Бемориҳои ангалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Хомушак дар ҳоли газидани одам
Хомушак дар ҳоли газидани одам

БЕМОРИҲÓИ АНГАЛӢ, бемориҳои паразитӣ, касалиҳое, ки онҳоро кирмҳои паразит (гелминтҳо), содатаринҳо (амёбаҳо, лейшманияҳо, лямблияҳо, токсоплазмаҳо, плазмодияҳо ва ғайра) ва бандпойҳо (ҳашарот ва канаҳо) ба вуҷуд меоваранд. Дар организми одам тақрибан 50 намуди содатаринҳо мавҷуданд. Онҳо ангезандаи бемориҳои протозоӣ, масалан, амёбиаз, лейшманиозҳо, лямблиоз, вараҷа, токсоплазмоз ва ғайра мебошанд. Ҳашарот ва канаҳои паразит мутобиқан ангезандаи энтомозҳо ва акарозҳо маҳсуб мешаванд. Ба энтомозҳо миазҳо (узву бофтаи ҳайвоноту одамро иллатнок кардани кирминаи пашша) ва дерматозоонозҳо (бемориҳои пӯст, ки аз газидани шабуш, пашша, хомӯшак ва ғайра сар мезананд) дохил мешаванд. Ангезандаҳои бемориҳои ангалӣ муваққатӣ ва доимианд. Ангезандаҳои муваққатӣ дар табиат ё манзили одамон зиндагӣ карда, фақат барои ғизо аз чанд соат (пашша, хомӯшак, мағилмак ва ғайра) то якчанд рӯз (канаҳо) ба одамон дармеафтанд. Ангезандаҳои доимӣ дар берун ё андаруни ҷисми одам (шабуш, киҷҷаҳо, содатаринҳо) зиндагӣ мекунанд. Ангезандаҳои бемориҳои ангалӣ вобаста ба ҷойгириашон дар организм эктопаразит (берунӣ) ва эндопаразит (дарунӣ) мешаванд. Эктопаразитҳо муваққатан (пашшаҳо, ғурмагас, хомӯшакҳо ва ғайра) ё доимӣ (шабуш) дар пӯст ё мӯйи одам ҷой мегиранд. Эндопаразитҳо дар узву бофтаҳо, масалан, шуш, ҷигар, рӯда, хун, майна, мушакҳо сокин мешаванд. Паразитҳои пӯст дар қабати пӯст (канаи хоришак, кирминаи ғурмагаси меъда – дар марҳалаи аввали инкишоф), паразитҳои дарунӣ дар ҷавфи бадан, масалан, бинӣ, гӯш, даҳон, роҳи пешоб ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Ангезандаҳои бемориҳои ангалӣ ба организми одам ба воситаи пӯст, даҳон, мақъаду маҳбал, сӯрохи пешоброҳа ва бинӣ роҳ меёбанд. Вобаста ба тарзи интиқоли ангезанда бемориҳои ангалӣ ғизоӣ, тамосӣ, интиқолӣ ва ғайра мешаванд. Ҳангоми бемориҳои ангалии ғизоӣ ангезандаҳо (киҷҷаҳо, амёбаҳо, лямблияҳо ва ғайра) ба организм дар аснои истеъмоли хӯроки бо паразитҳо сироятёфта (масалан, гӯшти бо кирминаи трихинелла ё моҳии бо кирминаи тасмакирм олуда) ё ошомидани оби ифлос ворид мегарданд. Онҳо ба организм метавонанд аз косаву табақ ва дасти ифлос низ дохил шаванд. Бемориҳои ангалии тамосӣ аз шахси бемор (ё ҳайвон), об, хок ва асбобу анҷоми рӯзгор мегузаранд (хоришак, шабушнокӣ, анкилостомидоз). Бемориҳои ангалии интиқолиро мағмилакҳо (ангезандаи лейшманиоз) ва пашшаи вараҷа паҳн мекунанд. Ангезандаи Бемориҳои ангалӣ бофтаю узв­ҳоро иллатӣ месозад; организмро заҳролуд карда, боиси пайдоиши аллергия ва вазнин гузаштани бемориҳои дигар мегардад:
Бемориҳои ангалиро бо доруҳои бактериякуш, инчунин гемотерапия, витаминҳо ва ғайра муолиҷа мекунанд. Барои пешгирии Бемориҳои ангалӣ иҷрои чунин тадбирҳо ногузир аст: ошкор ва муолиҷа кардани беморон ва ҳомилони паразитҳо; бо роҳи дезинфексия ва дизенсексия нобуд кардани паразитҳо; ҳифзи муҳит аз пасафканди одам ва ҷонвароне, ки ангезандаи Бемориҳои ангалӣ доранд; ҳифзи одамон аз ҳуҷуми банд­пойҳои паразит (истифодаи репеллентҳо, либоси муҳофиз, пашшахона) ва ғайра.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

  • Камардинов Х. К. Тропические и паразитарные болезни человека. Душанбе, 2003;
  • Камардинов Х. К. Инфекционные и паразитарные болезни человека. Душанбе, 2009.


Бемориҳо
Нозология | Патогенез | Патология | Этиология | Бавосир | Бемории ғалаёни хун | Бемории шуоъӣ | Бемориҳои ангалӣ | Бемориҳои асаб | Бемориҳои кӯдакон | Бемориҳои вирусӣ | Бемориҳои ирсӣ | Бемориҳои касбӣ | Бемориҳои пӯст | Бемориҳои рӯҳӣ | Бемориҳои сироятӣ | Бемориҳои чашм | Бемориҳои зуҳравӣ