфармондиҳии артишот дар Моварои Каспийро ба зиммаи генерали нисбатан ботаҷриба М. Д. Скобелев вогузошта, барои забти Кӯктеппа талоши ҷиддӣ намояд. 12 янв. 1881 пас аз муҳорибаи шадиди серӯза русҳо қалъаи Дангалитеппаро ишғол намуда, пас аз як ҳафта 18 янв. 1881 тавонистанд калонтарин бунгоҳи иқоматии доимии тегинҳо Ашқободро ба даст дароранд. Моҳи майи ҳамин сол шуъбаи ҳарбии Моварои Каспий ба вилоят табдил дода шуд. Мағлубияти тегиниҳои воқеан ҷасуру ҷанговар ба дигар қабилаҳои туркман бетаъсир намонд. Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ тақр. ҳазор намояндаи қабилаҳои туркман 1 янв. 1884 дар Марв ҷамъ омада, масъалаи ихтиёран ба ҳайати империяи Русия ворид гардидани худро пазируфтанд.

Муқовимати Русия ва Англия[вироиш]

Муқовимати Русия ва Англия дар ин давра қариб ба оғози амалиёти ҳарбии ин ду давлат дар минтақа расида буд. Баъди гуфтушуниди тӯлонӣ соли 1887 сарҳадди Русия дар марзҳои шим. ғарбии Афғонистон ба расмият шинохта шуд. Акнун охирин минтақаи мавриди баҳси Англияву Русия Помир буд. Англия, ки мувофиқи таҳқиқоти солҳои 50-70 садаи XIX анҷомдодааш ба мавқеи ҷуғрофиёии Бадахшон шиносоии бевосита дошт, мехост, ки сиёсати мустамликавии Русия ба сарҳаддоти мусамликаҳои ҳиндии он таъсир накунад. Аз ин ҷиҳат аз охири солҳои 60 садаи XIX Англия кӯшиш мекард, ки Русия ба Ҳиндукуш наздик нашавад. Тибқи қарордоди солҳои 1872-73 байни Англияву Русия д. Панҷ ҳамчун сарҳадди шимоли Афғонистон муайян гардид. Акнун Афғонистон ба ёрии ҳарбии Англия такя карда, мехост ҳудуди худро аз ҳисоби Бадахшон васеъ намояд. Соли 1873 ба амири Афғонистон муяссар шуд, ки Бадахшонро ба тасарруфи худ дароварда, гумоштаашро дар он ҷо ҳоким таъйин намояд. Бо дастгирии бевоситаи англисҳо амири давлати Афғонистон Абдурраҳмонхон (1880—1901) соли 1883 ба мулкҳои Помири Ғарбӣ лашкар кашида, Вахон, Шуғнон ва Рӯшонро ишғол карда, низоми ниҳоят бераҳмонаи худро ҷорӣ намуд. Дар айни замон Хитой низ бо иғвои англисҳо артиши сарҳаддии худро ба самти Помири Шарқӣ ба ҳаракат даровард. Русия, ки соли 1876 амали ба худ ҳамроҳ намудани хонии Хӯқандро анҷом дода буд, акнун бевосита имкон ёфт ба масъалаи муайян намудани сарҳадди худ дар минтақаи Помир рӯ оварад, вале то ҷиддан ба ҳалли масъала даст задани Русия, Афғонистон мулкҳои Помири Ғарбиро ба зӯр ба тасарруфи худ дароварда буд. Ҳамчунин ба ёрии англисҳо такя карда, Хитой Сарикӯл, водии Рангкӯл ва д. Аличӯлро ишғол кард. Инглисҳо Канҷут, Кофиристон, Ясин, Чатрорро аз худ намуданд. Истисмори ниҳоят тоқатфарсои сарбозону маъмурони афғон, муносибати ваҳшиёнаи онҳо нисбат ба аҳолии маҳаллӣ сабаби торафт бештар авҷ гирифтани норозигии аҳолии Помири Ғарбӣ ва шӯришҳои зидди аҷнабиён гардид. Халқи бадодомада ягона роҳи халосиро дар омадани русҳо ба Помир медид. Бесабаб набуд, ки сафари ҳар амалдори ҳарбии рус ё ворид гардидани отрядҳои ҳарбии Русияро ба ин минтақаи кӯҳистон мардуми маҳаллӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифта, борҳо аз намояндагони маъмурии генерал-губернатори Оренбург расман ба таври хаттӣ хоҳиш намудаанд, ки Русия зудтар онҳоро ба зери ҳимояи худ гирифта, Помирро пурра ба ҳудуди империя ҳамроҳ намояд. Бештар аз даҳ соли (1883-93) иҷборан дар итоати афғонҳо нигоҳ доштани мулкҳои Помири Ғарбӣ давраи даҳшатбортарини аҳволи онҳо маҳсуб мешавад. Бесабаб набуд, ки шӯришҳои халқӣ муттасил сар мезаданд ва аҳолии маҳаллӣ боз ҳам бештар ба ёрии Русия умед мебаст. Маҳз ҳамин эҳсоси аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дастгирӣ ёфтан доираҳои ҳарбӣ ва дипломатии Русияро водор намуд, ки ҳамроҳ намудани Помирро ба мақоми аввалдараҷаи сиёсати хориҷӣ бароварда, бо ин васила васеъшавии таъсири Англия ва фаъолияти