Сайидмуҳаммадхоҷа Бебок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бебок, Саййидмуҳаммадхоҷа)
Сайидмуҳаммадхоҷа Бебок
Саййидмуҳаммадхоҷа ибни Аҳмадхоҷа
Тахаллусҳо: Бебок بیباک
Таърихи таваллуд: садаи XIX
Зодгоҳ: Бухоро
Маҳалли даргузашт: Бухоро
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: Ғазал қасида, рубоиёт, мухаммас
Забони осор: забони тоҷикӣ

Бебок форсӣ: بیباک‎, Саййидмуҳаммадхоҷа ибни Аҳмадхоҷа (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст. Пас аз хатми таҳсили мадраса мударрис шуд ва ба шеъру шоирӣ низ шуғл меварзид. Бо тахалл. «Бебок» ва дар охирҳои умраш «Назим» шеър иншо мекард. Аз Бебок то замони мо ду девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфузанд. Дар девони Б. ғазалҳо, қасидаҳо, мухаммасҳо, рубоиёт, манзумаҳо (маснавӣ), қитъаҳои таърихӣ, «Соқинома» ва ғ. фароҳам омадаанд. Мавзӯи ашъори Б. ишқу муҳаббат, шикоят аз замона, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ғ. мебошанд. Ғазалиёти Бебок бештар дар тақлиди Мирзо Абдулқодири Бедил гуфта шудаанд. Аммо ӯ ба Бедил дуруст пайравӣ кардан натавонистааст. Ин ҳолатро на танҳо аз мазмуни ашъор, балки аз сабку услуб, тарзи нигориши ӯ ошкор метавон кард.

Бебок сувари (образҳои) ашъори Бедилро хароб кардааст, дар истифода аз калимаҳову ибораҳо, таносуб, мантиқи сухан, воситаҳои тасвири бадеӣ (ташбеҳ, истиора ва ғайра) саҳлангорӣ намудааст. Масалан, ӯ мегӯяд:

Дар ин маҳфил, ки бозад ранги тоқат парфишониҳо,
Чӣ сон ҷавлон кунад бисмил ғубори нимҷониҳо.
Чӣ гӯям, нест имкони тахайюл парфишон созам,
Аз он кишвар, ки азми ҷода бахшад бенишониҳо.
Ба ранги шуълаи ҷавволи мавҳум аст таъмирам,
Қафас бар пой бунёдам, чӣ донам ошёниҳо?...

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳодизода Р.. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX. Д., 1968;
  • Шоирони Мовароуннаҳр (аз Рӯдакӣ то Айнӣ). Д., 2006.