Бемории аппендитсит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аппендитсити шадид - илтиҳоби шадиди рӯдаи кирмшакл буда, бо аломатҳои дарди шикам, қайкунӣ ва баландшавии ҳарорати бадан сар мешавад.

  • Шаклҳои клиникӣ:
1) аппендитсити шадиди «катаралӣ» – кирмрӯда пурхун (ҳипермияшуда), варамнок мебошад;
2) аппендитсити шадиди дабилаӣ («флегмонӣ») – кирмрӯда бо қабати лифин (фибринӣ) - фасодӣ пӯшидашуда мебошад;
3) аппендитсити шадиди мавотӣ (мавтшуда, «гангренӣ») – дар девори кирмрӯда қитъаҳои мавтшавӣ мавҷуданд;
4) аппендитсити шикофанда («перфоративӣ») – девори кирмрӯда сӯрохии шикофшуда (перфоративӣ) дорад, дар ковокии шикам фасод мавҷуд аст.
1) ҷамъ намудани маълумотҳои ҳолномаи тиббии бемор (дардҳо дар шикам, қайкунӣ, баландшавии ҳарорати бадан, нооромӣ (беқарорӣ) ё ҳаяҷоният (изтироб), рад кардани хӯрок), ҳатман деринагии беморӣ аниқ карда мешавад;
2) палмосидани («палпатсия») шикам - дарди ҷузъӣ дар минтақаи тиҳигоҳии рости шикам ё аз тарафи рости ноф, тарангии мушакҳои ин минтақа, аломатҳои мусбати ангезиши шикампарда (сифоқ);
3) таҳлили умумии хун - лейкотситоз бо тамоюли нейтрофилӣ ба чап.

Дар кӯдакони синни хурд аппендитсити шадид метавонад бо беқарории сахт, ҳарорати баланди бадан, қайкунии бисёркарата, исҳол ҷараён бигирад. Ҳамаи кӯдакони то 3-солаи дарди шикам дошта бояд ба беморхонаи ҷарроҳӣ равон карда шаванд.

  • Муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ:
1) кӯдакон бо гумонбарӣ ба бемории аппендитсити шадид, дар бештари мавридҳо муолиҷаро тақозо наменамоянд;
2) интиқолдиҳии («транспортировка») кӯдакон бо ташхиси пешакии «шиками шадид» танҳо бо занбар ё дар бағали волидайн;
1. Маълумотҳои ҳолномавии (шарҳи ҳоли) тиббии бемор ва клиникӣ.

Аломатҳои болинии аппендитсити шадиди маъмулӣ дар кӯдакони синни калон, бо мавҷудияти дарди ҷузъӣ дар ҷойи проексияи кирмрӯда, тарангии мушакҳои ин минтақа ва аломатҳои мусбати ангезиши шикампарда фарқ мекунад. Дар мавриди ҷойгиршавии косии кирмрӯда вайроншавиҳои дизурӣ (ихтилоли мезиш ё пешобкунӣ) мушоҳида мегарданд. Дар мавриди ҷойгиршавии пасикӯррӯдаии (ретротсекалии) кирмрӯда метавонад дард дар камар пайдо шавад. Дар кӯдакони синни хурд (то 3-сола) дар робита бо хусусиятҳои аломатҳои клиникии аппендитсити шадид ва мушкилиҳои ташхисгузорӣ, азназаргузаронии кӯдакон дар ҳолати хоби доруворигӣ нишон дода шудааст.

2. Ташхиси лаборатории ҳатмӣ;

а) таҳлили умумии хун; б) таҳлили умумии пешоб – ошкорсозии 10-15 лейкотситҳо дар майдони биниш дар писарбачаҳо ва 20-30 лейкотситҳо дар духтарон дорои аҳамияти ташхисӣ мебошанд; в) таҳқиқоти биокимиёии хун, дар мавриди мавҷудияти илтиҳоби шикампарда (сифоқ) яъне перитонит; г) гурӯҳи хун ва резус-мансубият.

3. Ташхиси иловагии олотӣ (инструменталӣ):

а) таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ);

4. Маслиҳатдиҳии ҳатмии мутахассисон аз рӯйи нишондодҳо.

Дар мавриди имконнопазирӣ мустасно намудани ташхиси аппендитсити шадид, назорати динамикӣ дар шароити беморхонаи ҷарроҳӣ амалӣ гардонида мешавад – дар ин маврид азназаргузаронӣ сари ҳар 3 соат гузаронида мешавад. Имконнопазирӣ дар муддати 6 - 8 соат мустасно намудани ташхиси аппендитсити шадид, барои гузаронидани лапароскопияи ташхисӣ ё мудохилаи ҷарроҳӣ нишондод мебошад. * Муолиҷаи ҷарроҳӣ:

1. Омодасозии қаблии ҷарроҳӣ:

- реҷаи бистарӣ; - гуруснагӣ; - регидрататсия мувофиқи нишондодҳо; - воридсозии антибиотикҳо.