забткоронаи Хитойро дар минтақа нигоҳ дорад. Баъди сафарҳои намояндаи ҳарбӣ ва дипломатии рус Б. Л. Громбчевский солҳои 1888-90 ба Помир ва бо авзои сиёсии минтақа шиносоии амиқ пайдо кардани маъмурини Русия генерал-губернатори Туркистон ба қароре омад, ки тобистони соли 1891 бо сардории полковник М. Е. Ионов ба Помир дастаи (отряд) ҳарбии нағз мусаллаҳро фиристад. Ба иғвоангезии ҷосусони англис ва муқобилияти мусаллаҳонаи ҳарбиёни дар Помир ҷойдоштаи Афғонистон нигоҳ накарда, М. Е. Ионов намоишкорона ба англисҳои афғону хитойиҳо фаҳмонд, ки Помир аз ҷиҳати ҷуғрофӣ расман ба ҳудуди империяи Русия ворид шудааст. Сипас М. Е. Ионов дар Шоҷони назди дарёчаи Мурғоб дастаи на он қадар калони ҳарбӣ гузошта, ба Фарғона баргашт. Аз ин истифода бурда, Хитой ва Афғонистон дастаҳои ҳарбии дар ҳудуди Помир қарордоштаи худро қавитар карда, боз бештар ба аҳолӣ муносибати ваҳшиёнаро раво медиданд. Бо талаби генерал-губернатори Туркистон А. Б. Вревский дар Петербург доир ба ҳалли ин масъала ҷаласа даъват карда шуд. Тибқи қарори он моҳи февр. 1892 барои дурусттар муайян намудани вазъи мавҷуда ба Помир отряди 35-нафара бо сардории поручик Бжезитский фиристода шуд. Ӯ дарёфт, ки дар минтақа комилан афғонҳо ва хитойиҳо фармонфармоӣ доранд. Афғонҳо базӯр занҳои ҷавон, духтару писаронро аз хонаводаҳо ҷудо карда, ба Афғонистон мефиристоданд. Тобистони соли 1892 бо сардории М. Е. Ионов ба Помир дастаи калони ҳарбӣ фиристода шуд. Ба ӯ муяссар шуд, ки ҳарбиёни хитойиву афғонро аз минтақа зӯран танг карда барорад. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ду амалиёти ҳарбии солҳои 1891-92 Русия тавонист, ки қисми бештари Помирро аз тасаллути афғону хитойиҳо озод карда, ба ҳайати худ ҳамроҳ намояд. Ба нуқтаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим отрядҳои ҳарбӣ барои фаъолияти доимӣ фиристода шуданд. Ин амали қатъии Русия Англияро маҷбур намуд, ки ба ҳалли масъалаи Помир ҷиддан машғул шавад. Ба натиҷаи гуфтушунидҳои пешакӣ такя карда, сафири Русия дар Лондон Стаал 27 февр. (аз рӯи тақвими нав — 11 март) 1895 ба Вазорати корҳои хориҷии Англия номаи эътирозӣ (нота) пешниҳод намуд, ки дар он шарту шароити расман «муайян намудани хатти сарҳаддии байни Русия ва Британияи Кабир дар Помир» муайян карда шуда буданд. Тибқи шартномаи дар ин замина тайёршуда хатти сарҳаддӣ бо Афғонистон дар Ғарби Зоркӯли д. Панҷ муайян гардид. Заминҳои соҳили рости Панҷ — Рӯшон, Шуғнон ва қисми шим. Вахон аз лашкари афғон тоза карда шуда пурра ба ихтиёри Русия гузаштанд. Ин сарҳадҷудокунии сунъӣ бозии номатлуб ба сарнавишти миллати тоҷик буд. Заминҳои соҳили чапи д. Панҷ, ки таърихан ҷузъиёти ҳудудии мулкҳои Рӯшон, Шуғнону Вахон ҳисоб меёфтанд, бо амлокдориҳои соҳили чапи Панҷи бекии Дарвози Аморати Бухоро ба ихтиёри Афғонистон гузаштанд. Масъалаи муайян намудани сарҳадди Русия ва Хитой ба нигоҳ доштани нуқтаи сарҳаддии Русия дар Тошқӯрғони Сариқул нигоҳ накарда, ҳалли боадолатонаи худро ёфта натавонист. Ҳалли ноодилонаи сарҳадмуайянкунии Русияву Англияро дар Помир маҳкум намуда, мардумшиноси намоёни рус А. А. Бобринский чунин баҳо додааст: «Дар асоси ин шартнома Вахон, Ишкошим, Ғорон, Шуғнон, Рӯшон қисмат карда шуданд. Қисми соҳили рости Панҷи онҳо ба ихтиёри мо, қисми соҳили чап ба Афғонистон гузаштааст. Сарҳадди нав ин ҷамоатҳоро ба ду қисм тақсим кард. Ин ҳолатеро мемонад, ки агар касе бо тадбири хаёлии худ дар байни ду давлат тақсим кардани деҳаи русро пешниҳод намояд». Шарқшиноси бузург В. В. Бартолд натиҷаи ин шартномаро шарҳ дода зикр кардааст, ки «сарҳадмуайянкунии Помир соли 1895 раванди тамоман барҳам додани мустақилияти тоҷикон ва тақсими ин вилоятҳоро дар байни Русия, Афғонистон ва Бухоро анҷом дод».

