Бедона (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бедона — як навъ ангури қадимии маҳаллӣ; селексияи халқист.

Баргаш калон (андозааш 16,5×16,0 см), сабзи баланд, дандонадори 5-7- парра, канорҳояш қифшакл. Авв. май гул карда, ох. авг. мевааш мепазад. Хӯшааш миёнаҳаҷм (вазнаш 270—340 г, дарозиаш 18-21 см, бараш 14-16 см), дарозрӯя ё махрутшакл, шингилҳои болояш хуб инкишоф ёфтаанд; ғужбаш миёна (вазни 100-тоаш 195—210 г), лунда, сабзи сафедтоб, ғужмаш тунук. Дилааш хамираки карсосӣ, серобу ширин, таъми тутро дорад. Дар таркиби меваи расидааш 24-25 % қанд ва 4,5-5,5 г/л туршӣ мавҷуд аст. Даври нашваш 139—144 рӯз. Аз ҳар га 140—200 сентнер ҳосил меғундоранд.

Бедонаро асосан тар мехӯранд ва мавиз мекунанд. Токи Бедона зудсабз буда, ниҳолаш баъди 3 соли шинондан самар меорад. 45-55-дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ, ҳангоми 6-8 буғум монда буридан ҳосили хуб медиҳад. Дар заминБедона. ҳои лалмӣ месабзад. Бештар дар ноҳияҳои водии Ҳисор ва вил-ҳои Сурхандарёву Қашқадарёи Ӯзбекистон парвариш меёбад. Аз касалиҳои гарда, қарасон ва баргпечаки хӯшаи ток зарар мебинад.

Адабиёт[вироиш]

  • Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо. — Д., 1999.
  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. 1, М., 1963;
  • Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1972.

Сарчашма[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]