Белянкин, Дмитрий Степанович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Белянкин, Дмитрий Степанович
Белянкин Дмитрий Степанович
Санаи таваллуд:

20 август 1876(1876-08-20)

Зодгоҳ:

Вологда, СССР

Санаи марг:

20 июн 1953(1953-06-20) (76 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

минералогия, петрография

Ҷойҳои кор:

Институти илмҳои геологияи АИ ИҶШС

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d]

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Университети Юрйев

Ҷоизаҳо:

Белянкин Дмитрий Степанович (28.08.1876, деҳаи Ламанихаи губернияи Вологда – 20.06.1953, Маскав), минералшинос ва петрографи шӯравӣ, асосгузори петрографияи сангҳои техникӣ, академияи АИ ИҶШС (1943). Университети Юрйевро хатм кардааст (1901). Аз соли 1920 профессор Институти политехникии Петроград. Аз соли 1930 дар Институти петрография, баъдтар дар Институти илмҳои геологияи АИ ИҶШС кор кардааст. Аз соли 1949 академики котиби шуъбаи геология ва ҷуғрофиёи АИ ИҶШС. Асарҳои Белянкин асосан ба маъсалаҳои петрографияи умумӣ, назариявӣ ва техникӣ, ичнунин ба минералогияи сангҳои техникӣ бахшида шудаанд. Дар Урал, Қафқоз ва қисми Аврупоии ИҶШС таҳқиқот гузарондааст. Дар байни онҳо таҳқиқи кӯҳҳои Илмен мақоми махсус дорад. Белянкин бори аввал дар Қафқоз ҷинсҳои ҷавони интрӯзивиро (ба истилоҳ «неоинтрӯзияҳо»), ки бо онҳо конҳои маъдан алоқаман­данд, дарёфт кард ва омӯхт. Ба шарафи ӯ минералеро «белянкинит» номидаанд. Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Сарчашма[вироиш]