Ҳамин тариқ, хатти сарҳаддии империяи Русия ва дастнигари англисҳо Афғонистон дар Помир расман тасдиқ гардид. Бо ин раванди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна анҷом ёфт. Нигаҳдошти мустақилияи Аморати Бухоро ва хонии Хева низ нисбӣ буд. Аввалан як қисми ҳудуди онҳо бевосита ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда шуда, тибқи шартномаҳо дар байни ин ду хонӣ ва Русия ба имзо расид ва онҳо пурра дар тобеияти мустамликавии мутлақият нигоҳ дошта мешуданд. Баъди базӯр ҳамроҳ кардани минтақа, сохтори идоракунии он бидуни назардошти манфиати мардум ба талаботи низоми мустамликадории империализми рус мувофиқ карда шуд. Сохтори маъмурии мустамликаҳои Осиёи Миёна тибқи «Низомнома доир ба идоракунии кишвари Туркистон», ки соли 1886 қабул шуда буд ва онро ба истилоҳ «идораи ҳарбии халқӣ» меномиданд, расман пурра ба роҳ андохта шуд. Ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон панҷ вилоят: Ҳафтрӯд (Семиречье), Сирдарё, Фарғона, Самарқанд ва Моварои Каспий дохил мешуданд. Ҳар як вилоятро (ба истиснои Моварои Каспий, ки он дар зери итоати сардори вилоят буд) губернатори ҳарбӣ идора мекард. Вилоятҳо ба уездҳо, уезд ба приставҳо ва онҳо дар навбати худ ба волостҳо ҷудо мешуданд. Фақат дар волостҳо бо салоҳдиди маъмурини сатҳи вилоятӣ ва уездӣ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ сардор (волостной) таъйин карда мешуд. Ҳарчанд расман вазифаи оқсақоли волостӣ интихобӣ бошад ҳам, хоҳиши «интихобкунандагон»-и маҳаллӣ кам ба назар гирифта шуда, амалан ба хоҳишу ризояти амалдорони рус вобаста буд. Онҳо, табиист, ки дар ин вазифаи маъмурии зинаи поинӣ хидматгузорони содиқи худро тариқи «интихобот» ҷойгузин мекарданд. Дар маҷмӯъ сохтори тамоми зинаҳои маъмурии кишвари Туркистон ба талаботи идоракунии тарзи «ҳарбӣ-феодалӣ»-и мутлақияти Русия пурра мувофиқат мекард.

