Бегим (шоираи эронӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бегим (с. тав. номаълум — ваф. 1789, ш. Қуми Эрон) — шоираи эронӣ.

Аз хонадони аҳли қалам — шоирон. Бо тахаллуси «Рашҳа» шеър гуфтааст. Аҷдодаш аз Урдубоди Озарбойҷон буда, дар аҳди Сафавиён аввал ба Исфаҳон, баъдан ба Кошон рафта, муқимӣ шудаанд. Дар тазкираҳои бисёре аз қабили «Нуқли маҷлис», «Тазкират- ул-хавотин», «Нигористони сухан» ва ғ. аз Б. чун шоираи бомаҳорату соҳибтабъ маълумот дода шудааст. Девоне шомили 3 ҳазор байт дар замони барҳаёт буданаш таҳия карда будааст.

Байти зерин аз ӯст:

Изтиробам зери теғаш не зи бими куштан аст.
Шавқи теғи ӯст, тоб аз ҷони ширин мебарад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

، کشاورز صدر. زنان که به فارسی شعر گفته اند. چاپ کاویان بدون جای نشر ۱۳۴۱ ه. ش.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]