Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бемории салмонеллёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салмонеллёз
Salmonella typhimurium
Salmonella typhimurium
МКБ-10 A02.002.0
МКБ-9 003.0003.0
DiseasesDB 11765
MedlinePlus 000294
eMedicine / 
MeSH D012480

Салмонеллёз (лот. salmonellosis) — сирояти шадиди рӯдавии ҳайвонот ва инсон буда, тавассути бактерияҳои насли салмонелла аз оилаи энтеробактерияҳо ба вуҷуд меояд; бемории сироятии шадиди антропозоонозӣ мебошад, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ва осеби дастгоҳи ҳозима тавсиф меёбад.

Манзараи клиникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Манбаи сирояти салмонеллёз метавонанд ҳайвонот ва одамон бошанд, дар ин ҳолат нақши ҳайвонот дар эпидемиология асосӣ мебошад.

Механизми гузариши сироят — фекалӣ-оралӣ (аз мақъад ба даҳон) аст. Роҳи асосии гузариши сироят — ғизоӣ мебошад[1], хусусан тавассути маҳсулоти пайдоиши ҳайвонотдошт, ки бо салмонеллаҳо олуда шудаанд.

Давраи инкубатсионӣ аз 6 соат то 3 шабонарӯзро ташкил дода, ба ҳисоби миёна 12—24 соат мебошад.

Симптомҳои беморӣ метавонанд равшан зоҳир шаванд ё умуман зоҳир нагарданд. Дар ҳолати охирин, шахс манбаи сироят барои атрофиён мебошад, вале худаш азият намекашад (бактериябардорӣ).

Салмонеллаҳо дар рӯдаи борик ҷойгир шуда, девори рӯдаро ишғол мекунанд ва экзотоксинҳо хориҷ менамоянд. Таъсири токсинҳо (заҳрҳо) боиси гумшавии оби бадан тавассути рӯда, вайроншавии тонуси рагҳо ва осеби системаи асаб мегардад.

Колонияҳои Salmonella enterica дар зарфи агар
Микрофотографияи электронии рӯдаи чӯҷа пас аз 18 соати сироят бо салмонелла.
Колонияҳои салмонелла дар агари XLD

Ҳангоми шаклҳои пурраи салмонеллёз аксаран симптомҳои зерин мушоҳида мешаванд: баландшавии ҳарорати бадан, сустии умумӣ, Дарди сар, Дилбеҳузурӣ, Қайкунӣ, Дарди шикам, дарунравии пайдарпайи обакӣ.

Дар ҳолатҳои вазнин беобшавии организм, калоншавии ҷигар ва сипал (исҳол) мушоҳида мешавад. Эҳтимоли инкишофи Норасоии гурда мавҷуд аст. Дар ҳолатҳои нодир марг ба амал меояд.

Асоси табобати шакли генерализатсияшудаи салмонеллёзро доруҳои зиддибактериявӣ (антибиотикҳо) ташкил медиҳанд[2].

Аз антибиотикҳои гурӯҳи аминогликозидҳо (гентамитсин, амикатсин ва ғайра), хинолонҳо (сипрофлоксасин, офлоксацин), сефалоспоринҳо, левомисетин, ампитсиллин ва амоксисиллин истифода мебаранд. Ҳангоми табобати дуруст ва саривақтӣ беморӣ тақрибан дар рӯзи даҳум шифо меёбад.

Ҳангоми шакли гастроинтестиналӣ (маҳаллӣ)-и салмонеллёз антибиотикҳо таъйин карда намешаванд[1].

Яке аз усулҳои алтернативии табобат истифодаи бактериофагҳои табобатии салмонеллёзӣ мебошад. Сорбентҳо низ барои хориҷ кардани токсинҳо аз дастгоҳи ҳозима истифода мешаванд.

Ташхиси салмонеллёз дар маҷмӯъ бо назардошти маълумоти эпидемиологӣ, симптомҳо ва натиҷаҳои тадқиқоти лабораторӣ, ки ба ҷудо кардани барангезанда нигаронида шудаанд, гузаронида мешавад.

Эпидемиология

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти гузориши The European Union One Health 2022, салмонеллёз дуввумин бемории маъмултарини ғизоии рӯдаву меъда дар ИА дар соли 2022 буд. Дар соли 2022 65 208 ҳолати тасдиқшуда қайд шудааст. Сатҳи марг 0,22 %-ро ташкил дод.

Салмонеллёз дар ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳайвонот салмонеллёз дар шакли бемории клиникӣ ва бактерияхориҷкунӣ вомехӯрад. Хавфи эпидемиологиро сирояти говҳо, хукҳо, гӯсфандон, аспҳо, сагҳо, гурбаҳо ва хояндаҳо ташкил медиҳад. Паррандаҳо дар эпидемиологияи салмонеллёз ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Салмонеллаҳо дар тухм, гӯшт ва узвҳои дохилии паррандагон пайдо мешаванд.

Покровский В. И., Ющук Н. Д. Сальмонеллёзы // Большая советская энциклопедия.