Сиёсати мустамликавии мутлақият дар Осиёи Миёна дар муносибатҳои истеҳсолӣ баръало эҳсос мешуд. Корхонаҳои бо ташаббуси саноатгарони рус дар ин минтақа сохташуда ва фаъолиятдошта асосан аз коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ, хоссатан пахта ва пашму пӯст иборат буданд. Тамоми маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар корхонаҳои марказии Русия истеҳсол мегардид. Минтақа пурра ба пойгоҳи ашёи хом, қувваи арзони коргарӣ ва бозори савдои молҳои саноатии давлати соҳибмустамлика табдил ёфт.

Давраҳои таърихи мустамликадории Русия дар Осиёи Миёна[вироиш]

Таърихи мустамликадории Русия дар Осиёи Миёна аз рӯйи зинаҳои муайяншудаи илмӣ ду давраро дар бар мегирад; а) аз оғоз то анҷоми тасарруфи Осиёи Миёна (миёнаи солҳои 60 — охири садаи XIX), даврае, ки воридшавии сармояи Русия ба ҳудуди кишвар нисбатан суст гузашта, асосан бо фурӯши маҳсулоти саноатӣ маҳдуд шуда буд; б) давраи монополистии капитализм (империализм)-и рус (аз охири солҳои 90 садаи XIX то ғалабаи Инқилоби Октябр). Дар давраи дуюм ҳаҷми сармоягузории Русия ба истеҳсолоти минтақа аҳаммияти махсус пайдо карда, вобаста ба талаботи саноати марказӣ махсусгардонии соҳаи кишоварзӣ бо суръати баланд ҷараён гирифта буд. Дар ин замина мавқеи бонкҳо торафт мустаҳкам мешуд. Рушди мунтазами робитаи истеҳсолоти маҳаллӣ бо марказҳои саноатии империяи соҳибмустамлика зарурати сохт-мони роҳи оҳанро пеш овард. Он дар навбати худ мавқеи сармоягузориро дар истеҳсолоти Осиёи Миёна, аз ҷумла Аморати Бухоро боз қавитар гардонд. Аз таҳлили ҳаводиси замони мустамлика бармеояд, ки сиёсати иқтисодии Русия дар Осиёи Миёна бештар ба бозори савдои молҳои саноатӣ ва манбаи ашёи хом табдил додани он нигаронида шуда буд. Чунин сиёсат дар муносибати мутлақияти Русия нисбат ба дину системаи маориф низ ба мушоҳида мерасид. Ин тарзи муносибат аз як тараф дар нигаҳдошт, вале муттасилан ба итоати худ даровардани муассисаҳои динӣ (қозиёту муфтиёт ва ғайра) ва аз тарафи дигар дар афзоиш додани таъсири калисои православӣ дар кишвар буд. Ҳарчанд додгоҳҳо (судҳо)-и анъанавии мардумӣ дар шакли додгоҳи бийҳо (дар асоси одат) барои аҳолии кӯчӣ ва қозиёт (дар асоси шариат) барои аҳолии муқимӣ нигоҳ дошта шуда бошанд ҳам, амалан мудохилаи маъмурии амалдорони рус равшан аён буд. Дар соҳаи маориф низ дар мадди аввал ҳар чӣ беш-тар ҷорӣ намудани системаи таълими русӣ ва бо ин роҳ ҷараён гирифтани русикунонӣ ва бештар наздикшавии аҳолии маҳаллӣ бо анъанаҳои русӣ меистод. Ин раванд дар фаъолияти «Управленияи муассисаҳои таълимии кишвари Туркистон», ки дар сари он саринспектор (нозир)-и омӯзишгоҳҳо меистод, пурра зоҳир мегашт.

