Бекор кардани ҳукм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бекор кардани ҳукм — усулан рад шудани ҳукми суд.

Асосҳои бекор кардани ҳукм[вироиш]

Ба бекор кардани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд:

  • яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ;
  • мувофиқат накардани хулосаи суд ба ҳолатҳои воқеии парванда, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба таври ҷиддӣ вайрон шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ;
  • нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ;
  • номувофиқии ҷазои таъйиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.

Дар мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва парвандаи оғозшуда қатъ карда мешавад:

  • ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ;
  • ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардида бошад, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 147 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;
  • нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон;
  • нисбат ба шахсе, ки дар ҳақи ӯ аз рӯйи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъйиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ҳамон асос мавҷуд аст;
  • нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Бекор кардани ҳукм / Э. Насурдинов, Д. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.