Бегалӣ Аҳмадалиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бегали Аҳмадалиев)
Бегалӣ Аҳмадалиев
Таваллуд 16 май 1929(1929-05-16)
Даргузашт 13 апрел 1999(1999-04-13) (69 сол)
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Бегалӣ Аҳмадалиев (Бегали Расулович Аҳмадалиев; (16 майи 1929, ноҳияи Нов, ҶМШС Тоҷикистон — 13 апрели 1999, Хуҷанд, Тоҷикистон) — ходими давлатӣ ва сиёсии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1929 дар деҳаи Қуштегирмони ноҳияи Нов таваллуд шудааст. Узви ҲКИШ аз соли 1949.

Аз соли 1947 — дар корҳои хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Солҳои 1947 — 1990 — муаллими мактаби миёна, тарғибгари кумитаи ҳизбии ноҳияви дар Артиши Шӯравӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳиявӣ, котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Нов, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Нов, Котиби якуми кумитаҳои ҳизбии ноҳияи Пролетар, Зафаробод, муовини раис, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод, Вазири таъминоти иҷтимоии ҶШС Тоҷикистон.

Ӯ вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 7-11 интихоб шуда буд.

Бегали Расулович Аҳмадалиев соли 1999 дар Хуҷанд даргузаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ахмадалиев Бегали Расулович // Хуҷанд. Энсиклопедия — Душанбе, 1999.-- С. 44-45.