Албатта, ба тамоми раванди иҷборӣ ҳамроҳкунии Осиёи Миёна ба Русия ва замони дар итоати мустамликавӣ қарор доштани минтақа пурра чашм пӯшидан аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Бо вуҷуди ҳама бадиҳои ин давра, ки асосан аз сиёсати мустамликадории империяи Русия бармеомад, падидаҳои мусбате низ ба назар мерасанд. Пӯшида нест, ки зинаи сармоядории ҷомеаи инсонӣ нисбат ба муносибатҳои истеҳсолии феодалӣ бартар аст. То замони ҳамроҳ кардани минтақа ба Русия дар ин ҷо муносибатҳои авлодию қабилавӣ (дар мавзеъҳои кӯчиён), патриархалӣ-феодалӣ (мавзеъҳои зисти аҳолии муқимӣ) ва ҳатто ғуломдорӣ мавҷуд буданд. Ҳам давлатҳои нисбатан бузург — Аморати Бухоро, хониҳои Хеваву Хӯқанд ва ҳам даҳҳо давлати кӯчаку мустақил, мулкҳои тобеъу нимтобеъи дар паҳнои Осиёи Миёна мавҷуд ҳолати парокандагии феодалиро аз сар мегузаронданд. Кашмакашҳои дарборӣ, задухӯрдҳои муттасили ҳарбии байни давлатҳову мулкҳо, андозу маҷбуриятҳои бениҳоят сангин сабаби дар ҳолати фоҷиабори зиндагӣ қарор дош-тани аҳли заҳмат гардида буданд.

Ба Русия ҳамроҳ кардани минтақа ва ба доираи муносибатҳои сармоядорӣ кашидани он то андозае ба сохтори маъмурӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ тағйирот ворид намуд. Оғози инқирози хоҷагии натуралӣ, барҳам додани муносибатҳои ғуломдорӣ, суръатгирии муносибатҳои молию пулӣ, пайдоиш ва рушди корхонаҳои нахусткоркарди маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ, сохтмони роҳи оҳан ва дар ин замина торафт бештар ба доираи бозори Русия кашидани минтақа барои рушди ояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна мусоидат мекард. Аз рушди муносибатҳои тиҷоратии тарафайн чунин далелҳо шаҳодат медиҳанд: соли 1914 ҳаҷми маҳсулоти аз Русия ба Осиёи Миёна интиқолёфта ба 243,6 млн сӯм расид, ки 40 дарсади онро молҳои саноати бофандагии Русия ташкил медоданд; аз Осиёи Миёна ба Русия ба маблағи умумии 269 млн сӯм маҳсулот кашонда шудааст, ки аз ин миқдор 213,5 млн сӯм ё 80 дарсади он пахта буда, барои эҳтиёҷоти саноати бофандагии давлати соҳибмустамлика фиристода шудааст. Ба минтақа торафт бештар ворид кардани молиёт барои равнақи савдову саноат ва нақлиёт мусоидат мекард. Осиёи Миёна торафт бештар ба кишвари якказироатӣ табдил меёфт. Вобаста ба афзоиши талабот ба пахта ба минтақа навъҳои бештар ҳосилдиҳандаи тухми пахтаи аз Амрико овардашуда паҳн карда мешуд. Соли 1900 пахтаи Осиёи Миёна ҳамагӣ 24 дарсади талаботи саноати бофандагии Русияро таъмин намуд. Соли 1913 ин нишондиҳанда ба 50 % расонда шуд.