2. Мудохилаи ҷарроҳӣ:

а) роҳёбиҳо (роҳкушоиҳо, дастраскуниҳо)-и ҷарроҳӣ ба узви бемор: - Волкович-Дяконов ё Мак-Бурней; - кӯндаланг; б) хусусияти амали (тактикаи) ҷарроҳӣ дар мавриди аппендитсити одӣ: - дар мавриди мавҷуд набудани тағйиротҳо аз ҷониби кирмрӯда - то гузаронидани ҷарроҳии аппендэктомия гузаронидани тафтиши ковокиҳои шикам, кос, қисми дисталии рӯдаи тиҳигоҳӣ дар тӯли 1 м, бо мақсади ошкорсозии дивертикули Меккел ё лимфаденити банди рӯда (масориқаӣ) (мезоаденит); - дар мавриди мезаденит барои таҳқиқоти ҳистологӣ барканда гирифтани ғадуди лимфавӣ (лимфағудда) зарур мебошад; в) услубҳои аппендэктомия: - инвагинатсионӣ (идхолӣ); г) усулҳои коркарди бақияи кирмрӯда: - лигатурӣ- кисаӣ (халтаӣ, «кисетный»); д) нишондодҳо барои гузоштани микроирригатор – зарурати назорати ҳемостаз (боздошташавии хун) дар ковокии шикам, аз боиси осебнокии мудохилаи ҷарроҳӣ – ба муддати 12 соат. Воридсозии ҷузъии (маҳаллии) антибиотикҳо ва доругиҳои зиддиуфунӣ (антисептикӣ) ба ковокии шикам номатлуб мебошад; е) нишондодҳо барои обияткашикунонии ковокии шикам –мавҷудияти думмал (абстсесс), «перитонитҳои» паҳнёфта, эътимод надоштан ба пурра барканда гирифтани кирмрӯда; ё) кирмрӯда («аппендикс») ва дигар бофтаҳои барканда гирифташуда ҳатман ба таҳқиқоти ҳистологӣ равон карда мешаванд; ж) моеот ва фасоди аз ковокии шикам гирифта баровардашуда, бо мақсади ташбеҳкунии («идентификатсияи») олами барангезандаҳо (микробҳо) ва муайян намудани ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳо, ба лабораторияи бактериолоҷӣ равон карда мешаванд.

  • Муолиҷаи баъди ҷарроҳӣ:
1.Истеъмоли моеъ:

- пас аз 3-6 соат нӯшидани чой ё об иҷозат дода мешавад;

2.Ғизодиҳӣ:

- қабули ғизо аз рӯзи дигар (дуюм);

3.Реҷа:

- бистарӣ - дар муддати 1 шабонарӯз; - рӯзҳои минбаъда – умумӣ;

4. Муолиҷаи антибиотикӣ – антибиотикотерапия (амоксатсиллин, гентамитсин):

- дар мавриди аппендитсити шадид антибиотикотерапияи баъдиҷарроҳӣ одатан гузаронида намешавад ва бо воридсозии доругиҳои дардрафъсозанда қаноат мекунанд, дар мавриди зарурат истифодабарии амокситсиллин, гентамитсин дар вояи синнӣ; - дар мавриди намудҳои нобудсозандаи (деструктивии) аппендитсити шадид бо перитонит, таъйин намудани сефалоспоринҳо мувофиқи мақсад мебошад.

6.Муолиҷаи физиотерапевтӣ:

- УВЧ ба асаббофти хуршедӣ, электрофорез бо маҳлули 3% йодиди калий;

7. Муолиҷаи витаминӣ (витаминотерапия);
8. Кӯкҳоро дар шабонарӯзи 7 –ум канда мегиранд.
  • Назорати диспансерӣ

Аз ҷониби духтури ҷарроҳ ва педиатри дармонгоҳ (маркази саломатӣ) дар мавриди намудҳои бе аворизи бемории аппендитсит дар муддати 2 ҳафтаи баъди аз беморхона ҷавоб шудан гузаронида мешавад ва дар муддати 2 моҳ – дар мавриди аворизнок будани аппендитсит. Маҳдудсозии афзунбориҳои (сарбориҳои) ҷисмонӣ дар муддати 2 моҳ.[1]

Сарчашма[вироиш]

1.Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Дронов А.Р. Острый аппендицит в детском возрасте. М: Москва, 1980г.,189 стр. 2. Ротков И.Л. Диагностические и тактические ошибки при остром аппендиците. М: Москва 1980г., 206 стр. 3. Тошовский В. Аппендицит у детей. М: Москва.Прага,1988г., 207стр. 4. Гераськин А.В., Дронов А.Ф., Смирнов А.Н. Хирургия живота и промежности у детей (атлас). М. “ГЭОТАР – МЕДИА”, 2012г., стр. 165-168.

Пайвандҳо[вироиш]

  1. аппендитсит...
Бемории аппендитсит
eMedicine /