Бекасии Саҷовандӣ
Зоҳир
Бекасии Саҷовандӣ (форсӣ: بیکسئ سجاوندی ) | |
Зодгоҳ: | шаҳри Ғазна |
Таърихи даргузашт: | 1566 |
Маҳалли даргузашт: | шаҳри Пешовар |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | забони порсӣ |
Бекасии Саҷовандӣ (форсӣ: بیکسئ سجاوندی ; ? — 1566) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш — шаҳри Ғазнаи Афғонистон улуми мутадовили даврро омӯхт ва ба камол расид. Пас аз сафари ҳаҷ ба Ҳиндустон рафт ва омӯзиши илмро, махсусан илми ҳадисро идома дод. Ҳангоми бозгашт ба ватан дар шаҳри Пешовар аз олам даргузашт. Дар манбаъҳои адабӣ, мас. тазкираи «Шамъи анҷуман» чун шоири тавоно, шахси фозилу комил тавсиф шудааст. Девон доштааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо, радоифулашъорҳо (мас., «Туҳфату-л-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ) ва ғ. оварда шудаанд.
Абёти зерин аз ӯст:
- То чу гул хайма ба дашт он гули раъно задааст,
- Ҷонам аз кишвари тан хайма ба саҳро задааст.
- Гар ба ту зулфи дилам дасти таманно задааст,
- Аҷабе нест, ки девонаву савдозадааст.
- Домани шоҳиди гул баҳри чӣ шуд хунолуд,
- Магараш хори таманнои ту дар по задааст?!
- Ҳар насиме, ки гузар кард аз он ҳалқаи зулф,
- Дам зи мушки Хутану анбари соро задааст.
- Нест дар анҷумани чархи барин машъали меҳр,
- Оҳи ман шуъла бар ин торами хазро задааст.
- Кӯҳкан аз мижа ҳар донаи ашке, ки фишонд,
- Хори ҳасрат шуда, сар аз дили хоро задааст.
- Бекасӣ, дода фалак соғари ишрат ҳамаро,
- Санги бедод ҳамин бар қадаҳи мо задааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бекасии Саҷовандӣ / С. Ализода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.