Осиёи Миёна ба тавассути ҳамроҳ кардан ба Русия ба доираи муомилоти молии ҷаҳонӣ кашида шуд. Дар минтақа, ҳарчанд нисбатан хеле суст бошад ҳам, корхонаҳои саноатӣ, алалхусус пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба вуҷуд омада, равнақ меёфтанд. Истеҳсолоти саноатӣ ба ҳаёти иҷтимоии кишвар таъсири амиқ гузошт. Шакл гирифтан ва мавқеъ пайдо кардани табақаи нави иҷтимоӣ — коргарон барои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои Осиёи Миёна бетаъсир будан наметавонист. Пайдоиши театр, осорхонаҳо, ба роҳ мондани нашри матбуоти даврӣ дар маркази генерал-губернатории Туркистон ва марказҳои маъмурии вилоятҳо, ташкилёбии макотиби таълимӣ бо усули ҷадид барои рушди фарҳанги муосир дар минтақа имкони бештаре фароҳам оварданд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи илмии минтақа аз тарафи муҳаққиқини рус ва дар ин замина ба доираҳои илмии муосир ворид шудани намояндагони маҳаллӣ низ яке аз натиҷаҳои мусбати ин раванд ба шумор меравад.

Вале дар маҷмӯъ барои нигоҳ доштани арзишҳои таърихӣ-миллии мардумони маҳаллӣ ба Русия ҳамроҳ кардани мамлакатҳои Осиёи Миёна монеаи ҷиддӣ шуд. Худи ҳамин мафҳуми «аҳли мустамлика» будан барои мардумони бумии минтақа, аз ҷумла тоҷикон, сахт таҳқиромез буд. Ва аммо ғалабаи Инқилоби Октябр ва ба сари ҳукумати рус омадани коргарону деҳқонони он кишвари бузург то ҳадде зулми аввалинҳоро коҳиш дод ва имкон фароҳам сохт, то мардумони минтақа, аз ҷумла тоҷикон, ба давлатсозиҳои миллии худ оғоз кунанд. Агарчи дар тақсимоти миллӣ-ҳудудии минтақа дар ҳаққи миллати тоҷик беадолатиҳои бузурге сурат гирифт, вале боз ҳам ба сифати мардумони соҳибватан ва соҳибдавлат пазируфта шудани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷумҳурии махсуси худ дар ҳайати давлати Шӯравӣ арзиши бузурги таърихӣ дошт.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • История народов Узбекистана. Т. 2. Ташкент, 1947;
  • Ғафуров Б. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав, китоби дуюм. Д., 1998;
  • Халфин Н. А. Политика России в Средней Азии (1857—1868 гг.). М., 1960;
  • Ҳамон. Присоединение Средней Азии к России (60-70-е годы XIX в.). М., 1965;
  • Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Т. I. Д., 1962;
  • Боқиев О. Завоевание и присоединение Северного Таджикистана, Памира и Горного Бадахшана к России. Д., 1994;
  • Пирумшоев Х. Российско-среднеазиатские отношения XYI — середины XIX веков в русской историографии. Д., 2000;
  • Пирумшоев Х., Маликов М. Русия — Таджикистан: история взаимоотношений. Д., 2009;
  • История таджикского народа. Т. 4 ва 5. Д., 2004.

Сарчашма[вироиш]