Бедили Кирмоншоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бедили Кирмоншоҳӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир

Бедили Кирмоншоҳӣ (форсӣ: بیدل کرمانشاهی‎; Мирзо Ҳоҷимуҳаммад ибни Мирзо Алимуҳаммад, ? — 1872) — шоири эронӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Мувофиқи маълумоти манбаъҳо Бедили Кирмоншоҳӣ шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовили давр, инчунин аз арӯзу мусиқӣ ва ғ. будааст. Дар миёни шуаро ва удабои давр обрӯю эътибори баланд доштааст. Шоири маъруф Қоонии Шерозӣ ӯро устод мехондааст. Дар сурудани ашъори ҷавобия (ба қасидаҳои гузаштагон бо риояи сабкашон), моддаҳои таърих ва ғ. маҳорат доштааст. Аз осори Бедили Кирмоншоҳӣ девони бузурге шомили қасоиду ғазалиёт, рубоиҳову қитъаҳо, осори мансури «Туҳфат-уз-зокирин», «Достони мотам», маснавии «Усру юср», рисолае дар арӯз, рисолае дар илми сарф бо номи «Рабеия» ва ғ. маълуманд. Абёти зерин аз нигоштаҳои ӯянд:

Дӯшина, ки шуд чида басе шамъ дигар бор,
Дар маҳфили меҳроҷи шаб аз собиту сайёр.
Бо ҷони фигорам ғами маҳҷурии ҷонон,
Бо ҷисми низорам алами дурии дилдор.
Кард, он чи кунад барқи фурӯзанда ба хирман,
Кард, он чи кунад оташи сӯзанда ба гулзор.
Чашмам ба раҳи дилбару рӯям ба фироқаш,
Чун ҳалқа ба дар будию чун коҳ ба девор.
Ногоҳ даромад зи дарам он маҳу гуфтӣ,
Хуршеди ҷаҳонтоб аён шуд ба шаби тор...

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.