Бенавенте-и-Мартинес
![]() |
Хасинто Бенавенте-и-Мартинес | |
Jacinto Benavente Martínez | |
![]() | |
Санаи таваллуд: |
12 августи 1866 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: |
14 июли 1954 |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: |
намоишноманавис, рӯзноманигор, нависанда, сиёсатмадор, dramaturgy, шоир |
Жанр: | |
Забони осор: | |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
БЕНАВЀНТЕ-И-МАРТЍНЕС Хасинто (испанӣ: Jacinto Benavente Martínez; 12 августи 1866, Мадрид — 14 июли 1954 ҳамон ҷо), драматурги испанӣ. Зиёда аз 150 пйеса дар жанрҳои гуногун: маишӣ, психологӣ, ахлоқӣ-фалсафӣ, рамзӣ ва ғайра офаридааст. Дар баъзе асарҳояш («Шахсони маъруф», 1896; «Ғизои ҳайвоноти ваҳшӣ», 1898) нисбат ба ашрофияи ҷамъияти буржуазӣ назари манфӣ, мазамматкунанда дорад, вале дар баробари ин Бенавенте-и-Мартинес нисбат ба халқ маъюсона сухан мегӯяд, қобилияту фаъолияти онро инкор менамояд. Дар пйесаҳои беҳтаринаш – мазҳакаҳои «Манфиатҷӯйҳо» (1907) ва идомаи он «Шаҳри хушҳолу фориғбол» (1916), ки ба танқиди тамаъкории табақаи буржуазия нигаронда шудаанд, бо тарғиби такомули ахлоқӣ иктифо намудааст. Пйесаҳои дар мавзӯъҳои ахлоқӣ-фалсафӣ нигоштаи ӯ «Кадбону» (1908), «Бадбахт» (1913) ҳамин гуна хусусиятро дороянд. Солҳои 40–50 асри 20 бештар мазҳакаҳои дилхушкунанда эҷод намудааст. Дар соҳаи адабиёт сазовори Мукофоти Нобел гаштааст (1922).
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118655280 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 LIBRIS — 2012.
- ↑ 3.0 3.1 идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
Сарчашма[вироиш]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Мадрид
- Википедия:Мақолаҳои бо сарчашма аз Викидода
- Фавтидагони Испания
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Адибон аз рӯи алифбо
- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
- Санъат