Муродбоқӣ Бекназаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бекназаров Муродбоқӣ)
Муродбоқӣ Бекназаров
Муродбоқӣ Бекназаров
Таърихи таваллуд 9 январ 1953(1953-01-09) (71 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фориши, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Муродбоқӣ Бекназаров (09.01.1953, ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд) — пизишк. «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР», «Аълочии тандурустии Тоҷикистон». Узви Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди СПИД дар ИДМ, Федератсияи Русия, Раиси Прав. мубориза бар зидди бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии «Ҷонатан Ман».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муродбоқӣ Бекназаров дар Омӯзигоҳи тиббии Душанбе (1970–73) ва дар шуъбаи шабонаи УДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст (1980–86). Фаъолияти кориаш аз соли 1973 оғоз ёфтааст: ёвари духтури санитарӣ, энтомологи Стансияи санитарӣ ва эпидемиологии ҷум.-явии Вазорати нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон (1973–86). С. 1986 ба кори шуъбаи маор., илм ва тандурустии Ком. назорати халқӣ гузаштааст. С. 1992–2003 ба ҳайси дир. Маркази ҷум.-явии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон, с. 2003–2006 ҳамчун роҳбари Лоиҳаи грантҳо оид ба мубориза бар зидди бемориҳои СПИД, сил ва вараҷаи Барномаи рушди СММ ва с. 2006–08 ба сифати мутах. Барномаи минтақавии Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба пешгирии бемории СПИД фаъолият кардааст. Аз с. 2008 – кот. масъули Ком. миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ//СПИД, сил ва вараҷаи назди Ҳук. ҶТ. Бо ҷидду ҷаҳди ӯ ба ҶТ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳ ои СПИД, сил ва вараҷа ба маблағи зиёда аз 180 млн. доллар аз ҳисоби Хазинаи Умумиҷаҳонӣ ба тариқи грантҳои ройгон ёрдампулӣ ворид гардидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР»,
  • «Аълочии тандурустии Тоҷикистон»,
  • дорандаи Ҷоизаи байналмилалии «Ҷонатан Ман»,
  • Ифтихорномаи Ваз. тандурустии Тоҷ ва Ифтихорномаи «Лоиҳаи барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба пешгирии бемории СПИД».[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6